МУРОҶИАТИ КОРМАНДОНИ ХОҶАГИҲОИ ФЕРМЕРИИ ПАХТАКОРӢ ВА КЛАСТЕРҲОИ ВИЛОЯТИ СИРДАРЁ БА ФЕРМЕРОН ВА ДЕҲҚОНОНИ МАМЛАКАТИ МО

Дӯстони азиз!

Президенти муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев ҳангоми сафараш ба вилояти мо, ки 18 июли соли 2019 ба вуқӯъ пайваст,  саҳроҳои пахтаро тамошо кард ва бо ривоҷёбии пахта аз наздик шинос шуд. 
Роҳбари  давлат дар мулоқот бо мо, фермерон, вазифаҳои пешистодаро оид ба ҷамъбасти бомуваффақияти мавсими пахтакорӣ  махсус таъкид намуд ва бинобар иҷрои онҳо супоришҳои мушаххас дод.
Суханони Президент: «Бовар дорам, ки фермерони моҳир ва қатъии сирдарёӣ, ки дар офтоби дашт ва санҷишҳои ҳаёт обу тоб ёфтаанд, бобати парвариши пахта 40-рӯзаи зарбдор эълон карда, дар ин вақт ғайрати худро дареғ надоштаву сидқидилона кор карда, бешубҳа, собит месозанд, ки комёбии вилоят дар ғаллапарварӣ тасодуфӣ набуд. Деҳқонони шарафманди воҳа қодиранд, ки дар хоҷагии қишлоқ ҳосили фаровон рӯёнанд ва даромади зиёд гиранд, хушу хуррам ва серу пур зиндагӣ кунанд. Ман ба ин имрӯз, баъди дидани дар саҳроҳо чи гуна хуб расидани пахта ҳамаҷониба бовар кардам», – моро беш аз пеш рӯҳбаланд кард. Ин суханон ба мо дастуруламал хоҳанд шуд. 
Воқеан, мавсими имсола барои аз пахта ҳосили фаровон ба даст овардан мусоид мебошад, Шароитҳое, ки барои баланд бардоштани ҳавасмандгардонии моддии кормандони хоҷагии қишлоқ, саривақт ва босифат гузаронидани чорабиниҳои агротехникии  парвариши пахта, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, ки аз ҷониби давлат фароҳам оварда мешаванд, ҳамаи ин ба мо, фермерон ва деҳқонон нирӯ ва ғайрати бештар мебахшанд.
Он чиз муҳим аст, ки нархи хариди пахта нисбат ба соли гузашта 1,3 баробар зиёд гардид ва арзиши 1 тонна пахта дар ҳаҷми 4 миллион сӯм муайян шуд, вомҳои имтиёзнок ҷудо карда, нуриҳои минералӣ ва маводи сӯзишвориву молиданӣ сари вақт расонда дода мешаванд.
Ғайр аз ин, бо назардошти дар соли равон зиёд гардидани миқдори ҳашароти зараррасон барои мубориза бо онҳо аз буҷаи ҷумҳурӣ ба сифати дотатсия 120 миллиард сӯм, аз ҷумла барои фермерони вилояти Сирдарё 10,5 миллиард сӯм ҷудо гардид. 
Он чиз омили муҳими рағбатноксозӣ мебошад, ки соли равон ба фермероне, ки дар пахтакорӣ технологияи обёрии қатравиро ҷорӣ намудаанд, аз буҷаи давлат дар ҳаҷми 8 миллион сӯм барои ҳар гектар замин субсидияҳо ҷудо карда мешаванд.
Боз як таҷассуми амалии эътиборро, ки ба соҳа дода шудааст, бояд қайд кард. Инак, аллакай ду сол боз пардохт барои энергияи электр, ки дастгоҳҳои насосӣ истифода мебаранду ба хоҷагиҳои фермериву иттиҳодияҳои истифодабарандагони об тааллуқ доранд, аз ҳисоби субсидияҳои буҷаи давлатӣ сарпӯш карда мешаванд. 
Яке аз навгониҳои муҳими соҳаи пахтакорӣ тӯли солҳои охир таъсис додани кластерҳои пахтаву бофандагӣ гардиданд, ки бояд маҳсулоти рақобатбардори дорои арзиши иловагиро истеҳсол кунанд.
Соли равон дар 38 ҳазор гектар майдони вилояти мо, ки 52 фоизи тамоми майдонҳои пахтаро ташкил медиҳанд, 5 корхонаи замонавии кластерӣ фаъолият мебаранд. Аз ҷониби онҳо беш аз 350 адад техникаҳои нави кишоварзӣ харид шуданд, ки имкон доданд, кишти пахта дар тӯли 10-12 рӯзи корӣ анҷом ёбад. 
Боз як махсусияти муҳими ин ислоҳот аз он иборат аст, ки мутахассисони ботаҷрибаи кластерҳо ҳамеша дар паҳлӯи мо мебошанд ва пас аз коштани тухмӣ бобати саривақт гузаронидани тамоми чорабиниҳои агротехникии вобаста ба парвариши пахта кӯмак мерасонанд.
Эътибор ва ғамхории азиме, ки сарвари давлат ба мо, фермерон ва деҳқонон медиҳад, баҳои баланди ӯ ба меҳнати хоксоронаамон моро хурсанд мекунад ва эҳсоси ифтихор мебахшад, эътимодамонро ба нирӯи худ пурзӯр менамояд, баробари ин масъулиятамонро бештар месозад.
Ҳамаи мо, албатта хуб, дарк менамоем, ки ин масъулият аз мо меҳнати беш аз пеш самарабахшро тақозо дорад, то ки ӯҳдадориҳои шартномавии оид ба пахтапарварӣ ба зиммаи худ гирифтаро, тавре ки дар соҳаҳои дигари кишоварзӣ буд, шарафмандона иҷро кунем. 
Ҳамаи мо ин ҳақиқатро, махсусан дар ин рӯзҳо, ки барои тақдири ҳосили имсола ҳалкунанда мебошанд, амиқ дарк менамоем.
Воқеан, тамоми фермерон ва деҳқонон, чун ҳамаи кормандон, шахсони масъули хоҷагии қишлоқ, обронҳо ва механизаторон, мутахассисони соҳаи аграрӣ бояд масъулияти дучандонро эҳсос намоем, шабу рӯз дар саҳро бошем, ҳамҷиҳатона кор кунем ва имсол аз пахта, чунонки аз ғалла гирифтем, ҳосили фаровон рӯёнему даромади баланд ба даст оварем.
Фермерон ва деҳқонони ботаҷрибаи мо хеле хуб медонанд, ки давраи аз июл то моҳи август, ки пахта зуд инкишоф меёбад, ё худ, тавре ки деҳқонон мегӯянд, шабу рӯз қувват мегирад, ҳосил меғундорад, давраи муҳимтарин ба шумор меравад, ҳамчунин бояд чорабиниҳои агротехникӣ низ дар ҳамин айём иҷро шаванд. 
Фермерони вилояти мо, ки ҳамаи инро хуб идрок менамоянд, муоҳидаҳои ба имзорасидаро бинобар ҳосили пахтаи соли 2019-ум таҷдиди назар карданд. Дар натиҷаи ин 1474 хоҷагии фермерӣ ба шартномаҳои нав имзо монданд ва дар назди худ вазифа гузоштанд, ки аз ҳар гектар ба ҷойи 26,7 сентнерӣ: 282 хоҷагӣ – 40 сентнерӣ, 897 хоҷагӣ — 35 сентнерӣ, 295 хоҷагӣ  — 30 сентнерӣ ҳосил гиранд, ҳамчунин қарор доданд, ки нақшаи шартномавиро бинобар тайёркунии пахта дар вилоят пеш аз муҳлат иҷро намоянд.
Фермерон ва деҳқонони муҳтарам!
Мо, фермерон ва деҳқонони сирдарёӣ, кормандони кластерҳои пахтапарварӣ пешниҳод менамоем, ки ҳар як дақиқаи ин рӯзҳоро, ки барои инкишофи пахта бағоят муҳим мебошад, қадр кунем ва давраи аз 20 июл то 30 августро дар саросари кишвар «Чиҳилрӯзаи зарбдори ғункунии ҳосили кафолатноки пахта» эълон намоем. 
Дар ин давраи зарбдор мо эътибори ҷиддӣ доданро ба иҷрои чорабиниҳои зерин зарур мешуморем.
Якум, бо назардошти талаботи кунунӣ корҳои ташкилиро бояд аз нав, ҷиддӣ ба нақша бигирем.
Дуюм, ба истифодаи комёбиҳои ҳозиразамони илм, агротехнологияҳои инноватсионӣ, бо такя ба таҷрибаи бисёрсолаву ғании деҳқононамон эътибори махсус диҳем.
Пӯшида нест, ки оқибатҳои манфии тағйироти ҷаҳонии иқлим дар солҳои охир дар мамлакати мо низ ҳис карда мешавад. Аз 11 июл дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ обу ҳавои хушк ва гарм боқӣ мемонад. Ҳарорат аз меъёри миёнаи солҳои гузашта 5-7 дараҷа зиёдтар мешавад. 
Ин вазъият аз ҳамаи мо фидокории беш аз пешро тақозо дорад. Мо бояд нозу нузи табиатро бо дониш, маҳорат ва таҷрибаи худ бартараф намоем, бо комёбиҳои соли гузашта маҳдуд нашавем, барои забти қуллаҳои баландтар саъй кунем.
Биёед дар ин рӯзҳо миқдори обронҳоро зиёд кунем, барои онҳо тамоми шароити заруриро фароҳам оварем ва обёрии босифати шабонарӯзии пахтаро таъмин намоем. 
Халқи мо мефармояд: «Қадри зар заргар бидонад, қадри обро – оброн». Биёед, ба ин ҳикмати оқилона пайравӣ кунем, ҳар қатраи обро қадр намоем, пахтаро танҳо шабона, бинобар низоми дақиқ муайяншуда, бо усули шарбат обёрӣ кунем ва аз пайи он бошем, ки замини пояи пахта ҳамеша намнок бошад. 
Сеюм, истифодаи култиваторҳоро бинобар отрядҳо ва банавбат, онҳоро аз пахтазор набароварда, ба роҳ монем, мунтазам коркарди «нарм»-и заминҳоро, ҳангоме ки онҳо пас аз обёрӣ тайёр мешаванд, татбиқ кунем.
Чаҳорум, чеканкаи пахтаро то 25 июл куллан анҷом диҳем, муборизаро бо ҳашароти зараррасон дар пояи муносибати маҷмӯӣ идома дода, ба коркарди пахта бо воситаҳои махсус эътибор зоҳир намоем, ин чорабиниҳоро дар соатҳои салқини рӯз татбиқ кунем.
Умуман алҳол, ки табиат устуворӣ, сабру тоқат, донишу таҷрибаи деҳқонони ӯзбекистониро бори  дигар имтиҳон мекунад, мо ҳама бояд дӯш бар дӯш кор карда, чорабиниҳои муҳими агротехникиро саривақту босифат иҷро кунем ва тамоми саъю кӯшиши худро ба рӯёндани ҳосили баланди пахта сафарбар намоем.
Ҳамватанони азиз, фермерони муҳтарам!
Мо лаҳзае ҳам набояд фаромӯш кунем, алҳол халқамон, ки моро бо эҳтиром, «ризқофарандагон» меномад, аз қатъият, мардонагӣ ва рӯҳбаландии мо умедҳои зиёд дорад. 
Фаровонӣ дар хонаҳои мо, сериву пурӣ ва нархҳои арзон дар бозорҳо, некӯҳолии ҳаётамон аз меҳнати фидокоронаи мо вобаста мебошад. Зеро алҳол пахтапарварӣ нафақат дар рушди саноати ватанӣ, балки бобати таъмин кардани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати хурокворӣ низ нақши бемислу беназир дорад. Набояд фаромӯш кунем, ки соҳаи мазкур бинобар сарпур сохтани бозорҳои мо аз маҳсулот, аз ҷумла гӯшт, шир, мурғ низ дорои мақоми муҳим мебошад.
Мо ҳамаи шуморо даъват менамоем, ки ба эътимоди баланди Президентамон сазовор гардем, бовиҷдонона ва фидокорона кор кунем, то  ба шукуфоии мамлакат ва фаровонҳолии халқ саҳми муносиб гузорем!   
Ба ҳамаи шумо саломатии мустаҳкам, дар фаъолияти некатон комёбиҳо орзу менамоем. Бигузор дар мавсими имсола ба мо бахти баланд бардоштани хирмани пахта ва шарафмандона иҷро кардани қавли ба халқамон дода муяссар гардад. 

Фермерон ва деҳқонони Сирдарё

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: