МУРОҶИАТИ ГУРӮҲИ ОМӮЗГОРОН ВА МУРАББИЁН БА СОКИНОНИ ШАҲРИ ТОШКАНД

Сокинони азизи пойтахт, падару модарони муҳтарам!

Алҳол дар Ватани азизи мо – Ӯзбекистон дигаргуниҳои бузург ба вуқӯъ мепайванданд.
Ислоҳоти васеъмиқёси демократӣ, ки таҳти роҳбарии Президенти мамлакат, муҳтарам Шавкат Мирамонович Мирзиёев татбиқ мегарданд, тамоми соҳаҳои ҳаёти моро бо рӯҳи навсозӣ ва пешрафт саршор мекунанд. Аз ҳама муҳимаш, эътимоди халқи мо ба нерӯ ва имкониятҳои худ, ба фардо меафзояд.
Ҳамаи мо медонем, ки замони мураккаб ва зудгузари ҳолоина дар наздамон чӣ гуна мушкилоти ҷиддӣ ва рӯзмарра мегузорад. Бахусус имрӯз дар Ӯзбекистони Нав, ки дилпурона бо роҳи ташаккул додани пойгоҳи Эҳёи Сеюм меравад, дар назди низоми таълим вазифаҳои куллан наву ҷиддӣ қарор доранд. Барои муваффақ шудан ба ин ҳадафҳои олӣ, пеш аз ҳама, кадрҳои баландихтисос – устодони воқеии касби худ, инсонҳои фидокор, онҳое заруранд, ки ба мамлакат ва халқи хеш содиқ мебошанд.
Барои татбиқ намудани ин вазифаҳо, пеш аз ҳама, таълим ва тарбияи босифат лозим аст. Ҳоли ҳозир ин вазифа кори аз ҳама муҳим ва ифтихориест, ки тақдир ва ояндаи кишвари мо, тамоми моро муайян месозад.
Бинобар ҳамин ҳам Президент дар Муроҷиатномааш ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон соли 2023-ро дар мамлакати мо – Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат эълон кард.
Мо, омӯзгорон ва мураббиён, ки ҳаёти худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидаем, инро ба сифати ифодаи амалии эътибори бузург ба пешрафти соҳа қабул мекунем.
Дар ҷараёни мулоқоти кушоде, ки ба наздикӣ дар пойтахт бо омӯзгорону мураббиён ба вуқӯъ пайваст, мо бори дигар муҳимияти вазифаҳои ба зиммаи мо гузошташударо амиқ дарк намудем.
Моро бахусус суханони роҳбари давлат дар бораи зарурати дар Сарқонуни мамлакат баланд бардоштан ва сабт намудани мақоми омӯзгор ва мураббӣ, даъвати ӯ «Касби омӯзгор бояд дар ҷомеаи мо пешаи бонуфузтарин бошад» рӯҳбаланд кард, нирӯ ва қувва бахшид. Ба омӯзгорон ва мураббиёни Ӯзбекистон ҳеч гоҳ чунин эътибори бузург дода ва ин қадар шароитҳои мусоид фароҳам оварда нашудааст.
Дар Тошканд солҳои охир бисёр мактабҳо симои куллан нав гирифтанд. Барои беҳбуди кори муаллимон имкониятҳои нав фароҳам оварда мешаванд. Ташаббус бобати аз соли таҳсили оянда дар тамоми мактабҳо ба роҳ мондани хӯроки бепул барои толибилмони синфҳои ибтидоӣ низ шаҳодат медиҳад, ки таъмин сохтани шаъну шарафи инсон аз мактаб, аз низоми таълим оғоз меёбад.
Чунин дигаргуниҳои бузурги мусбат тамоми мамлакати моро фаро мегиранд.
Бидуни шубҳа, дар замони мураккаби кунунӣ, дар замоне, ки дар олам буҳрони амиқ идома дорад, ҷудо кардани чунин маблағҳои бузург барои соҳаи таълим осон нест. Вале ҳар қадар душвор бошад ҳам, Президенти кишвар бо назардошти тақдир ва ояндаи халқ, фардои фарзандон барои пешбурди соҳа тамоми имкониятҳоро фароҳам меоварад.
Мо, кормандони соҳаи таълим, ҷавобан ба ин ғамхорӣ, бо дарки он, ки ҳар як кӯдак сарвати бебаҳои мамлакат буда,  фарзанди мост, тайёрем тамоми донишу имконият, нирӯ ва ғайрати худро барои тарбияи фарзандони кунунӣ, созандагони Ӯзбекистони Нав сафарбар намоем.
Падару модарони азиз!
Ҳамаи мо хуб идрок мекунем, ки баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ба насли наврас фароҳам овардани имконияти дар мактаб аз худ намудани на камтар аз ду забони хориҷӣ, асосҳои саводи компутерӣ ва касбу ҳунар аз тамоми мо муттаҳид сохтани саъю кӯшиш ва ҳамҷиҳатона амал намуданро тақозо доранд.
Барои писарон ва духтарон, ҳангоми муайян сохтани роҳи ҳаёти онҳо, бахусус соли хатм, синфи 11-уми мактаб аҳамияти бағоят муҳим дорад.
Бояд дар хотир дошт, ки дар масъалаи мазкур баробари кори омӯзгорон вазифа ва ӯҳдадориҳои падару модарон нақши бағоят бузург мебозад. Дини муқаддаси мо – ислом бар он аст, ки вазифаи аввалиндараҷаи падару модарон ба фарзандони хеш таълиму тарбияи хуб додан мебошад.
Бинобар ҳамин ҳам мо бояд ҳамкории тарафайни байни волидайн ва омӯзгоронро пурзӯр намоем. Тарбияи духтарон, ки дар оянда худашон бояд насли нав, шахсиятҳои дорои дониш ва касбҳои замонавӣ, соҳиби ҷаҳонбинии васеъро тарбия кунанд, вазифаи муҳимтарин аст.
Хулоса, дар замони муташанниҷи кунунӣ, ҳангоме ки нирӯҳои мухталифи вайронкор беш аз пеш саъй менамоянд, ки шуури одамон, пеш аз ҳама насли наврасро забт намоянд, мо ҳақ надорем, ки дар соҳаи бағоят муҳим чун таълим ва тарбия ба лоқайдӣ роҳ диҳем.
Ба сифати ватандӯстони ҳақиқӣ ташаккул додани писарону духтарони мо, ки ҷараёнҳои мусбати дар мамлакат ба миёномадаистода, ба куллан тағйир додан ва нав кардани онҳо баҳои баланд медиҳанд ва фаъолона иштирок мекунанд, бояд нафақат орзуву омоли тамоми падару модарон, балки вазифаи амалии онҳо гарданд.
Мо ҳамеша бояд дар хотир дошта бошем: тарбия – пеш аз ҳама, таълими кӯдак бо кумаки меҳру муҳаббат, эътибору ғамхорӣ ба даст меояд.
Бо назардошти ин ба мақсади ташаккул додани насли наврас дар рӯҳи эътиқод ба Ватан, эҳтиром ба суннатҳои миллӣ ва умумиинсонӣ мо бояд амалан ҳамкории мактаб – оила – маҳалларо ба роҳ монем.
Агар мо масъулияти худро дар назди халқ ва Ватан амиқ дарк намуда, ҳамҷиҳатона амал кунем, бидуни шак, низоми таълими миллӣ ва тарбияро ба дараҷаи сифатан нав бардошта метавонем, ба ҳадафҳои дар пеши худ гузошта муваффақ мешавем.
Ҳамватанони азиз!
Алҳол мо гаштаву баргашта ба заковати гузаштагони бузургамон – маорифпарвароне, ки фармудаанд: «Калиди пешрафт дар таълим, тарбия ва дониш дар дасти омӯзгор аст».
Аз ҳама муҳимаш, барои он ки ин суханон, ки таҷассуми орзуву омоли ҳар як падару модарасту саъю кӯшиши тамоми халқи моро ифода мекунад, бояд ба ғояи ҳаёти мо, маҳаки муҳимтарини фаъолияти мо табдил ёбанд.
Агар мо тамоми нирӯ, дониш ва таҷрибаи худро ба татбиқ сохтани стратегияи Президентамон дар соҳаи таълиму тарбия равона созем, дар ин кори хайр саҳми муносиб гузорем, метавонем бо эътимод бигӯем, ки вазифаи худро дар назди гузаштагони бузург ва насли оянда иҷро кардаем.

Омӯзгорон ва 
мураббиёни шаҳри Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: