МУРОҶИАТ БОБАТИ ТАЪМИН КАРДАНИ РИОЯИ ҚОИДАҲОИ МУҚАРРАРШУДАИ КАРАНТИН БА МУНОСИБАТИ КОРОНАВИРУС

Яке аз шартҳои асосии пешгирии паҳншавии коронавирус риояи қатъӣ ва бечунучарои қоидаҳои карантин ба шумор меравад.

Яке аз шартҳои асосии пешгирии паҳншавии коронавирус риояи қатъӣ ва бечунучарои қоидаҳои карантин ба шумор меравад.
Ба ин муносибат аз шаҳрвандон, мусофирони аз хориҷа омада, созмон ва муассисаҳо, субъектҳои соҳибкорӣ, ки дар фаъолияти онҳо маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шудаанд, ҳамчунин тамоми сокинон ва мансабдороне, ки ин маҳдудиятҳо барои онҳо амалӣ мешаванд, хоҳиш карда мешавад, ки ба қоида ва талаботи карантини аз ҷониби давлат муқарраргардида, бечунучаро риоя кунанд. 
Бо вуҷуди корҳои васеъмиқёси маънидодкунӣ ва чораҳои дар ин вазъияти мураккаб андешидашуда, аз ҷумла дар минтақаҳои ҷумҳурӣ таъҷилан фароҳам овардани шароит барои ҳамватанону шахсони аз хориҷа омада, дирӯз аз минтақаи карантини вилояти Самарқанд ду нафар шаҳрванд фирор кардаанд. 
Онҳо бо ин кирдори бемасъулиятонаи худ шаҳрвандони дигари  ҷумҳурӣ ва наздикони худро дар хавф гузоштаанд ва бо ин қонунҳои Ӯзбекистонро дағалона вайрон кардаанд. Дар ҳоли ҳозир ин шаҳрвандон боздошта ва ҳабс карда шуданд. Нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ кушода шуд.
Бинобар ин тамоми табақаҳои аҳолиро бори дигар огоҳ мекунем ва хотиррасон менамоем, ки шумо бо кирдори худ метавонед нафақат ба хеш, балки ба аъзои оилаатон ва халқи мо зарар расонед. 
Барои вайрон кардани ҳуҷҷатҳои қонунгузории оид ба санитария ё худ мубориза бо эпидемия дар қонунгузории Ӯзбекистон чораҳои қатъии ҷавобгарӣ пешбинӣ шудаанд. 
Мувофиқи Кодекси ҷиноӣ барои чунин қонунвайронкунӣ ҳукми ҳабси то ҳаштсоларо гирифтан мумкин аст.
Барои пешгирӣ кардани паҳншавии васеи вирус шаҳрвандон бояд то қадри имкон ба ҷойҳои ҷамъиятӣ нараванд, ҳаракатро қатъиян кам кунанд ва умуман ба фосилаи нигоҳдорӣ аз анҷуман  риоя намоянд. 
Шаҳрвандони муҳтарам, танҳо бинобар риоя кардан ба тамоми қоида ва маҳдудиятҳои муқарраршуда, қатъиян иҷро кардани талаботи ташкилотҳои дахлдор муборизаи мо бо вирус, ки ҳоло дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст, натиҷаҳои мусбат хоҳад дод. Ҳамаи шуморо ба ин даъват менамоем.
Роҳбарон ва ходимони созмонҳои дахлдору ваколатдор, мақомоти ҳуқуқу тартибот, дар навбати худ, барои таъминоти 24-соатаи риоя гардидани талаботи вобаста ба карантин ҷавобгарии шахсӣ доранд. 

Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба таҳияи Барномаи чораҳо бинобар пешгирӣ аз  овардан ва паҳн кардани коронавирус дар Ҷумҳурии
 Ӯзбекистон.
(ӮзА).  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: