МУРОҶИАТИ АҲОЛӢ АЗ ЭЪТИБОР ДУР НАМОНД

Солҳои пеш қисми зиёди муроҷиати шаҳрвандон новобаста аз он ки ба кадом идора, ташкилот ё корхонаву коргоҳ буд, ҳалли худро намеёфт.

Ё худ барои муроҷиат ва ҳаллу фасли он бисёр вақт, ҳатто солҳо сарф мегардид. Ҳоло бошад, бинобар ба ғояи Президент Шавкат Мирзиёев “Халқ ба мақомоти давлатӣ не, балки мақомоти давлатӣ бояд ба халқ хидмат намояд” масъала ранги дигар гирифтааст.
Яъне акнун ҳар як шаҳрванд метавонад ба ин ё он муаммову масъала ба “Қабулгоҳи халқӣ” муроҷиат кунад.
Алҳол нафақат роҳбарони корхона ва муассисаҳо, ҳатто ҳокимони ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо низ мувофиқи секторҳо ба маҳалҳо рафта, бо аҳолӣ мулоқот мекунанд, қабулҳои сайёр ташкил менамоянд ва дар ҳаллу фасли муаммоҳои аҳолӣ саҳм мегиранд.
Қабули сайёри навбатии ҳокими вилояти Сирдарё Акмалҷон Маҳмудалиев  дар маҳаллаи Бахмалсойи ноҳияи Сайҳунобод баргузор гардид. Ҷамъомадагон ба ҳоким бо беш аз сад масъалаву муаммо ва таклифу пешниҳодҳо муроҷиат карданд.
Қисми асосии муаммоҳои онҳо чун ҳарвақт оид ба кумакпулӣ, нафақа, хонаву ҷой, вомҳои имтиёзнок, таъминоти газу барқ, мумфарш кардани роҳҳо ва дар бораи беҳбудии саломатии худ буд.
Дар қабули сайёр бошандаи маҳаллаи Бахмалсой Нозима Ҳасанова ба роҳбари вилоят барои кумак ба сиҳатии фарзандаш муроҷиат кард. Аз тарафи ҳокими вилоят барои беҳбудии кӯдак тамоми хароҷот ба дӯши мутасаддиён гузошта шуд.
Баробари фаро расидани зимистон мушкилоти таъминоти гази табиӣ ва энергия зиёд мешавад. Дар ин ҷода барои иҷрои муроҷиати як гурӯҳ истиқоматкунандагони маҳаллаи мазкур барои бартараф кардани ин масъала роҳбари вилоят ба ҳокимияти ноҳия вазифаҳои мушаххас дод.
Бошандаи маҳалла Насиба Иброҳимова бо арзи ба кор таъмин шудан муроҷиат кард. Муроҷиати Ҳасан Ҳамроев низ оид ба ин масъала буд. Муроҷиати ҳар ду дар ҷояш ҳаллу фасл гардид.
Фаррух Соҳибов хоҳиш кард, ки барои сохтмони корхонаи дорусозӣ аз бонк воми имтиёзнок гирад. Роҳбари вилоят ба дӯши мутасаддиён барои ҳалли муроҷиати ӯ вазифаҳо гузошт.
Дар қабули сайёр қисми зиёди муроҷиатҳо ҳалли худро ёфт.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: