МУРОҶИАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БА ОЛИЙ МАҶЛИС

Депутат ва сенаторони муҳтарам!

Депутат ва сенаторони муҳтарам!
Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони муҳтарам!
Хонумон ва ҷанобон!
Муроҷиат ба Олий Маҷлис ва мардуми Ӯзбекистон имсол дар тафовут аз солҳои пешин дар вазъияти хеле мураккаб ирсол мегардад.
Ба мо хуб маълум аст, ки имрӯз тамоми инсоният буҳрони ҷаҳониро ба иллати пандемияи коронавирус аз сар мегузаронад. Ин дар сад соли охир дар миқёси ҷаҳон даҳшати аз ҳама бузург мебошад.
Аз рӯи маълумотҳои охир беш аз 81 миллион нафар дар 191 мамлакат аз инфексияи коронавирус бемор гардида, 1 миллиону 765 ҳазори онҳо вафот кардаанд. Пандемия ба иқтисодиёти ҷаҳон дар ҳадде зарар мерасонад, ки эътибор диҳед, – моҳе 400 миллиард долларро ташкил медиҳад. То ҳанӯз дар тамоми ҷаҳон 500 миллион ҷойи кор аз даст дода шудааст.
Мутаассифона, ин ҳуҷум дар қатори тамоми инсоният ба мардуми мо низ мушкилоти ғайричашмдошт ва мураккаб овард. Гузашта аз ин, барои мамлакат боз як озмоиш ҳаводиси табиӣ ва даҳшати техногенӣ дар Бухоро ва Сардоба гардиданд.
Ба шарофати иродаи қатъӣ, меҳнати шуҷоатнок ва истодагарии халқамон, кӯшиши ҳамҷиҳатонаи аҳолӣ ва мақомоти давлатӣ мо тамоми ин озмоишро паси сар менамоем.
Аз аввалин рӯзҳои пандемия тамоми низоми идорӣ,  муассисаҳои тиббӣ ба низоми кори фавқулодда гузаронда шуданд.
Дар муддати кӯтоҳ дар шаҳри Тошканд ва вилоятҳо қариб 30 ҳазор кати  табобатӣ ташкил карда шуд. Муассисаҳои тиббӣ бо дорувории зарурӣ, воситаҳои ҳимояи замонавӣ ва ташхискунанда таъмин карда шуданд. Ба мубориза бар зидди пандемия беш аз 200 ҳазор нафар ходими тиббӣ ва ҳамчунин 150 духтур ва мутахассисони баландмалакаи хориҷӣ ҷалб карда шуданд.
Ба мамлакат беш аз 600 ҳазор нафар ҳамватанон баргардонда шуданд. Қариб ба 100 ҳазор нафар шаҳрвандонамон, ки дар хориҷ дар вазъияти мураккаби ҳаёт қарор гирифтанд, кӯмак ташкил карда шуд.
Барои нармсозӣ ва бартараф намудани оқибатҳои пандемия давлат чорабиниҳои маҷмӯиро ба миқдори умумии 82 триллион сӯм харҷ намуд. Аз он ҷумла, Фонди зиддибуҳронӣ таъсис дода, аз буҷет беш аз 16 триллион сӯм барои чорабиниҳо бар зидди коронавирус, дастгирии аҳолӣ ва аҳли тиҷорат ҷудо карда шуд.
Ҳамзамон ба корхонаҳои давлатӣ ва беш аз 500 ҳазор воҳиди соҳибкорӣ ҳамдастии амалӣ зоҳир намуда, инчунин ба 8 миллион шаҳрванд дар шакли имтиёзоти андоз, ба таъхир андохтани баргардондани кредит ва кӯмаки молиявӣ ба миқдори 66 триллион сӯм дода шуд.
Дар доираи ҳаракати миллии «Саховат ва дастгирӣ» бо иштироки фаъолонаи ҳамватанони ҳимматбаландамон беш аз 800 оилаи камтаъмин мадади моддиро дар миқдори беш аз 1 триллион сӯм ба даст оварданд.
Чорабиниҳои низомноке, ки мо таъҷилан ва саривақтӣ андешидем, имкон надод, ки ин бемории хатарнок васеъ паҳн гардад. Дар мамлакатамон ҳаёти осуда ва рушди суботноки иқтисодӣ давом дорад.
Аз таҳти дил бори дигар самимона аз халқи устувор ва шарафманд, ки ин талаботи карантинро дуруст дарк намуд, инчунин аз ходимони содиқи соҳаи тиббиёт, ки мардонавор ҷони худро дареғ надошта, қарзашонро адо намуданд, аз тамоми соҳибкорон ва шаҳрвандон, ки дар ҳаракати умумихалқии «Саховат ва дастгирӣ» муносиб иштирок намуданд, миннатдорам.
Ба роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид, Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ, институтҳои молиявии байналхалқӣ, ба сарони давлатҳои Русия, Чин, ИМА, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Олмон ва дигар мамлакатҳо барои кӯмаки амалӣ дар мубориза бар зидди пандемия миннатдории самимӣ изҳор менамоям.
Ман аз он қаноатмандӣ ҳосил менамоям, ки ба сафирони муҳтарами мамлакатҳои хориҷӣ ва намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ, ки дар мустаҳкам намудани дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо мамлакатамон саҳми муносиб мегузоранд, миннатдории худро баён намоям.
Муҳтарам аъзои парлумон!
Дӯстони азиз!
Имсол бинобар Барномаи давлатии «Соли инкишофи илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ» мо ислоҳотро дар тамоми соҳаҳо бо қатъият идома додем, ки барои сохтмони Ӯзбекистони нав нигаронда шудааст.
Бинобар баҳои Фонди асъори байналхалқӣ ва агентиҳои байналхалқии рейтингӣ, Ӯзбекистон дар байни теъдоди ками давлатҳое, ки сарфи назар аз озмоишҳои соли ҷорӣ тавонист суръати мусбии инкишофи иқтисодиро таъмин намояд, вуҷуд дорад.
Дар ҳамкории наздик бо Иттиҳоди Аврупо қадамҳои муҳим дар бобати дар мамлакатамон ҷорӣ намудани низоми  преференсияи савдои доманадори «GSP+»  гузошта шуд. Низоми мазкур дар оянда имкон медиҳад, ки ба бозори Аврупо маҳсулоти ватанӣ бидуни боҷ дар номгӯйи беш аз 6 ҳазор дохил карда шавад. Танҳо дар соҳаи бофандагӣ ин имкон медиҳад, ки содироти маҳсулот қариб соле то 300 миллион доллар афзуда шавад.
Соли ҷорӣ дастрасӣ ба бозорҳои молиявии байналхалқӣ васеъ гардида, бори аввал аз рӯи ставкаҳои начандон баланди фоизии еврооблигатсияҳои давлатӣ дар асъори миллӣ ба миқдори 2 триллион сӯм ҷойгир карда шуд.
Имсол дар мамлакат 195 корхонаи бузург, ҳазорҳо корхонаҳои хурд ва миёна ва объектҳои инфрасохтор сохта шуданд. Аз он ҷумла, маҷмӯа оид ба истеҳсоли аммиак ва карбомид ва корхонаи тавлиди кислотаи нитрат дар ҶС «Навоиазот», дастгоҳҳо оид ба истеҳсоли гази моеъ дар корхонаҳои истихроҷи нафти Муборак, Газлӣ ва Шӯртан, Заводи металлургии Тошканд ба кор андохта шуданд.
Дар сектори энергетикӣ сохтмони 6 нирӯгоҳи барқии нав дар асоси шарикии давлативу хусусӣ бо сармоягузорони хориҷӣ оғоз ёфт. Арзиши умумии онҳо 2 миллиард доллар, иқтидори умумиашон 2700 мегаватт аст.
Дар Тошканд 2 истгоҳи нави метрополитен ва хати рӯизаминии метро дар тӯли 18 километр ба баҳрабардорӣ супурда шуд.
Ислоҳот дар хоҷагии қишлоқ, ба дасти кластерҳо ва кооператсияҳо додани майдонҳои замин имкон дод, ки дар як сол ҳосилнокии пахта ба ҳисоби миёна 10 фоиз зиёд гардад. Қариб 500 кластер ва кооператсия дар парвариши меваву сабзавот, ғалладона ва чорводорӣ ба вуҷуд оварда шуданд. Дар натиҷа, сарфи назар аз таъсири манфии пандемия, мева ва сабзавот ба миқдори 1 миллиард доллар содир карда шуд.
Соли ҷорӣ 91 ҳазор гектар замин дубора ба кор андохта шуд. Технологияи сарфакунандаи об дар 133 ҳазор гектар замин татбиқ гардид, ки ин нисбат ба соли гузашта 2 баробар зиёд аст.
Бо мақсади дастгирии васеи соҳибкорӣ бисёр имтиёзот ва преференсия пешниҳод гардид. Ба воҳидҳои соҳибкорӣ 100 триллион сӯм кредит - қариб 4 баробар бештар нисбат ба соли 2016 ҷудо карда шуд.
Соли 2020 бемуҳобот дар соҳаи ҳимояи иҷтимоӣ гардиши куллӣ ба вуҷуд овард.
Пеш аз ҳама, бори нахуст қишри алоҳидаи аҳолӣ чун камбағал шумурда шуда, мо дар бобати кам кардани он кори зиёдро оғоз кардем. Кори амалан нави манзилӣ бо оилаҳо, занон ва ҷавонони камтаъмин дар тамоми ноҳияву шаҳрҳо, дар ҳар як маҳалла ба амал татбиқ гардид. Дар муддати кӯтоҳ ба туфайли ин низом 527 ҳазор нафар бо кор таъмин карда шуданд.
Ғайр аз ин аз ҳисоби пешниҳод намудани имтиёзоти андоз ба аҳолии хонакор ва аз байн бурдани бисёр маҳдудиятҳо фаъолияти меҳнатии 500 ҳазор нафар қонунӣ гардонда шуд.
Ҷудо намудани 300 миллиард сӯм кредити имтиёзнок ва субсид барои рушди хоҷагии деҳқонӣ ва қитъаҳои назди ҳавлӣ оғози самти нави дастгирии иҷтимоии аҳолии деҳот гардид.
Беш аз 500 ширкати замонавӣ дар IT-паркҳо ба кор шурӯъ намуданд, ки дар вилоятҳои Тошканд, Андиҷон, Ҷиззах, Қашқадарё, Самарқанд, Сирдарё ва Фарғона ташкил гаштаанд.
Соли ҷорӣ барои беҳсозии оби ошомидании мутамарказ 3 триллион сӯм ихтисос ёфт, ки нисбат ба соли 2016 5 баробар зиёд аст. Дар натиҷа дараҷаи таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ба 73 фоиз расид.
Танҳо дар соли ҷорӣ таркиби баҳрамандшудагон аз кӯмаки иҷтимоӣ 2 баробар, то 1,2 миллион нафар афзуд. Барои дастгирии онҳо аз буҷет 5 баробар бештар маблағ дар муқоиса бо соли 2016 ҷудо карда шуда буд.
Фарогирии бачагони хурдсол бо таълими томактабӣ дар чор сол 2 баробар зиёд гардида, ба 60 фоиз расид. Миқдори кӯдакистонҳо 3 баробар афзуда, аз 14 ҳазор зиёд шуд.
Имсол андозаи қабул ба мактабҳои олии таълимӣ нисбат ба соли 2016 2,5 баробар афзуд, дараҷаи фарогирии ҷавонон бо маълумоти олӣ бошад, аз 9 то 25 фоиз зиёд гардид.
Бори нахуст қариб ҳазор нафар духтарон аз оилаҳои камтаъмин ба мактабҳои олии таълимӣ дар асоси грантҳои махсуси давлатӣ қабул гардиданд.
Дар Рейтинги байналхалқии маълумотҳои кушод Ӯзбекистон 125 сатр боло рафта, ҷойи 44-умро ишғол намуд. Омили муҳими ин ба амал татбиқ намудани амалиёти нашри нишондодҳо аз рӯи 20 самт дар соҳаи идории давлатӣ ва ҷамъиятӣ гардид.
Боз як эътирофи байналхалқии ислоҳоти мо дар Индекси озодии иқтисодиёт ба 26 сатр боло рафтани мамлакатамон гардид.
Дар соҳаи суду ҳуқуқ, инчунин либерализатсияи низоми ҷазои ҷиноӣ ислоҳот муттасил идома дорад. Дар натиҷа ба 74 фоизи маҳкумшудагон имсол ҷазоҳое муқаррар гардиданд, ки бо маҳрум намудан аз озодӣ алоқа надоштанд. 616 нафар, ки муддати ҷазоро мегузаштанд, ба роҳи ислоҳ қатъиян дохил шудаанд, авф гардиданд.
Танҳо ҳамин сол нисбати 719 шаҳрванд ҳукми сафедкунӣ содир гардид, ки ин натиҷаи таъмини истиқлолияти суд гардид.
Шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳар ҷо, ки набошанд, ҳуқуқи конститутсионии онҳо боваринок ҳимоя мегарданд. Ба амал овардани амалиёти «Меҳр-3» аз ин гувоҳӣ медиҳад, ки ба шарофати он боз 98 нафар шаҳрванд, асосан занон ва кӯдакон, ба мамлакатамон аз Сурия баргардонда шуданд.
Дар шароити мураккаби ҷараёнҳои геосиёсии ҷаҳон, пандемияи коронавирус ва буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ Ӯзбекистон сиёсати рӯшод ва прагматикии хориҷиро фаъолона пиёда менамояд. Дар натиҷаи кӯшишот ва амали қатъии мо нуфузи мамлакатамон дар арсаи байналхалқӣ меафзояд.
Бори аввал дар таърих Ӯзбекистон чун узви Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон интихоб гардид.
Ба қарибӣ аз рӯйхати мамлакатҳои «мушоҳидаи фавқулодда» хориҷ намудани Ӯзбекистон дар соҳаи озодии дин, инчунин аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА  эътироф намудани ислоҳоти ҷории демократии доманфарохамон ба шумор меравад.
Ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва минтақавии мо, ки аз минбари баланди Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид гуфта шуданд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон бо таваҷҷӯҳи зиёд пазируфта шуда, дастгирӣ ёфтанд.
Муҳтарам интихобкардагони халқ!
Ҳамватанони азиз!
Тавре ки шумо медонед, соли 2021-и омадаистода 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ҷашн мегирем.
Албатта, мо ҳамроҳи шумо, бо тамоми халқи худ ин санаи таърихиро дар асоси ғояи наҷиби «Мо дар Ӯзбекистони нав — кишвари озод ва шукуфон зиндагӣ мекунем!» ҷашн мегирем.
Имрӯз, мо нақшаҳо ва барномаҳои худро барои соли оянда муайян карда, албатта, ба рушди соҳаҳои муҳимтарин ва афзалиятнок, боз ҳам мустаҳкам намудани дастовардҳои худ дар солҳои истиқлолият диққати махсус медиҳем.
Бояд қайд кард, ки пандемия бори дигар нишон дод, ки ислоҳоти куллии системаи кӯмаки аввалияи нигаҳдории тандурустӣ, ёрии таъҷилӣ ва системаи санитарию эпидемиологӣ барои мо зарурати ҳаётӣ мебошад.
Мавҷи навбатии пандемия ва хавфҳои ба он алоқаманд, ки ҳоло дар дигар қисматҳои ҷаҳон мушоҳида мешаванд, аз ҳамаи мо талаб мекунад, ки ҳушёртар ва бодиққаттар бошем.
Аз ин рӯ, ба мо лозим аст, ки имконот ва потенсиали мавҷуда, таҷрибаи дар давраи пандемия андӯхта ва дастовардҳои пешрафтаи хориҷиро истифода бурда, ислоҳоти куллиро дар соҳаи ҳифз ва таҳкими саломатии аҳолӣ ба сатҳи нав бардорем.
Ҳамзамон, яке аз самтҳои афзалиятноки мо бояд васеъ паҳн кардани тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, алалхусус ҷавонон мебошад.
Умуман, нақши ҳалкунандаро дар пешрафти ҳар як ҷомеа рушди солим ва ҳамоҳанги насли ҷавон, ки ояндаи ин ҷомеа ба он вобастагӣ дорад, мебозад. Аз ин рӯ, дар масъалаҳои тавсеа ва афзоиши минбаъдаи самаранокии ислоҳоти худ мо ҷавонони серғайрат, ташаббускор, ҳамаҷониба рушдёфтаи дорои дониш ва малакаҳои муосирро такягоҳи худ мешуморем.
Мо дар назди худ як ҳадафи бузург — ташаккули заминаи Эҳёи нав дар кишварамонро гузоштем ва бо ин мақсад мо бояд барои тарбияи Хоразмӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Улуғбек, Навоӣ ва Бобурҳои нав муҳит ва шароит фароҳам оварем. Дар ин раванди таърихӣ муҳимтарин омилҳо, ҷузъи ҷудонашавандаи ғояи миллии мо рушди таълиму тарбия, илм ва навоварӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошанд.
Вазифаи афзалиятноки мо бояд фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои ҷавонон гардад, то ки онҳо дар назди худ ҳадафҳои азим гузоранд ва ба он мувваффақ гарданд. Танҳо дар он сурат фарзандони мо нерӯи воқеӣ хоҳанд шуд, ки орзуҳои деринаи мардуми моро амалӣ карда метавонанд.
Бо ин мақсад мо ба ғояи «Ӯзбекистони нав аз остонаи мактаб, аз системаи таълиму тарбия шурӯъ мешавад» амал карда, ислоҳоти васеъмиқёсро амалӣ хоҳем кард.  
Якум, мо дар кӯдакистонҳо, мактабҳо ва донишгоҳҳо таълим ва тарбияи сифатноки насли наврасро ташкил менамоем, тамоми қувва ва имконотро барои он равон месозем, ки онҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим ва аз лиҳози маънавӣ комил ва чун ватанпарварони ҳақиқӣ ба воя расанд.
Дуюм, дар асоси дониш ва таҷрибаи муосир, арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ мо ҷавононро  тарбия менамоем, то ки соҳиби тафаккури худ, сифатҳои беҳтарини инсонӣ гарданд.
Сеюм, мо ба омӯзиши касбҳои замонавии матлуби ҷавононамон, дар онҳо ташаккул ёфтани меҳнатдӯстӣ ва маҳорати соҳибкорӣ ва ҳамчунин татбиқ намудани ташаббусҳои онҳо, таъмин намудан бо кор ва манзил эътибори алоҳида менигаронем.
Хуллас, низоми ягона ва ногусастанӣ ба вуҷуд оварда мешавад, ки зимни он аз замони таваллуд то синни 30 ба шахси ҷавон дастгирии ҳамаҷониба ва кӯмак зоҳир мегардад, то ки вай дар ҳаёт ҷойгоҳи муносиби худро ишғол намуда тавонад.
Тавре ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, сармоя гузоштан ба рушди мутаносиби насли ҷавон ба ҷамъият ба 10 баробар ва ҳатто 100 баробар бештар бармегардад. 
Мо суханони олими бузург Абӯалӣ ибни Синоро хуб дар ёд дорем: «Шахсони далер ва шуҷоъ аз машаққатҳои рӯ ба рӯ намеҳаросанд». 
Ғоя ва ташаббусҳои шуҷоатмандона, ки ҷавонон дар мулоқотҳои анқариб дар вилоятҳои Қашқадарё, Хоразм ва ноҳияи Чилонзори Тошканд баён намуданд, манро хеле хушнуд намуданд.
Хусусан дар Анҷумани ҷавонон, ки ба қарибӣ баргузор гардид, чашмони аз шуҷоат дурахшандаи ҷавононро дида, азму донишашонро дарк намуда, ман хеле нерӯи зиёд гирифтам. Ва бори дигар бовар ҳосил кардам, ки маҳз ҳаминҳо ҷавонони боазму шуҷоатманд мебошанд, ки дар бораи онҳо Ибни Сино гуфта буд. Агар мо дониш, таҷрибаи ҳаёт, дурандешии насли солхӯрдаро бо азму шуҷоат ва кӯшишҳои ҷавононамон муттаҳид карда тавонем, албатта, ба мақсадҳое, ки дар наздамон гузоштаем, мерасем.
Бовар дорам, ки якҷоя бо чунин ҷавонони таълимдида, молики потенсиали муқтадири созандагӣ мо Ӯзбекистони навро месозем. Барои он ки кори шурӯънамударо дар чунин самтҳои муҳим идома диҳем ва онро ба дараҷаи нави ҳарчи баландтар бардорем, пешниҳод менамоям, ки соли 2021 дар мамлакатамон Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ  номида шавад.
— Мо бояд корҳои васеъмиқёсро оид ба ислоҳоти куллӣ ва рушди минбаъдаи самтҳо, ки дар номи соли 2021 муайян гардидааст, анҷом диҳем, — қайд кард Президент.
Якум, давраи муҳимтарини ҳаёти кӯдак синни томактабӣ мебошад, ки фаъолияти зеҳнӣ инкишоф меёбад, ғояҳои ахлоқӣ ва эстетикӣ ва сифатҳои ҷисмонӣ ташаккул меёбанд.
Аз ин рӯ, ҳадафи стратегии мо дар рушди таҳсилоти томактабӣ дар солҳои оянда фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фарогирии ҳамаи кӯдакон мебошад.
Соли оянда мо бояд фарогирии таҳсилоти томактабиро ба 65 фоиз ва дар охири соли 2023 ба 75 фоиз расонем. Инчунин, аз ҳисоби ҷудо кардани 600 миллиард сӯм кӯмаки молиявӣ аз буҷа, 2000 кӯдакистони ғайридавлатӣ таъсис дода мешавад, ки саҳми бахши хусусӣ дар ин самт то 25 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.
Дар баробари ин, дар соли 2021 системаи омодагии ройгон ба мактаб 560 ҳазор, ё 82 фоизи кӯдакони шашсоларо фаро мегирад. Дар деҳаҳои дурдаст истифодаи шаклҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ васеъ мегардад. Дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ ва Бонки Ҷаҳонӣ намунаи таълими барвақти кӯдакон дар хона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ба роҳ монда мешавад.
Дуюм, ислоҳоти ба куллӣ беҳтар ва баланд бардоштани сифати таълими мактаб бо фароҳам овардани шароити муносиб барои омӯзгорон суръат мегирад.
Дар соли нав аз буҷа барои сохтани 30 мактаби нав, таъмир ва беҳтар намудани заминаи моддию техникии 320 мактаб 2 триллион сӯм ҷудо карда мешавад. Дар ду соли оянда мо барои ҷорӣ кардани системаи ягонаи «таълими электронӣ» 250 миллиард сӯм ҷудо мекунем.
Барои ба куллӣ беҳтар кардани сифати таълим, пеш аз ҳама, бояд ба барномаҳои таълимӣ, васоити таълимӣ барои омӯзгорон ба стандартҳои пешрафтаи байналмилалӣ мутобиқ карда шавад. Барои рушди малакаҳои таҳлилӣ ва эҷодии кӯдакон, бояд барои онҳо китобҳои дарсии пурмазмун ва фаҳмо офарида шавад. Дар ин робита, дар соли хониши оянда дар синфҳои ибтидоӣ дар асоси таҷрибаи беҳтарини хориҷӣ «Барномаи миллии таълим» ҷорӣ карда мешавад, ки кӯдакро аз ҳад зиёд сарборӣ намекунад.
Сифати таълими мактабӣ ҳам дар пойтахт ва ҳам дар деҳаҳои дурдаст бояд ба андозаи баробар баланд бошад. Бо ин мақсад, бояд барномаи махсуси бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани мактабҳои ноҳияҳои дурдаст ва баланд бардоштани сифати таълим амалӣ карда шавад. Махсусан, муаллимоне, ки дар мактаби дурдасти ноҳияи дигар дарс медиҳанд, музди меҳнати 50 фоиза ва онҳое, ки дар минтақаи дигар дарс медиҳанд, 100 фоиз илова ба музди меҳнат мегиранд. Инчунин, аз ҳисоби буҷа барои ҳавасмандгардонии фаъолияти мактабҳои хусусӣ дар минтақаҳо субсидияҳо ҷудо карда мешаванд.
Системаи муттасили рушди қобилият ва потенсиали ҷавонон бунёд карда мешавад.
Соли оянда дар кишвар 10 мактаби Президентӣ, 197 мактаби махсуси химия, биология, математика ва технологияҳои иттилоотӣ ба кор шурӯъ мекунанд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои азхудкунии амиқи технологияҳо ва донишҳои баланд аз ҷониби ҷавонписарон ва духтарони мо, тайёр кардани кадрҳои миллии ташаккули нав, мо дар шаҳри Тошканд донишгоҳи нави замонавӣ мекушоем. Олимон ва муаллимони машҳури хориҷиро даъват менамоем, то ҷавононро дар ин ҷо аз рӯи барномаҳои пешрафтаи таълимӣ омӯзонанд.
Барои ташаккули малакаҳои меҳнатӣ дар кӯдакон аз синни мактабӣ системаи таълими касбиро ҷорӣ мекунем.
Масъалаи дигаре, ки дар маркази диққати мо хоҳад буд, такмили ихтисоси муаллимон, ҳавасманд кардани меҳнати онҳост.
Тавре ки шумо медонед, то ҳол муаллимон дар ҳар 5 сол аз такмили ихтисос мегузаштанд. Ва акнун ба онҳо лозим меояд, ки онро дар заминаи омӯзиши якумрӣ пайваста такмил диҳанд. Меъёрҳои додани категорияҳо ба онҳо дар асоси донистани фанни худ, малакаи омӯзгорӣ ва омодагии равонӣ низ аз нав дида баромада мешаванд.
Мехоҳам бори дигар таъкид кунам: касби омӯзгорӣ дар ҷомеа бояд касби бонуфузтарин ва мӯътабартарин гардад. Ва вазифаи давлат  аз фароҳам овардани тамоми шароит аз он иборат аст, ки омӯзгорон барои таълими хушсифат, инчунин такмил додани дониши худ ғамхорӣ зоҳир кунанд.
Соли оянда низ кор дар самти таъмини музди муносиби омӯзгорон, мураббиён ва методистон идома хоҳад ёфт. Бо ин мақсадҳо ба фондҳои минтақавии ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи маорифи халқ 330 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад. Маблағи пардохти иловагӣ барои роҳбарии синфӣ ба зиёда аз 240 ҳазор муаллимони мактаб 1,5 баробар зиёд карда мешавад, барои ин аз буҷа иловагӣ 400 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.
Сеюм, ба баланд бардоштани фарогирӣ ва сифати таҳсилоти олӣ диққати махсус дода мешавад. Аз соли оянда шумораи грантҳои давлатӣ барои таҳсилоти олӣ ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд карда мешавад.
Мо квотаи стипендия барои духтарони оилаҳои камбизоатро ду баробар зиёд карда, ба 2 ҳазор мерасонем. Барои духтарони ниёзманди дастгирии иҷтимоӣ, ки аъло таҳсил мекунанд, стипендияҳои махсус ҷорӣ карда мешаванд.
Ҳоло ҷавонон саъй доранд, ки ба донишгоҳҳои бонуфузтарин дохил шаванд, аммо дар байни донишгоҳҳо рақобате барои ҷалби ҷавонони бомаърифат ва боистеъдод вуҷуд надорад. Дар робита ба ин, низоми ба донишгоҳҳои хусусӣ додани фармоиши давлатӣ барои омодасозии мутахассисони мавриди ниёз ҷорӣ карда мешавад.
Бо мақсади тақвияти муттасилии байни донишгоҳҳо ва зинаҳои поёнии системаи таълим 65 литсейи академӣ ба тобеияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ дода мешавад ва 187 техникум ба ихтиёри донишгоҳҳои махсус ва корхонаҳои саноатӣ вобаста карда мешаванд.
Бояд робита бо донишгоҳҳои пешрафтаи хориҷӣ, марказҳои илмӣ ва инноватсионӣ тақвият дода, ҳамкорӣ бо онҳо дар соҳаи тайёр кардани кадрҳо васеъ карда шавад.
Дар ин росто, шумораи ҷавононе, ки тавассути бунёди «Эл-юрт умиди» барои таҳсил ба магистратура ва докторантура дар донишгоҳҳои хориҷӣ фиристода мешаванд, соли оянда панҷ маротиба афзоиш хоҳад ёфт. Тавассути фонд мо 100 нафар писарон ва духтарони худро бори аввал барои таҳсил дар бакалавриат ба дигар кишварҳо мефиристем. Дар солҳои минбаъда шумораи онҳо 2-3 баробар меафзояд.
Дар соли нав 30 донишгоҳи пешрафтаи кишвар ҳақ доранд мустақилона барномаҳои таълимӣ таҳия кунанд, квотаҳои қабулро муайян ва масъалаҳои молиявиро ҳал кунанд.
Чорум, илм ва инноватсия заминаи рушди кишварро фароҳам меоранд.
Соли оянда шумораи докторантҳо дар донишгоҳҳо ва ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ба 4,5 ҳазор нафар мерасад, ки ин нисбат ба соли 2017 3 маротиба зиёд аст. Барои ин мақсадҳо аз буҷа ба таври илова 240 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.
Дар асоси таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ ба шӯроҳои илмии донишгоҳҳои пешрафтаи ҷумҳурӣ салоҳияти додани унвонҳои илмии дотсент ва профессор, унвонҳои илмии доктори фалсафа ва доктори илм дода мешавад.
Имсол бори аввал барои ҳамаҷониба инкишоф додани математика, химия, биология ва геология, ҳамчун, самтҳои афзалиятноки таълим ва илм тадбирҳо андешида шуданд. Аз ҷумла, 98 мактаби махсус ва Донишгоҳи илмҳои геологӣ сохта шудаанд. Барномаи таълимӣ ба куллӣ аз нав дида баромада, музди меҳнати муаллимон зиёд карда шуд.
Ҳоло мо бояд афзалиятҳои ин соҳаро барои соли оянда муайян намоем.
Тавре ки таърих нишон медиҳад, физика ҳамчун заминаи бунёдии қариб ҳамаи кашфиётҳо ва технологияҳои ҷаҳон хидмат кардааст.
Дар ҳақиқат, бидуни дарки амиқи қонунҳои физика, дар чунин соҳаҳо ва соҳаҳои дахлдор, ба монанди мошинсозӣ, электротехника, технологияҳои иттилоотӣ, технологияҳои об ва сарфаи энергия натиҷа ба даст овардан ғайриимкон аст.
Фикр мекунам, дар ин замина иқтибос овардан аз суханони Алишери Навоии бузург, ки навишта буд, бамаврид аст:
«Дар ҷустуҷӯи дониш сад роҳ 
кашида заҳмат,
 Онро на з-омад, асло дарёфтам 
зи меҳнат».
Воқеан, шахсе, ки мехоҳад дониш пайдо кунад ва касбҳои навро аз худ кунад, бояд заҳмат кашад, дар болои худ кор кунад, аз ҷумла забонҳои хориҷиро, ки бидуни он дар ҷаҳони муосир ба қуллаҳои баланд ноил шудан ғайриимкон аст, омӯзад.
Пас аз ин талабот, ман пешниҳод мекунам, ки омӯзиши физика ва забонҳои хориҷӣ ҳамчун афзалияти соли оянда муайян карда шавад. Аллакай дар ҳама зинаҳои таҳсилот, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таълими ин фанҳо, ташкили мактабҳои махсус ва ҷалби омӯзгорони соҳибихтисос корҳои дахлдори мунтазам идома доранд. Олимпиадаи байналмилалии илмӣ оид ба физикаи ба номи Аҳмади Фарғонӣ ташкил карда мешавад. Инчунин барои васеъ кардани миқёс ва баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи физика ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои олимони ҷавон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.
Панҷум, мо диққати худро ба шуғли ҷавонон ва дастгирии соҳибкорӣ равона хоҳем кард. Бо ин мақсад, соли оянда низоми таҳсилоти касбӣ дар асоси равишҳои нав мутобиқи талаботи бозори меҳнат ва стандартҳои байналмилалӣ ислоҳ карда мешавад.
Минбаъд мавҷудияти тахассус талаботи асосӣ ба ихтисоси коргар хоҳад шуд. Вобаста ба ин, ба Ҳукумат супориш дода мешавад, ки аз 1 январи соли оянда системаи баҳодиҳии тахассусии шаҳрвандонро дар касбҳои талабшаванда ҷорӣ намояд.
Тавре ки шумо медонед, дар Форуми ҷавонони ба қарибӣ баргузоршуда мо тасмим гирифтем, ки барои соҳибкории ҷавонон ва шуғли аҳолӣ 100 миллион доллар ҷудо кунем.
Ғайр аз ин, барои маблағгузории лоиҳаҳои тиҷоратии ҷавонон ва омӯзонидани касбҳои онҳо 1 триллион сӯм ва 50 миллион доллар ҷудо карда мешавад.
Шашум, системаи нави дастгирии махсус барои кӯдакони оилаҳои камбизоат, ятимони пурра, кӯдакони маъюб ва ниёзмандони табобат ҷорӣ карда мешавад.
Ҳоло дар кишвар 150 ҳазор кӯдаки то 18-сола ҳастанд, ки ба нигоҳубини махсус ниёз доранд. Кӯмак расонидан ба онҳо дар гирифтани таҳсил, соҳиби касби муайян шудан, табобати беморони вазнин, кӯмак ба ятимон дар ёфтани ҷойгоҳи худ дар зиндагӣ ва бо манзил таъмин кардани онҳо на танҳо вазифаи мо, балки вазифаи инсонӣ низ мебошад.
Соли 2021 бори аввал аз буҷа барои бо манзил таъмин кардани 900 нафар ятимон 50 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.
Дар маҷмӯъ, зарур аст, ки дар ин самт корҳои муназзам ба роҳ монда шаванд ва фикр мекунам, ки шумо ин ташаббусро маъқул мешуморед, Фонди ҷамъиятии дастгирии кӯдаконро ташкил медиҳед, ки аз ҳисоби буҷа ба он 100 миллиард сӯм фиристода мешавад. Дар давоми сол маблағгузорӣ ба фонд меафзояд.
Боварӣ дорам, ки ин иқдом як ҳаракати умумимиллӣ хоҳад шуд ва ҳамватанони мо дар чунин як кори хайр саҳми сазовор хоҳанд гузошт.
Ман барои палатаҳои Олий Маҷлис муттаҳид сохтани фаъолияти Фонди ҷамъиятии дастгирии кӯдаконро дар сатҳи қонунгузорӣ, инчунин ҳавасмандгардонии ҳамватанони фаъоли мо, хайрхоҳонро мувофиқ медонам.
Аммо, вақти он расидааст, ки Қонуни Ваколатдор оид ба кӯдакон қабул карда шавад.
Дар Форуми ҷавонони Ӯзбекистон мо ба мувофиқа расидем, ки бисёр масъалаҳои марбут ба дастгирии ҳамаҷонибаи насли ҷавони кишварро ҳал кунем. Ба фикрам, ки имрӯз ҳеҷ зарурате ба такрори онҳо нест. Барои ҳамаи мо вазифаи таъхирнопазир он аст, ки ин ташаббусҳо пурра амалӣ карда шаванд.
Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!
Дар соли 2021, ба низоми нигаҳдории тандурустӣ ҳамчун ба яке аз самти муҳиму бартаринок дар ин соҳа эътибори махсус дода ҳоҳад шуд. 
Якум. Мунтазам идома додани мубориза ба муқобили пандемияи коронавирус аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо дар соли оянда боқӣ мемонад. 
Барои ин кор дар буҷаи давлатии соли 2021 захира дар ҳаҷми 3 триллион сӯм ташаккул дода шудааст. Аз ҳисоби маблағҳои мазкур сӯзандории аҳолӣ бар муқобили бемории коронавирус низ  гузаронида мешавад. 
Барои баланд бардоштани сифати кор ва беҳтар намудани пойгоҳи моддиву техникии хидмати санитариву эпидемиологӣ, бунёди лабораторияҳои замонавӣ 200 миллион доллар ҷудо карда мешавад. 
Бо назардошти сабақҳое, ки ҳангоми пандемия ҳосил кардем, миқёси рақамикунонии соҳаи тиб вусъат пайдо мекунад. Аз ҷумла, чораҳо бобати васеъ кардани миқёси хидматҳои масофавӣ, ки муассисаҳои тиббӣ мерасонанд, ҷорӣ намудани ҳуҷҷатпуркунии электронӣ дар поликлиника ва беморхонаҳо пешбинӣ гардидаанд. Дар байни марказҳои махсуси ҷумҳурӣ ва бахшҳои онҳо дар маҳалҳо дар пояи технологияҳои тиббӣ иртиботи телевизионӣ ба роҳ монда мешавад, имкониятҳо барои ташхис ва табобат дар минтақаҳо бештар мегарданд.
Дуюм. Ғамхорӣ дар бораи саломатии модару кӯдак ин ғамхорӣ нисбат ба ҷамъият нисбат ба  ояндаи мо ба шумор меравад.
Аз соли оянда бачагони то 15 сола ва занони ҳомила 7 намуди витамин ва доруворро аз касалиҳои паразитӣ ройгон ба даст меоваранд. 
Бо ин чорабиниҳо дар соли 2021-ум 11 миллион нафар ва дар соли 2022-ум 17 миллион нафар фаро гирифта мешаванд, барои ин мақсадҳо ҷудо кардани 100 миллиард сӯм пешбинӣ гардидааст.
Аз тариқи ройгон таъмин кардани занон ва кӯдакон бо йод, оҳан, туршии фолиевӣ, витаминҳо ва воситаҳои зиддипаразитӣ мо умед мекунем, ки бемории аҳолӣ аз анемия 25 фоиз коҳиш хоҳад ёфт.
Сеюм. Барои он ки хидмати тиббӣ ба дараҷаи сифатан нав бардошта шавад, фаъолияти бригадаҳои тиббӣ, ки аз духтури оилавӣ ва 5 нафар ёварони ӯ аз кормандони миёнаи тиббӣ иборатанд, ба роҳ монда хоҳад шуд.
Дар ҳар кадом маҳалла низоми алоҳидаи кор бо кӯдакони то 5 сола, занони синну соли таваллуд ва ҳомила, одамони имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд, ҳамчунин шахсоне, ки ба бемориҳои дилу рӯда, онкологӣ, эндокринӣ гирифторанд, ҷорӣ карда мешавад.
Баробари ин номгӯйи хидматҳои ройгони тиббӣ ва доруворе, ки аз ҷониби давлат дода мешаванд, таҷдиди назар мегардад, зина ба зина низоми таъминоти кафолатноки аҳолӣ бо онҳо ба роҳ монда хоҳад шуд.
Ғайр аз ин барои беш аз пеш фаро гирифтани аҳолӣ аз ҷониби муассисаҳои зинаи ибтидоии нигаҳдории тандурустӣ дар 3 соли наздиктарин 315 нуқтаи духтурҳои оилавӣ ва 85 адад поликлиникаҳои оилавӣ кушода мешаванд. 
Ҳамчунин дар доираи барномаи «Духтури деҳот» беш аз 1000 нафар табибоне, ки дар ноҳияҳои дурдаст кор мекунанд, дар ҳаҷми 30 миллион сӯм кӯмаки моддӣ мегиранд ва бо манзили хидматӣ таъмин карда мешаванд.           
Барои расондани кӯмаки аввалия ва махсуси тиббӣ дар ноҳияҳои дурдаст, гузаронидани санҷишҳои скринингии табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночори аҳолӣ ҷалб намудани ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва ба онҳо пешниҳод намудани кӯмакпулиҳо дар назар дошта шудааст. 
Мо ба баланд бардоштани обрӯ ва мақоми кормандони зинаи миёнаи тиббӣ – ҳамшира ва фелдшерҳо эътибори махсус медиҳем. Аз ҷумла 47 адад техникуми ба номи Ибни Сино ҳар сол ба зиёда аз 20 ҳазор мутахассисони ҷавон роҳхат медиҳанд, ки ҳамзамон дар чандин соҳаҳои тиббиёт донишҳои касбӣ доранд. Ба кормандони тиббии зинаи миёна ҳамчунин иҷозат дода мешавад, ки мустақилона бо «фаъолияти ҳамшираи тиббӣ» машғул шаванд.
Чаҳорум. Ҳоло беш аз 12 ҳазор шаҳрвандони мо аз лейкемия ва оқибатҳои вазнини бемориҳои гематологӣ азият мекашанд.
Вобаста ба ин соли оянда аз буҷа ҷудо кардани 250 миллиард сӯм барои гузаронидани чораҳои мураккаби ташхис ва табобат дар соҳаи онкогематология ва касалиҳои табобаташон душвор пешбинӣ гардидааст. 
Зиёда аз 5 ҳазор беморони дорои норасоии сахти гурда бори аввал бо хидматҳои ройгони гемодиализ фаро гирифта мешаванд, барои ин мақсадҳо аз буҷа 140 миллиард сӯм ҷудо карда хоҳад шуд. Ғайр аз ин дар беморхонаҳои минтақаҳо ташкил кардани шуъбаҳои махсус барои ташхис ва табобати касалиҳои эндокринӣ пешбинӣ шудааст. Барои ин дар соли 2021 аз буҷа 150 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад. 
Мо бинобар табобати бемориҳои доимии дилу рӯда, ки қисмати зиёди аҳолии мо аз он азият мекашанд, 35 адад маркази байниноҳиявӣ ташкил мекунем. Марказҳои мазкур ба кам кардани фавт ва ногироӣ аз тариқи кӯмакҳои таъҷилӣ ва тахассусии тиббӣ ҳангоми инфаркт ва инсултҳо мусоидат менамоянд. Ин имкон медиҳад соле ҳаёти на камтар аз 30 ҳазор нафар инсон ҳифз карда шавад.
Панҷум. Минбаъд оммавӣ кардани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш омили муҳими таъмин сохтани саломатии аҳолӣ мебошад. 
Дар соли оянда ҷудо кардани 100 миллиард сӯм барои бо инвертарҳои варзишӣ муҷаҳҳаз сохтани 70 иншооти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, 16 ҳазор кӯдакистон ва мактабҳо пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин дар тамоми марказҳои ноҳия ва шаҳрҳо пайроҳаҳои пиёдагардон ва велосипедронон бунёд меёбанд. 
Ба шарофати рушди ҳамаҷонибаи варзиши оммавӣ дар соли 2021-ум миқдори аҳолие, ки бо он машғул мешаванд, аз 19 то 25 фоиз меафзояд. 
Дар бораи варзиш сухан ронда, мехостам таъкид намоям, ки дар назди мо боз як вазифаи муҳим истодааст. 
Ба қарибӣ Шӯрои олимпии Осиё дар бораи соли 2025-ум дар Тошканд баргузор кардани Бозиҳои осиёии наврасон қарор қабул кард. Бешубҳа, ин шаҳодати эътимоди бузург ба кишвари мо мебошад. Ҳамзамон ҳамаи мо дарк менамоем, ки ин чӣ гуна масъулияти бузург аст. Аллакай имрӯз мо бояд ба мусобиқаҳои аҳамияти минтақавӣ ҷиддан тайёрӣ бубинем. 
Шашум. Ба масъалаҳои беҳтар кардани корҳои маданиву маърифатӣ эътибори махсус дода хоҳад шуд.
Барои фаъол намудани кори муассисаҳои маданият ва санъат, мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникии онҳо аз буҷа 420 миллиард сӯм ҷудо карда шуд. Аз ҷумла, дар минтақаҳо 22 театр ва иншооти дигари фарҳангӣ сохта ва таҷдид карда мешаванд. 
Кор бинобар дар маркази Тошканд бунёд намудани маҷмӯи маданиву маърифатӣ оғоз меёбад, ки аз Театри миллии академии драмавӣ, осорхонаи санъат, ки мувофиқи лоиҳаи меъмори машҳури Ҷопон Тадао Андо сохта мешавад, китобхонаи замонавӣ ва мактаби байналхалқии эҷодии ба номи Алишери Навоӣ иборат хоҳад буд. 
Ба шарафи 30-юмин солгарди истиқлолияти кишвари мо дар маркази пойтахт  маҷмӯи «Истиқлол» қомат меафрозад. 
Ҷашнвораи байналхалқии як замон анъанавии кино, ки дар Тошканд гузаронида мешуд, таҳти номи Ҷашнвораи байналхалқии кино «Дурдонаҳои Роҳи Абрешим» дар Тошканд аз нав эҳё мегардад. 
Дар ин маврид ман мехостам ба як масъалаи муҳим таваққуф намоям.
Моро лозим аст, ки мероси фарҳангии халқамонро ҳифз кунем ва онро ба насли оянда вогузорем. Ҳоли ҳозир беш аз 7 ҳазор иншоот ба он дохил мешаванд. Мутаассифона, зараре, ки ба қарибӣ ба баъзеи ин иншооти бебаҳо расонида шуд, гувоҳи муносибати лоқайдона ба масъалаи мазкур мебошад. Ин кор эътибори доимии нафақат Вазорати фарҳанг, балки ҳокимияти маҳалҳо, ноҳияҳо, расонаҳои ахбори оммавӣ ва ҷомеаи васеъро тақозо менамояд.
Ҳукумат бояд дар муҳлати як моҳ бобати ҳисобу китоб кардан, ҳифз намудан ва таъмин сохтани муҳофизати иншооти мероси фарҳангӣ барномаи махсус қабул кунад. 
Муҳтарам депутатҳои халқӣ!
Дар соли нав коҳиш додани нодорӣ ва баланд бардоштани некӯҳолии аҳолӣ мақсади асосии мо хоҳад шуд. Ба ин мақсадҳои стратегӣ мо ният дорем аз ҳисоби баланд бардоштани суръати  афзоиши иқтисодӣ ва  фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои ҳама муваффақ гардем. 
Тӯли 4 соли охир бобати ҷорӣ намудани механизмҳои бозаргонӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мо қадамҳои ҷиддӣ гузошта шуданд. 
Ҳоло вазифа аз он иборат аст, ки ба рушди устувори дарозмуҳлат аз тариқи дигаргуниҳои амиқи сохторӣ асос гузошта шавад. Бо назардошти ҳамаи ин дар соли нав моро зарур аст, ки дар самтҳои зерин корҳои бузургро анҷом диҳем.
Якум. Дар соҳаи коҳиш додани нодорӣ мо муносибатҳои маҷмӯӣ ва усулҳои нави бесобиқаро ҷорӣ хоҳем кард. 
Мо бояд равшан дарк намоем, ки танҳо бо додани вомҳо, пешниҳоди кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ё худ манзил мушкилоти нодориро наметавон ҳаллу фасл кард. Ин кор ҳаллу фасли маҷмӯии масъалаҳоеро, ки бо таълим, нигаҳдории тандурустӣ, тайёркунии касбӣ, дастёбӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, захираҳои энергетикӣ ва инфрасохтори роҳ вобастаанд, тақозо менамояд. 
Мо барои чӣ чунин навгониро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ба номи «дафтари оҳанин» ҷорӣ намудем? Ин имкон медиҳад дақиқ муайян намоем, ки воқеан кӣ ба кӯмак эҳтиёҷ дорад ва кори нишонадорро бо табақаҳои ночори аҳолӣ дар кадом поя бояд ташкил кард. 
«Реестери иҷтимоӣ», ки соли оянда куллан ба кор медарояд, тамоми маълумотро дар бораи оилаҳои эҳтиёҷманд, ки ба «дафтари оҳанин» ворид гардидаанд, дарҷ мекунад ва имкон медиҳад ба онҳо беш аз 30 намуди хидматҳои иҷтимоӣ дар шакли электронӣ расонида шавад. 
Пеш аз ҳама моро зарур аст, ки талаботи асосии аҳолии камбизоатро таъмин намоем. Кор бинобар таҳлили амиқи ин мушкилот, ки якҷо бо коршиносони байналхалқӣ гузаронида мешавад, аллакай ба ниҳоят наздик аст. 
Аз 1 марти соли оянда хароҷоти камтарини истеъмолии аҳолӣ эълон карда хоҳад шуд. 
Ба ҳукумат супурда мешавад, ки дар муҳлати ду моҳ кафолатҳои иҷтимоиро муназзам созад ва барномаи чораҳоро бинобар таъминоти зина ба зина дар сатҳи хароҷоти камтарини истеъмолӣ кор карда барояд. 
Барои он ки ҳар кадом шахсро аз вартаи нодорӣ, ки ба «дафтари оҳанин» дохил карда шудааст, раҳонем, механизми наве, ки ба раванди «ҳавасмандгардонӣ, навгониҳо ва дастгирии молиявӣ» такя мекунад, ҷорӣ карда мешаванд. 
Омили муҳимтарини аз байн бардоштани нодорӣ ин саъю кӯшиши худи инсон барои баромадан аз ин аҳвол мебошад, ки ба нирӯҳои худӣ такя мекунад ва баҳри мақсади муайян пеш меравад. Бинобар ҳамин ҳам дар соли оянда дар маҳаллаҳо беш аз ҳазор марказҳои таълими касбӣ ташкил карда мешаванд. Барои марказ маблағ бо назардошти то 1 миллион сӯм барои ҳар кадом таълимгирандаи курсҳо ҷудо карда шуда, барои ин мақсад умуман аз буҷа равона кардани 100 миллиард сӯм пешбинӣ гардидааст. Шахсоне, ки курсҳои таълимиро хатм кардаанд ва мехоҳанд кори худро оғоз намояд, дар ҳаҷми то 7 миллион сӯм барои хариди инвертарҳои зарурӣ кӯмакпулӣ мегиранд. 
Ҳамчунин ба оилаҳое, ки бо хоҷагии қишлоқ машғул мешаванд, аз 10 сотих то 1 гектар замин бо назардошти имкониятҳо ва тахассуси ҳар кадом ноҳия ҷудо карда хоҳад шуд. Аз хазинаи кӯмакрасонӣ ба шуғл ва корҳои ҷамъиятӣ барои таъмин сохтани шуғли табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ ҷудо кардани 500 миллиард сӯм дар назар дошта мешавад.
Мо ба он роҳ намедиҳем, ки одамон бинобар пандемия кори худро аз даст дода, ба табақаи нодорон ворид шаванд. Бинобар ҳамин ҳам аз соли оянда низоми наве, ки се карат зиёд кардани миқдори кӯмакпулиҳоро бинобар бекории муваққатӣ пешбинӣ менамояд, ҳамчунин бекор кардани тартиби кӯҳнаи бюрократии пешниҳоди 6 ҳуҷҷат барои гирифтани чунин кӯмакпулиро дар назар дорад, ҷорӣ карда мешавад. 
Баҳодиҳӣ ба вазъияти воқеии нодорӣ дар минтақаҳо, назорати иҷрои корҳое, ки дар ин соҳа амалӣ мешаванд, бояд дар маркази эътибори палатаҳои Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллӣ қарор бигиранд.
Тамоми ҳокимони ноҳияҳо ва шаҳрҳоро зарур аст, ки дар зарфи як моҳ барномаи мақсаднокро бобати коҳиш додани нодорӣ дар ҳудудҳои худ кор карда бароянд ва бинобар иҷрои онҳо ба Шӯроҳои маҳаллӣ ва дар назди халқ аз тариқи расонаҳои ахбори оммавӣ дар ҳар чоряк ҳисобот диҳанд. 
Ин бояд вазифаи бевоситаи тамоми роҳбарон ва маҳаки асосии баҳодиҳӣ ба кори онҳо гардад.
Дуюм. Дар доираи дигаргуниҳои сохторӣ дар иқтисодиёт бояд тағйироти ширкатҳои давлатӣ тезонида шавад. 
Ҳоли ҳозир барои аксар корхонаҳо бо иштироки давлат номуътадилии молиявии онҳо чун бори гарон боқӣ мемонад. Бинобар ҳамин ҳам аз соли равон татбиқ сохтани барномаҳои ислоҳсозии тамоми корхонаҳои давлатӣ оғоз гардид. Аз ҷумла, дар соли оянда Комбинати маъданҳои кӯҳии Навоӣ, ҶС «Ӯзбекнефтегаз», «Ӯзбекгидроэнерго», «Ӯзавтосаноат» барои баромадан ба бозори байналхалқии молиявӣ ва ҷалби маблағҳо бидуни кафолати давлатӣ имконият пайдо мекунанд. 
Бояд эътироф кард, ки худи корхонаҳои давлатӣ имкониятҳои зарурии техникӣ надоранд, мутахассисони онҳо бошанд, соҳиби дониш ва касбҳои лозимӣ нестанд, то ки мустақилона тағйиротро татбиқ намоянд. Бинобар ин мо ба ислоҳсозии корхонаҳои бузурги электроэнергетикӣ, саноати нефту газ, кимиё, мошинсозӣ, ҳамчунин бонкҳои тиҷоратӣ, Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки  аврупоии таҷдид ва тараққиёт, Бонки рушди осиёӣ «McKinsey & Company», «Boston Consulting Group», «Rothschild & Co» ва дигар ширкатҳои машҳури ҷаҳониро ҷалб намудем. 
Дар соли 2021 бояд тағйироти 32 корхонаи бузурги соҳаҳои аҳамияти стратегӣ баргузор гардад. 
Мунтазам ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти бонкҳо дар маркази эътибори мо қарор ҳоҳад дошт. 
Мо «Саноатқурилишбанк», «Асака банк», «Ипотека банк», «Алоқа банк», «Турон банк» ва «Қишлоқ қурилиш банк»-ро  ба хусусигардонӣ тайёр мекунем. Саҳми давлатӣ ҳадди ақалл дар як бонки азим пурра аз ҷониби сармоягузори стратегӣ татбиқ карда мешавад. Бинобар ин масъала бо бонкҳои машҳури Аврупо гуфту-шунидҳо идома доранд.
Самти муҳими ислоҳоти сохторӣ ин коҳиш додани иштироки давлат дар иқтисодиёт мебошад. 
Мо бобати хусусигардонии як қатор корхонаҳо бо ҷалби мушовирони байналхалқии молиявӣ ва ҳуқуқӣ барои фурӯши шаффоф ва самарабахши пулҳои давлатӣ корҳои васеъро оғоз намудем. Соли оянда саҳмияҳои давлатӣ дар корхонаҳо, аз ҷумла «Фарғона азот» ва Корхонаи нуриҳои калийдори Деҳқонобод, «Coca-Cola Ichimligi», шифохонаҳои «Белдирсой» ва «Чорвоқ», меҳмонхонаҳои «Ичан қалъа» ва «Hyatt Regency», маҷмӯи тиҷоратии «Пойтахт», ҳамчунин 83 корхонаи бузурги истеҳсоли шароб, саноати чарбу равған ва соҳаҳои дигар ба фурӯш гузошта мешаванд. 
Умуман миқдори корхонаҳо бо иштироки давлат дар ду соли наздиктарин на камтар аз се баробар коҳиш меёбад.
Сеюм. Бояд муҳити озоди рақобат дар бозорҳои мол ва молия, ҳамчунин барои дастёбии соҳибкорон ба захираҳои ашёвӣ имкониятҳои баробар фароҳам оварда шаванд. 
Ҳоло ба бозорҳои энергияи электрӣ ва газ, филизоти қимматбаҳо, нуриҳои минералӣ, хидматҳои нақлиётӣ монополияҳо амал мекунанд ва дар ин соҳаҳо мушкилоти зиёде боқӣ мемонанд. 
Дар ин маврид ман мехостам ба масъалаи зерин махсус таваққуф намоям. Баробари афзудани фаъолнокии иқтисодӣ ҳам даромади аҳолӣ ва ҳам талабот ба захираҳои энергетикӣ меафзояд. Бинобар ҳамин ҳам моро зарур аст, ки ислоҳотро дар соҳаҳои нафту газ ва энергетика, ҳамчунин татбиқ сохтани лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои мазкур ба охир расонем. Аз ҷумла, дар соли 2021 ташаккулдиҳии бозори яклухтфурӯшии энергияи электр бо иштироки истгоҳҳои электрии давлативу хусусӣ ва истеъмолгарон оғоз меёбад. 
Мо ҳамчунин монополияро бекор мекунем ва дар соҳаи расондадиҳии гази табиӣ механизмҳои бозаргониро ҷорӣ менамоем. Ҳамин тариқ истеҳсолгарон ва воридгарон ҳуқуқи фурӯшро ба даст медароваранд, истеъмолгарони умумӣ бошанд, гази табииро дар биржа харид мекунанд. Ширкати «Ӯзтрансгаз» танҳо бо расондадиҳии газ машғул мегардад. 
Ба мақсади вусъат додани иштироки сектори хусусӣ дар бозори гази моеъ боҷҳо барои воридоти он бекор карда мешаванд. 


Дар соҳаи истеҳсоли ҷавоҳирот барои соҳибкорон баҳри хариди ашё имкониятҳои зиёд фароҳам меоянд. Чунончи, аз 1 марти соли оянда тартиби фурӯши озоди истеҳсолгарони нуқра аз тариқи биржа ба роҳ монда мешавад. 
Аз ҳисоби рушди рақобати солим дар саноати автомобилсозӣ ва дар соҳа фароҳам овардани шароитҳои баробар барои корхонаҳо миқдори истеҳсолгарон зиёд мегардад.
Аз соли 2021 аксизҳо бинобар 73 навъи мол дар саноати хӯрокворӣ, нафт ва электротехника бекор карда мешаванд. 
Боз як масъала, алҳол дар харидҳои давлатӣ, танҳо 4 фоизи соҳибкорон иштирок менамоянд.
Дар соли оянда талабот оид ба шаффофияти харидҳои давлатӣ боз ба 24 корхонаи бузурги давлатӣ ҷорӣ карда хоҳад шуд. Дар натиҷа соҳибкорони ватанӣ метавонанд ба ин корхонаҳо соле на камтар аз 10 триллион сӯмина маҳсулоташонро фурӯшанд.
Минбаъд тамоми харидҳои давлатӣ таҳти назорати ҷамъиятӣ ва парлумонӣ қарор хоҳад дошт.
Чаҳорум. Рушди иқтисодӣ, пеш аз ҳама, аз ҳисоби созмон додани силсилаи рақобатбардори истеҳсолӣ ва зиёд кардани сармояҳо барои ин мақсадҳо таъмин карда мешавад.
Мувофиқи тадқиқоти Донишгоҳи Гарвард кишвари мо дар истеҳсоли беш аз 50 номгӯй молҳои саноатӣ тамоми имконият ва бартариҳои нисбӣ дорад. 
Аз ҷумла, барои он ки соҳаҳои нефту кимиё, филизот, мошинсозӣ, электротехника, дорусозӣ, сохтмон, бофандагӣ, чарбу пойафзол, хӯрокворӣ, ҳамчунин ҷанбаҳои вобаста бо «иқтисодиёти сабз» «драйверҳо»-и иқтисодиёти миллӣ бошанд, кулли шароитҳо мавҷуданд. Бояд тамоми чораҳо барои дастгирӣ намудани ташаббусҳои секторӣ хусусӣ ва лоиҳаҳои нав, рушди кооператсия дар соҳаҳои мазкур андешида шаванд.
Ҳоли ҳозир кластерҳои саноатӣ оид ба истеҳсоли сангҳои ороишӣ дар Ғозғон, сару либосҳои тайёр дар Намангон, технопарк дар ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд ва ғайра самаранокӣ ва бартарии ин низомро намоиш медиҳанд. 
Ба ҳукумат супурда мешавад, ки то 1 апрели соли оянда рӯйхати кластерҳои пешомаднокро тартиб диҳад ва барои рушди ҳарчи бештари онҳо барномаи махсус кор карда барояд. 
Минбаъд бояд бобати зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ имкониятҳо «дар режими коркард дар ҳудуди гумрук» истифода шаванд. Ҳамзамон бояд иштироки давлатро дар татбиқ намудани сиёсати сармоявӣ коҳиш дод ва саҳми сармояҳои хусусиву бевоситаро зиёд кард.
Дар соҳаи геология соли равон дар бозори кушод ба сармоягузорон бинобар 21 кон ва майдонҳои пешомаднок ҳуқуқи харид дода шуд.  Соли 2021 боз 50 кон ва майдонҳои пешомаднок ба сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ дар пояи савдоҳои кушод фурӯхта мешаванд. Мо чунин корро бояд дар соҳаҳои дигар низ идома диҳем. 
Умуман дар соли оянда мо дар назди худ вазифа гузоштем, ки сармояҳоро ба маблағи 23 миллиард доллар аз худ намоем. Дар натиҷа соли 2021-ум 226 адад иншооти бузурги саноатӣ ва инфрасохторӣ ба истифода супурда мешаванд.
Ба истифода додани ду заводи бузурги гидрометаллургӣ дар Комбинати маъданҳои кӯҳии Навоӣ, корхонаи оид ба коркарди партовҳои техногенӣ дар Комбинати маъданҳои кӯҳии Олмалиқ пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин дар тамоми мамлакат садҳо корхона оид ба истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ, бинокорӣ, чарму пойафзол, хӯрокворӣ ва доруворӣ сохта хоҳанд шуд. Танҳо дар технопарки Яшнободи шаҳри Тошканд 11 истеҳсолоти замонавии электротехникӣ ба истифода супурда мешавад, ҳамин тариқ миқдори умумии онҳо ба 17 адад, шумораи кормандон бошад, ба 11 ҳазор нафар расонида мешавад. 
Истгоҳҳои нави электрии иқтидори умумиашон 760 мегаватт дар вилоятҳои Тошканд, Навоӣ, Самарқанд ва Сурхондарё ба истифода дода хоҳанд шуд. Дар вилояти Қашқадарё маҷмӯи истеҳсолии арзишаш 3,6 миллиард доллар ва иқтидораш соле 1,5 миллион тонна керосин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ ба кор оғоз менамояд. 
Панҷум. Эътидоли макроиқтисодӣ - асоси мустаҳками ислоҳоти иқтисодӣ.
Вобаста ба ин вазифаи асосии Бонки марказӣ ба Ҳукумат дар соли оянда боздоштани муфлисӣ дар сатҳи на бештар аз 10 фоиз дар доираи таргетирии буҳрон мебошад. 
Пандемия муҳимияти эътибори ҷиддиро ба таъмин сохтани амнияти хӯрокворӣ собит намуд. Барои он ки ба қатъиян афзудани нархи маҳсулотҳои асосии хӯрокворӣ роҳ дода нашавад, имтиёзҳо оид ба пардохтҳои гумрук боз ба муддати як сол дароз карда мешаванд. 
Халқи мо бояд муътақид бошад: ба истеҳсоли маҳсулоти босифати озуқаворӣ, фароҳам овардани захираҳои кафолатнок ва муттасил расонда додани молҳои хӯрокворӣ ба бозорҳо, ҳамчунин таъминоти муътадили нарх эътибори аввалиндараҷа дода хоҳад шуд. Ҳукумат ва ҳокимиятҳо барои ин тамоми чораҳои заруриро меандешанд, масъалаи мазкур таҳти назорати доимии Президент қарор хоҳад дошт.
Муҳим аст, ки дар соли 2021 иқтисодиёти мо афзоишро дар сатҳи на камтар аз 5 фоиз таъмин намояд, норасоии буҷа бошад, нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 5,4 фоиз зиёд нагардад. Ҳукуматро зарур аст, ки барои дар ду соли оянда аз 2 фоиз зиёд нашудани ин нишондиҳанда чораҳои дахлдор андешад. 
Аз замони озодкунии бозори асъор беш аз 3 сол гузашт. Дар ин давра мамлакат дар соҳаи табодули озоди асъор таҷрибаи кофӣ андӯхт. Акнун бояд вобастагии иқтисодиёти мо аз асъори хориҷӣ зина ба зина кам карда шавад. Барои ин дар соли оянда бояд саҳми вомҳои асъорӣ аз 50 фоизи кунунӣ то 45 фоиз, яъне қариб аз 2 миллиард доллар коҳиш ёбад. 
Дар соли оянда бояд саҳми заёмҳои байналхалқӣ, ки дар асъори миллӣ истихроҷ мешаванд, аз 25 фоизи ҳолоина ҳадди ақалл то 40 фоиз зиёд карда шаванд. Ҳамзамон бозори байнибонкии асъор ба платформаи онлайн табдил дода хоҳад шуд, ки ба соҳибкорон имкон медиҳад асъорро бевосита аз бонк харид кунанд. Дар натиҷа хариди асъор аз соҳибкорон чун имрӯз на 4 рӯз, балки ҳамагӣ ним соат вақт талаб мекунад.
Боз як масъала – ҳоли ҳозир мувофиқи маҳакҳои Бонки умумиҷаҳонӣ ва бунёди байналхалқии асъор қарзи давлатии хориҷии Ӯзбекистон дар сатҳи бидуни хавф қарор дорад. Минбаъд лоиҳаҳое, ки дар минтақаҳо аз ҳисоби қарзҳои хориҷӣ татбиқ мешаванд, дар шӯроҳои маҳаллӣ ва ҷомеаҳо баррасӣ мегарданд. Низоми ҳисоботдиҳӣ дар назди ҷамъият бинобар натиҷаи чунин лоиҳаҳо ба роҳ монда хоҳад шуд.
Ҳамчунин қарзи хориҷӣ таҳти кафолати давлат коҳиш меёбад, барои лоиҳаҳои сармоявӣ ва инфрасохторӣ бошад, бештар сармояҳои хусусӣ ҷалб карда мешаванд. Чунончи, соли оянда дар пояи шарикии давлативу хусусӣ татбиқ намудани беш аз 40 лоиҳаи бузургу миёна пешбинӣ шудааст. 
Ба мақсади пурзӯр намудани рақобат дар бозори молиявӣ ба Бонки марказӣ супурда мешавад, ки то 1 феврал барои муҳокима лоиҳаи қонунро дар бораи вомҳои ғайрибонкии ташкилотҳо пешниҳод кунад.
Фурсати дар мамлакати мо созмон додани асосҳои ҳуқуқӣ ҷорӣ намудани механизмҳои исломии молия фаро расид. Барои ин коршиносони Бонки рушди исломӣ ва дигар идораҳои байналхалқии молиявӣ ҷалб карда мешаванд.
Шашум. Барои рушди соҳибкорӣ ва тиҷорати хурд шароитҳои беш аз пеш мусоид фароҳам оварда хоҳанд шуд.
Бояд махсус зикр сохт, ки дар замони пандемия соҳибкорон як ҷо бо давлат бинобар амали устувори иқтисодиёт саҳми сазовор гузоштанд. Мо бояд соҳибкоронро ҳамаҷониба дастгирӣ намоем. Таъмин кардани ҳуқуқи онҳо, ба хусус дахлнопазирии моликияти хусусӣ бояд вазифаи асосии мақомоти давлатии тамоми дараҷаҳо гардад.
Вале то ҳол санадҳои вайронкунии ҳуқуқи ба молу мулк доштаи соҳибкорон аз ҷониби баъзе роҳбарон ва мансабдорони мақомоти давлатӣ мавҷуданд. Вобаста ба ин пешниҳод мекунам, ки ба Омбудсмани тиҷоратӣ ваколати ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани чунин роҳбарон дода шавад.
Дар соли оянда бинобар раванди «Андоздеҳ - кӯмакрасон» соҳибкорон имкон доранд дар бораи мавҷудияти қарзи андози шарикони кориашон маълумот гиранд. 
Барои мусоидат ба соҳибкорон 105 намуди рухсатнома ва маълумотномаҳо бекор карда мешаванд, ҳамчунин тартиби ба даст овардани 115 намуди чунин ҳуҷҷатҳо соддатар карда хоҳад шуд. 
Мо ба соҳибкороне, ки дар шароити пандемия ба норасоии маблағҳои муомилотӣ дучор шудаанд, кӯмак мерасонем. То охири соли оянда амали имтиёз дар соҳаҳои сайёҳӣ, нақлиёт ва хӯроки умумӣ дароз карда мешавад. Ҳамчунин пешниҳод мекунам, ки пардохти андоз барои замин ва молу мулк ба маблағи умумии 400 миллиард сӯм боз барои як сол дароз карда шавад.  Аз ин сабукиҳо 20 ҳазор соҳибкорон метавонанд истифода баранд. 
Ғайр аз ин бинобар харидҳои давлатӣ дар ҳаҷми то 1 миллиард сӯм миқдори пардохтҳои бунакӣ барои соҳибкорон то 30 фоиз аз арзиши қарордод зиёд карда мешавад.
Умуман барои идома додани кор бинобар дастгирии молиявии соҳибкорон дар доираи барномаҳои кӯмакрасонӣ ба соҳибкории оилавӣ соли оянда 6 триллион сӯм вомҳои имтиёзнок ҷудо карда мешаванд. Боз Ҳукумат 100 миллион доллар барои вусъат додани Барномаи рушди соҳибкории деҳот, ки дар шарикӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ иҷро мегардад, ҷудо менамояд. 
Таҷдиди тақрибан 5 ҳазор ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқие, ки фаъолияти соҳибкориро ба танзим меоваранд, пешбинӣ гардидааст, миқдори онҳо коҳиш дода мешавад, ҳамчунин коркарди Кодекси соҳибкорӣ дар назар аст.
Тавре ки шумо медонед, 4 сол пеш мо ба санҷиши субъектҳои хоҷагидорӣ моратория эълон карда будем. Дар натиҷа миқдори соҳибкорон ду баробар зиёд шуд ва ба 400 ҳазор нафар расид. Вобаста ба ин пешниҳод мекунам, ки ин муоратория боз барои як сол дароз карда шавад.
Баробари ин  Ҳукуматро лозим аст, ки дар бозор шароити баробар фароҳам оварад ва соҳибкорони хусусӣ, такрор мекунам, соҳибкорони бовиҷдон ва ҳалолро, ки дар пояи технологияҳои замонавӣ кор мекунанд, ҳамаҷониба дастгирӣ кунад. Дар ин маврид механизми коҳиш додани иқтисодиёти сиёҳро ҷорӣ намояд. 
Ҳафтум. Омили ҳарчи зудтар муваффақ шудан ба мақсадҳои пешбиникарда бобати коҳиш додани нодорӣ ва зиёд кардани даромади сокинони деҳот куллан баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва самаранокии хоҷагии халқ ба шумор меравад. 
Дар ин маврид баланд бардоштани даромаднокии ҳар гектар замин аз андаряк 2 ҳазор доллари ҳолоина то ба на камтар аз 5 ҳазор доллар вазифаи афзалиятнок ба шумор меравад. Барои ин бояд дар хоҷагии қишлоқ кашфиётҳои пешқадамтарини илмӣ ва инноватсияҳо, аз ҷумла технологияҳои аграрӣ, технологияҳои сарфакунандаи об, биологӣ, комёбиҳои тухмипарварӣ васеъ ҷорӣ карда шаванд. 
Дар навбати аввал бояд манфиатдории фермерон ва деҳқонон аз парвариши замин зиёд гардад. Дар ҷое, ки манфиатдорӣ ва адолат ҳаст, ҳатман дигаргунӣ ва пешравӣ мешавад. Ба ин маънӣ замони баррасии масъала дар бораи ҳуқуқи кафолатноки истифодаи замин ва табдил додани он ба воситаи даромади бозорӣ фаро расид. 
Ҳукумат бояд дар муҳлати ду моҳ бобати таҳкими ҳуқуқи заминдорӣ, мушаххас намудани баҳои иқтисодии замин ва ҷорӣ кардани механизмҳои дохил намудани он ба муомилоти молиявӣ таклиф пешниҳод кунад. 
Соли оянда дар тамоми минтақаҳо Маркази донишҳои кишоварзӣ ва инноватсияҳо созмон дода мешаванд, ки бинобар раванди «равзанаи ягона» ба беш аз 100 намуди фаъолияти аграрӣ, аз ҷумла чунин хидматҳои муҳим, беҳтар кардани ҳолати хок, мубориза ба муқобили касалии рустаниҳо, интихоби тухмӣ хидмат мерасонанд. 
Бори аввал дар бозсозии хоҷагии қишлоқ, рақамикунонии он, баланд бардоштани ҳосилнокии замин, ҷорӣ намудани технологияҳои замонавии аграрӣ зиёда аз 600 миллион доллар дар шакли вом ва грантҳо ҷалб карда мешаванд. 
Майдони заминҳое, ки дар онҳо технологияҳои сарфакунандаи об ҷорӣ мегарданд, панҷ баробар, яъне то 430 ҳазор гектар зиёд карда мешавад. Барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ боз 90 ҳазор гектар замин аз худ мегардад.
Ҳаштум. Тамоми ҳокимони вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо дар ибтидои соли 2020 бори аввал дар назди Шӯроҳо бинобар корҳои иҷрошуда ва нақшаҳои минбаъда ҳисобот доданд. 
Алҳол дар кори мо норасоии аз ҳама асосӣ ин нарасидани дониш мебошад, ки мутаассифона, дар тамоми соҳаҳо мушоҳида мегардад. Воқеан, бидуни донишҳои замонавӣ ягон ноҳия ва ягон соҳаро наметавон инкишоф дод. Аз ин хусус он санад шаҳодат медиҳад, ки дар кишварҳои мутараққӣ беш аз 50 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби «иқтисодиёти дониш», яъне инноватсияҳо ва кадрҳои баландихтисос ба даст меояд.
Минбаъд ҳар як деҳа ва маҳалла бо назардошти махсусияташон, ошкор кардани «нуқтаҳои рушд»-и онҳо тараққӣ мекунад. Бо назардошти ин пешниҳод мекунам, ки соли оянда Бунёди рушди инфрасохтори минтақаҳо бо 3 триллион сӯм буҷа таъсис дода шавад. Маблағҳои он барои молиявӣ кардани лоиҳаҳои инфрасохторие, ки Шӯроҳои маҳаллӣ пешниҳод кардаанд, истифода мешаванд. 
Ғайр аз ин барои рушди иқтидори саноатӣ дар 84 ноҳия ва шаҳр 100 технопарк, минтақаҳои кӯчаки саноатӣ, кластерҳои минтақавӣ ва марказҳои логистикӣ бунёд мегарданд. 
Соли оянда барои фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои кӯчаки саноатӣ 1,6 триллион сӯм равона карда хоҳад шуд.
Дар назди Ҳукумат вазифаи то 1 апрели соли оянда дар минтақаҳо тасдиқ намудани барномаи навсозии зина ба зинаи 130 ҳазор километр хатҳои нақли электрии шиддаташ паст ва зиёда аз 40 ҳазор трансформатор истодааст. 
Барномае қабул карда мешавад, ки барқарор сохтани беш аз 5 ҳазор пулҳои ба таъмир эҳтиёҷдоштаро пешбинӣ менамояд. Барои ин кор дар соли 2021-ум ҷудо кардани 400 миллиард сӯм дар назар дошта шудааст.
Боз як масъалаи муҳим ин татбиқ сохтани барномаҳои «Обод қишлоқ» ва «Обод маҳалла» ба шумор меравад, ки дар доираи онҳо тӯли 3 соли охир симои 1200 маҳалла ва деҳот бо аҳолии тақрибан 5 миллион нафар куллан дигаргун гардид. Мутаассифона, бинобар пандемия моро зарур омад, ки корро дар самти мазкур боз дорем. 
Ҳукуматро лозим аст, ки дар тӯли як моҳ барномаҳои «Обод қишлоқ» ва «Обод маҳалла»-ро барои соли 2021 кор карда барояд ва тасдиқ намояд. Бо маблағ таъмин сохтани барномаҳои мазкурро аз буҷаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бо саҳми баробар пешбинӣ кунад. 
Бояд зикр кард, ки идораҳои байналхалқии молиявӣ низ ба ҷудо кардани 270 миллион доллар барои ин барномаҳо тайёр будани худро изҳор доштанд. 
Яке аз омилҳои муҳими рушди минтақаҳо таъмин кардани рафтуои нақлиётии байни онҳо ба шумор меравад. 
Моро зарур аст, ки шабакаи ба якдигар алоқаманди нақлиётиро, ки имкон медиҳад мардум аз тамоми нуқтаҳои аҳолинишини мамлакат  то ба пойтахт, шаҳрҳои бузург ва марказҳои сайёҳӣ зуд расанд, созмон диҳем. Бо назардошти ин дар назди Ҳукумат вазифаи аз 1 марти соли оянда ба роҳ мондани хатсайрҳои дохилии авиатсионӣ бинобар хатҳои сайёҳӣ ва ҷорӣ намудани низоми сарпӯшии як қисми хароҷот аз ҳисоби буҷаи арзиши билетҳои авиатсионӣ истодаанд. 
Ғайр аз ин як қатор аэропортҳои минтақавӣ ба идораҳои хориҷӣ дар пояи шарикии давлативу хусусӣ дода мешаванд. 
Дар соли оянда ба истифода супурдани 2 қатораи баландсуръат ба нақша гирифта шудааст, электрикунонидани роҳи оҳани Бухоро - Урганҷ - Хива оғоз меёбад. 
Аз ҳисоби ҷалби сектори хусусӣ миқдори рафтуои автобусии байни нуқтаҳои аҳолинишин, ба хусус деҳот ва маркази ноҳияҳо зиёд карда мешавад. 
Дар Тошканд навбати дуюми сохтмони метрои рӯйизаминӣ анҷом меёбад ва қитъаи дарозиаш 12 километр ба истифода супурда мешавад. Дар натиҷа хатҳои зеризаминиву рӯйизаминии метро ба якдигар пайваст шуда, низоми ягона ташаккул меёбад. 
Дар соли 2021 мо ислоҳоти мустақимро бобати рушди сайёҳӣ идома медиҳем. Ба саёҳати зиёратӣ ва дохилӣ эътибори махсус дода хоҳад шуд. 
Барои ободонии ҳудудҳо, рушди инфрасохтори обу роҳ дар атрофи иншооти сайёҳӣ аз буҷа ба маблағи 1 триллион сӯм сармоя равона карда хоҳад шуд. 
Нӯҳум. Дар соли оянда мо ҳифзи иҷтимоии аҳолиро беш аз пеш пурзӯр менамоем. 
Зина ба зина гузаштан ба меъёрҳои мувофиқи ҷаҳонии «модели иҷтимоӣ»-и муайянкунии ногироӣ  дар назар дошта шудааст. 
Низоми нави таъминоти эҳтиёҷмандон ба маснуоти  протезиву ортопедӣ  ва воситаҳои эҳё ҷорӣ карда мешавад. Аз ин имконият тақрибан 50 ҳазор шаҳрвандон метавонанд истифода бубаранд. 
Миқёси корҳо бобати бо манзил таъмин кардани  оилаҳои камбизоат вусъат пайдо мекунад. Чунончи, барои додани аъзобадалии ибтидоӣ 2,4 триллион сӯм равона карда мешавад ва кӯмак барои пардохт бинобар фоизи вомҳои ипотекӣ баҳри 27 ҳазор оила ҷудо мегардад, ки ин нисбат ба соли равон 2,5 баробар бештар мебошад.
Даҳум. Яке аз вазифаҳои муҳимтарини Ҳукумат ин баромадан ба бозорҳои нави содиротӣ боқӣ мемонад. 
Соли оянда бояд кор бинобар аъзо шудан ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ва ҳамкории васеъмиқёс бо Иттиҳоди Аврупо фаъолтар карда шавад. 
Бояд барои истифодаи самарабахши сабукиҳои низоми «GSP+» барномаи махсус кор карда шавад. 
Тавре ки маълум аст, ба қарибӣ Ӯзбекистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё соҳиби мақоми мушоҳид гардид. Барои иштироки пурра дар бозори давлатҳои узви ин созмон моро зарур аст, ки корро бобати ба талаботи онҳо мувофиқ сохтани меъёрҳои миллии танзими техникӣ тезонем. 
Дар соли нав аз Бунёди дастгирии содиротӣ ба корхонаҳо барои хариди ашё ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ 100 миллион доллар ҷудо карда мешавад.
Барои содиргарон 50 фоизи хароҷот баҳри кушодани хонаҳои савдо ва мағозаҳо, харҷ барои реклама дар хориҷа сарпур мегардад. 
Умуман дар назди Ҳукумат вазифаи дар соли оянда на камтар аз 20 фоиз зиёд кардани ҳаҷми содироти молу хидматҳо гузошта шудааст. 
Муҳтарам аъзои парлумон!
Оё ислоҳоти мо дар ҳаёти ҳамарӯзаи халқ инъикоси худро пайдо мекунанд, мо оё ба мақсадҳои пешгузоштаи худ муваффақ мешавем, ин аз бисёр ҷиҳат аз самаранокии низоми идораи давлатии мо вобаста мебошад.
Дар соли оянда дар самти мазкур бояд вазифаҳои зерин иҷро шаванд.
Якум, куллан такмил додани фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ тақозо мегардад.
Дар бисёр вазорат ва идораҳо ҷараёни қабул кардани қарорҳо бағоят марказонида шудаанд. Баъзан духӯрии вазифаҳо мушоҳида мешаванд, зеро онҳо дақиқ ва дар ҳаҷми пурра сабт наёфтаанд.
Баробари ин баъзе муовинони вазирон, роҳбарони зинаҳои миёна масъулиятро ба дӯши худ намегиранд, ташаббус нишон намедиҳанд.
Ин ҳолат аз чӣ сабаб рух медиҳад? Ба онҳо донишу навгониҳо ва эҳсоси масъулиятшиносӣ намерасад ё худ онҳо таъмагар ҳастанд.
Мутаассифона, чунин роҳбарон ба ҷойи он, ки мушкилоти ҷиддиро ҳаллу фасл кунанд, тавре ки инро халқ аз онҳо интизор аст, ба корҳои бефоидаи коғазбозӣ ва баргузор кардани ҷамъомадҳои бесамар машғул мебошанд.
Боз як норасоии ҷиддӣ он аст, ки барои муътадил гардонидани миқдори кормандон, ҳамчунин ходимон аз ҳисоби васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ чораҳо андешида намешаванд.
Вобаста ба ин Ҳукуматро лозим аст, ки дар муҳлати ду моҳ лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқиро, ки ба коҳиш додани идораву вазифаҳои такрорӣ ва бартараф сохтани монеаҳои бюрократӣ дар идоракунӣ нигаронида шудаанд, тайёр кунад. Бояд мувофиқсозии миқдори кормандони низоми идораи давлатӣ ба ҳисоби миёна то 15 фоиз пешбинӣ гардад.
То охири соли оянда бояд миқдори хелҳои хидматҳои давлатии электронӣ 60 фоиз зиёд карда шавад ва шумораи онҳо то ба 300 расонида, саҳми хидматҳои масофавӣ на камтар аз 60 фоиз афзояд.
Дуюм, масъулият ва ҳисоботдиҳии мақомоти давлатӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти маҳалҳо бояд пурзӯр карда шавад.
Аз ибтидои соли оянда ҳар кадом вазорат бояд кори худро дар қисмати ноҳияҳо, шаҳрҳо, деҳот ва маҳаллаҳо ба нақша дароварад. Ба фаъолияти вазирон ва муовинони онҳо бо назардошти он ки чӣ гуна тағйироти воқеӣ дар маҳалҳо ба амал омаданд, баҳо дода хоҳад шуд.
Муовинони Сарвазир, вазирон барои таълими роҳбарон ва ходимони низоми зеридоравии онҳо, корҳои самарабахш дар пояи талаботи нав ва технологияҳои замонавии иттилоотӣ, ҳамчунин барои мунтазам баланд бардоштани ихтисоси онҳо ҷавоб медиҳанд.
Депутатҳо ва сенаторонро даъват мекунам, ки дар ҳавзаҳои интихоботии худ мушкилоти дахлдори вазорат ва ҳокимиятҳо чӣ гуна ҳаллу фасл мешаванд, мунтазам назорат кунанд.
Боз як масъала - мехоҳам таъкид намоям, ки барои баланд бардоштани самаранокии идораи ноҳия, шаҳр ва маҳаллаҳо миқдори кормандон ва ҳаҷми музди маоши онҳо бояд бо назардошти махсусиятҳои минтақа ва ҳаҷми кор муайян карда шаванд. Барои мисол, дар ноҳияи Пахтачии вилояти Самарқанд беш аз 150 ҳазор, дар ноҳияи Ургут зиёда аз 500 ҳазор нафар зисту зиндагӣ мекунанд. Ё худ аҳолии ноҳияи Шайхонтаҳури Тошканд тақрибан 350 ҳазор, ноҳияи Бектемир бошад 46 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Вале миқдор ва музди маоши кормандони идоравӣ дар ноҳияҳои мазкур тақрибан фарқ намекунад.
Ҳукумат бояд дар зарфи ду моҳ дар бораи куллан беҳтар намудани фаъолияти мақомоти идораи зинаҳои миёна ва поёнӣ, таҷдиди назар кардани шумораи кормандон ва шароити пардохти меҳнат лоиҳаи қарорро пешниҳод намояд.
Сеюм, минбаъд такмил додани асосҳои идоравии мақомоти иҷроия ва ҳокимияти намояндагӣ дар ҷойҳо, ҳамчунин дар маҳаллаҳо зарур аст.
Ҳокимият ва Шӯроҳо дар асоси қонуне, ки 27 сол муқаддам, аз замоне ки идораи ҳокимият ҷорӣ карда шуд, қабул гардидааст. Бо назардошти он ки ин ҳуҷҷат ҳоло куллан ба талаботи ислоҳоти кунунӣ мувофиқат намекунад, бояд пурра нав карда шавад.
Натиҷаҳои ислоҳоти мо, тағйироти ба вуқӯъ омадаистода ва кайфияти аҳолӣ пеш аз ҳама дар маҳалла падидор мегардад. Аз ин нуқтаи назар, фикр мекунам,  гуфтан дуруст аст, ки маҳалла оинаи ҷомеа ва суннатҳои ҳаётии мо ба шумор меравад. Барои ҳамин ҳам роҳбарони тамоми дараҷаҳо бояд мушкилотро, тавре ки мегӯянд, аз поён, дар маҳаллаҳо омӯзанд, роҳҳои ҳаллу фасли онҳоро пайдо кунанд, тағйиротеро ҷорӣ намоянд, ки мардум онро дар ҳаёти ҳамарӯзаи худ эҳсос намоянд. Минбаъд ҳолати кор дар маҳаллаҳо ҳангоми баҳодиҳӣ ба кори вазоратҳо, идораҳо ва ҳокимиятҳо маҳаки асосӣ хоҳад буд.
Ҳамчунин бояд барномаи баланд бардоштани нуфузи маҳаллаҳо, зиёд кардани захира ва имкониятҳои он, зиёд кардани таъминоти моддии кормандони онҳо андешида шавад.
Соли равон мо таҷрибаи на камтар аз 10 фоизи маблағҳои иҷрои қисмати буҷаҳои ноҳиявиро новобаста аз ҳаллу фасли мушкилот дар маҳалҳо оғоз намудем, умуман барои ин 70 миллиард сӯм ҷудо карда шуд. Минбаъд чунин таҷриба васеъ истифода мегардад: ба маҳаллаҳо боз 5 фоизи қисмати хароҷоти буҷаи ноҳияҳо ҷудо карда хоҳад шуд. Дар натиҷа, барои мисол, танҳо ба як ноҳияи Ғиҷдувон 8 миллиард сӯм, ба шаҳри Фарғона бошад, 11 миллиард сӯм баҳри ҳаллу фасли мушкилоте, ки аҳолӣ беш аз пеш рӯзмарра меҳисобанд, равона карда мешавад.
Пешниҳоди ҳуқуқ ба раиси маҳалла бобати ба рӯзномаи ҷамъомади Шӯроҳои маҳаллӣ дохил кардани масъалаҳои баррасии ҳатмӣ, имкон медиҳад ҳаллу фасли таъҷилии мушкилот имконпазир гардад.
Низоми пешбарии кадрҳои соҳибтахассус ва соҳибкор, ки дар маҳалла кор мекунанд, ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти давлатӣ ташаккул дода мешавад.
Ба Палатаи қонунгузорӣ ва Сенат зарур аст, ки якҷо бо Девони Вазирон то 1 апрели соли 2021 лоиҳаи қонунҳои навро, ки ба куллан такмил додани фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия, пешниҳоди мақомот ба маҳаллаҳо ва идораи маҳалла нигаронида шудаанд, кор карда бароянд. Ин ҳуҷҷатҳо бояд ваколатҳо, вазифа ва ӯҳдадориҳои ҳокимон, муовинони онҳо ва мушовиронро дақиқ муайян намоянд.
Чаҳорум, тоқатнопазирӣ ба ҳама гуна зуҳуроти тамаъгарӣ бояд қисмати ҷудонопазири ҳаёти ҳамарӯзаи мо гардад.
Тамоми мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, расонаҳои ахбори оммавӣ, ҳар кадом шаҳрванд бояд ба мубориза ба муқобили ин иллат сафарбар карда шаванд.
Моро зарур аст, ки аз синну соли наврасӣ ба кӯдакон дарки онро, ки тамаъгарӣ ҷинояти бағоят ҷиддӣ ба шумор меравад, талқин кунем, дар онҳо нисбати он эҳсоси оштинопазирро тарбия намоем, меҳнати ҳалол ва соҳибкории поквиҷдононаро омӯзем.
Пешгирии тамаъгарӣ хеле муҳим мебошад ва бояд шаффофияти ҷараёни қабулшавии қарорҳо дар тамоми мақомоти давлатӣ таъмин карда шавад. Чунончи, шаҳрвандони мо аз соли равон имконият пайдо карданд бо маълумот дар бораи харидҳои давлатӣ шинос шаванд ва дар ин асос масъалаҳои бамавридро ба миён гузоранд.
Ба Вазорати молия супурда мешавад, ки дар муҳлати се моҳ таҷрибаи интишор намудани маълумот дар бораи даромад ва харҷи бунёдҳои ғайрибуҷавии мақомои давлатӣ, харидҳои ташкилотҳо бо иштироки давлат, ҳамчунин дар бораи кӯмакпулӣ ва грантҳои давлатиро ба роҳ монад.
Он санад, ки тӯли ду соли охир аз ҷониби судҳо анқариб 2,5 ҳазор қарори ҳокимон бекор карда шуд, зарурати таъмин сохтани шаффофияти ҷараёни қабул кардани чунин қарорҳоро ба миён мегузорад. Барои ҳисобу китоб ва чоп кардани қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низоми иттилооти электронӣ ҷорӣ карда хоҳад шуд.
Ба Оҷонсии оид ба аксуламал нисбати тамаъгарӣ супурда мешавад, ки дар зарфи як моҳ бинобар вусъат додани рӯйихати маълумотҳои ошкоро таклиф пешниҳод намояд.
Яке аз воситаҳои хеле самарабахши мубориза бо тамаъгарӣ созмон додани низоми ошкорои интихоби кадрҳо ва қабулкунӣ ба кор ба шумор меравад. Бинобар ҳамин ҳам,  ба ҷои усулҳои умрашон ба охиррасидаи интихоби кадр низоми ошкоро ва шаффофи озмунӣ ҷорӣ карда мешавад, ки имкон медиҳад ба иқтидори зеҳнии номзадҳо баҳо дода шавад. Ҳамчунин низоми таълими мунтазам ва баҳогузорӣ ба дониши ходимони давлатӣ бобати пешгирии тамаъгарӣ ташкил мегардад.
Панҷум, барои он ки ҳар як инсон дар мамлакат дар мисоли ҳаёти худ натиҷаҳои ислоҳоти моро эҳсос кунад, бояд иҷрои саривақтӣ ва самарабахши ҳуҷҷатҳои қабулшударо таъмин кард.
Тӯли 4 сол 150 қонун, тақрибан 2 ҳазор фармон ва қарорҳо, ки ба татбиқ намудани тағйиротҳои васеъмиқёс дар тамоми соҳаҳои ҳаёт нигаронида шудаанд, қабул гардиданд. Вале наметавон гуфт, ки тамоми роҳбарон дар маҳалҳо мазмуну моҳияти ин ҳуҷҷатҳоро дарк мекунанд, имкониятҳои пешниҳодшударо истифода мебаранд, барои аҳолӣ ва соҳибкорон шароитҳои заруриро фароҳам меоваранд.
Низоми дарамали назорат амалан ҷиҳати расмӣ дорад ва ба ошкор кардану ҳаллу фасл намудани мушкилот дар иҷрои ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ нигаронида нашудааст. Бинобар ҳамин ҳам аз соли оянда дар самти мазкур низоми нави кор ҷорӣ карда хоҳад шуд.
Минбаъд то ба аҳолӣ расонидан, маънидод кардани моҳияти ҳуҷҷатҳои қабулшуда, кӯмакрасонӣ дар татбиқ намудани онҳо, назорат барои иҷрояшон вазифаи асосии Вазорати адлия, идора ва шуъбаҳои ҳудудии он мегардад. Барои ин ба Вазорати адлия ваколат ва захираҳои зарурӣ пешниҳод карда мешаванд.
Ҳамчунин назорати ҳамаҷонибаи иҷрои ҳуҷҷатҳои қабулшуда ба роҳ монда хоҳад шуд. Аз ҷумла, ҷорӣ кардани низоми баррасии ҷамъиятӣ ва мониторинги ҷамъиятӣ бо ҷалби фаъоли идораҳои ҷамоати шаҳрвандӣ, расонаҳои ахбори оммавӣ ва худи шаҳрвандон ба ҷараёни мазкур пешбинӣ мегардад.
Ғайр аз ин, дар пояи таҳлили дахлдор вазифа ва ӯҳдадориҳои нозарур, ки барои иҷрои кор халал мерасонанд, ихтисор карда мешаванд. Дар Шӯроҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии депутатҳои халқӣ, дар сатҳи ҷумҳурӣ бошад, дар Девони Вазирон таҷрибаи баррасии танқидии ҳармоҳаи сифат ва ҳолати иҷрои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар мақомоти давлатӣ ҷорӣ мегардад.
Ба Ҳукумат супурда мешавад, ки дар муҳлати як моҳ якҷо бо Вазорати адлия, Оҷонсии рушди хидмати давлатӣ ва Академияи идораи давлатӣ барои ҷорӣ намудани низоми мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
Ба вазири адлия — супурда мешавад, ки низоми то ба аҳолӣ расондани моҳият ва натиҷаҳои ислоҳотро ҷорӣ кунад, баромад ва барномаҳоро дар тамоми расонаҳои ахбори оммавӣ, аз ҷумла дар телевизион, тайёр кардани барномаҳои телевизиониро дар мавзӯи «Қарори Президент - иҷро ва назорат» ташкил намояд.
Шашум, яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти мо минбаъд баланд бардоштани нақши зан дар идораи давлат ва ҷамъият ба шумор меравад.
Тавре ки маълум аст, ҳоли ҳозир идора, бонк ва ҳокимиятҳои масъул зери роҳбарии Федератсияи иттифоқҳои касаба мушкилоти беш аз 6 миллион нафар занро хона ба хона гашта, муфассал меомузад. Мо бояд эътироф намоем, ки дар натиҷаи ин чорабиниҳо бори аввал вазъияти воқеӣ дар маҳалҳо фош гардид. Акнун дар асоси ин натиҷаҳои омӯзиш «дафтари занон» ташаккул меёбад, ҷустуҷӯйи ҳалли амалии ин мушкилоти иҷтимою иқтисодӣ, ки бисёр занонро дар ташвиш гузоштааст, ба амал оварда мешавад. Дар ин бевосита шӯроҳои машваратии занон, ки дар маҳаллаҳо ба тозагӣ таъсис ёфтаанд, кӯмак мерасонанд.
Мо хуб медонем, ки ин ҳанӯз аввали кор аст, ки доир ба ҳалли вазифаҳое, ки дар самти мазкур дар назди мо қарор доранд.
Вазифаи мо тамоми имконотро ба кор бурдан аст то ки шароити муносибро барои беш аз 17 миллион занони мамлакатамон - духтарон, модарон ва момоёнамон ба вуҷуд оварем.
Касе мушкилот ва ташвишҳои занонро беҳтар аз онҳо фаҳмида наметавонад. 
Дар натиҷаи ислоҳоти ҷорӣ дар бобати пурзӯр намудани мақоми зан дар идораи давлатӣ имрӯз онҳо 30 фоизи депутатҳо ва сенаторонро дар парлумон ташкил менамоянд. Дар ҳокимиятҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо вазифаи мушовири ҳоким оид ба масъалаи занон ҷорӣ карда шудааст.
Ба сифати қадами навбатӣ дар баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷамъият, барои онҳо ба вуҷуд овардани имконоти нав ман таъсис додани Шӯрои ҷамъиятии занони ҷумҳуриро пешниҳод менамоям, ки ба он занони фаъол ва ташаббускоре, ки молики таҷрибаи ҳаётӣ буда, аз ташвишҳои занон хуб воқиф мебошанд, дохил мешаванд. 
Фикр мекунам, ки ҳамаи шумо маро дастгирӣ мекунед, агар ман ба роҳбарии ин шӯро Раиси Сенат Танзила Камоловна Норбоеваро, ки соҳиби таҷрибаи калон дар ин соҳа мебошад, пешниҳод намоям.
Аз рӯйи мантиқ аст, ки агар фаъолияти шӯроҳои занонро дар маҳалҳо мушовирони ҳокимон оид ба масъалаҳои занон роҳбарӣ намоянд.
Ба ихтиёри шӯроҳои тозатаъсисшаванда гузарондани фондҳои ҷумҳурӣ ва минтақавӣ оид ба дастгирии занонро мувофиқи мақсад мешуморам. 
Барои дастгирии бизнес-лоиҳаҳои занон ва ҳалли ташвишҳои дар маҳалҳо фошшудаи занон аз буҷет барилова беш аз 1 триллион сӯм равон карда мешавад. Бо ин мақсадҳо Бонки халқӣ системаи нави таълими занонро ба соҳибкорӣ, барои онҳо таҳия намудани бизнес-нақшаҳои намунавӣ ва мададрасонии амалиро барои дарёфти кредит ба амал ҷорӣ менамояд. 
Ба Олий Маҷлис ва Ҳукумат дар муддати 1 моҳ таҳия намудани пешниҳодот доир ба тайёр намудани системаи ягонае, ки барои минбаъд пурзӯр намудани нақши зан дар ҷамъият ва идораи давлатӣ нигаронда шудааст, супурда шуд. 
Боз як масъалаи муҳим — дастгирии ҳамаҷонибаи куҳансолон. Ин қарз ва ӯҳдадории бевоситаи мост. 
Барои ба таври ҳамешагӣ мадад расондан ба солхӯрдагон имконоти молиявии фонди ҷумҳурии «Нуроний» зиёд карда шуд. Ба ин мақсад соли оянда ба фонд 100 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.
Ҳаҷми маблағе афзуда мешавад, ки барои кӯмаки моддӣ ва ташкили фароғати хуби беш аз 16 ҳазор нафар собиқадоре, ки барои нигоҳубини доимӣ эҳтиёҷманд буда, номгӯйи хидмати иҷтимоӣ ба онҳо васеъ карда мешавад, муқаррар гаштааст. Ғайр аз ин, дар санаторияҳои нави Бухоро, Қаршӣ ва Урганч инчунин муассисаҳои табобативу профилактикии мавҷуда беш аз 25 ҳазор нафар собиқадор саломатии худро беҳ гардонда метавонад.
Муҳтаво ва теъдоди барномаҳои телевизионии «Панди падарон»-ро ғанӣ намудан ва ҳамчунин ташкил намудани барномаҳои нави «Маслиҳати нурониён», «Гурунги маҳалла» дар шабакаҳои телевизионии марказӣ бахшида ба солхӯрдагон мувофиқи мақсад мебуд. 
Ҳафтум, мо дастгирии ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ, инчунин воситаҳои ахбори оммавиро дар ҷараёни инкишофи ҷамъияти озоди шаҳрвандӣ идома медиҳем. 
Фаъолияти Фонди ҷамъиятии дастгирии ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ, инчунин дигар институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ бояд ба ҳалли ташвишҳои муҳими маҳалҳо нигаронда шавад. 
Аз он ҷумла ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ дар асоси фармоиши иҷтимоӣ барои ифшо намудани масъалаҳои мавҷуда дар маҳалҳо, таҳлили чуқури онҳо, таҳияи пешниҳодот барои ҳал ва таъмини назорати ҷамъиятӣ аз болои татбиқи онҳо васеъ ҷалб карда мешаванд. Чунин ҳамкориро пеш аз ҳама дар чунин соҳаҳо, мисли таълим, маданият, тиббиёт, экология, сохтмон, ҳисоби кадастр, нақлиёт, хоҷагии коммуналӣ, шуғл, хидмати иҷтимоӣ васеъ ҷорӣ намудан мувофиқи мақсад аст. Соли оянда барои ташкили ин кор аз буҷет 60 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад. 
Инчунин ташкил намудани институти намояндагии доимии ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратиро дар Палатаи қонунгузорӣ пешниҳод менамоям. Чунин мешуморам, ки вай бояд соҳиби ваколати иштирок дар ҷамъомадҳои палатаи поёнии парлумон бошад, инчунин пешниҳодоташ дар масъалаҳои назорати ҷамъиятӣ мутаассир ва шарикии иҷтимоӣ, ки зимни қабули қонунҳо гузошта мешаванд, инъикос ёбад.
Мехоҳам эътибори шуморо ба масъалаи муҳими навбатӣ нигаронам. Бояд махсус таъкид кард, ки воситаҳои ахбори оммавӣ дар баробари холисона инъикос намудани тағйироти доманфарох, ки дар мамлакатамон ба вуқӯъ мепайванданд, эътибори идораҳои давлатӣ ва ҷамъиятро ба мушкилоти муҳим дар маҳалҳо ва роҳбарони тамоми дараҷаҳоро барои ҳалли ин масъалаҳо менигаронад. Имрӯз онҳо ҳарчи бештар «ҳокимияти чорум» мегарданд. 
Албатта, матолиби тезутунд ва танқидӣ ба бисёр соҳибмансабон дар маҳалҳо хуш намеоянд, оромӣ ва ҳаёти беғамонаи онҳоро халалдор месозад. Аммо рушодгӯйӣ ва озодии сухан — ин талаби замон, талаби ислоҳот дар Ӯзбекистон мебошад.
Дар чор соли охир мо дар муҳити ҷамъияти ошкорбаёнӣ ва рушодгӯии бавуҷудоянда, озодии сухан зиндагӣ ва кор карданро ёд мегирем. Танқиди адолатноки журналистон ва блогерҳои холис хато ва кӯтоҳиҳои роҳбарони ба тариқи куҳна коркунандаро нишон медиҳад ва онҳоро барои иваз намудани усули кор ва баланд бардоштани масъулият водор месозад. 
Минбаъд ҳар як мақомоти давлатӣ дар фаъолияти рӯзмарраи худ бояд бо воситаҳои ахбори оммавӣ гуфтугуйи доимӣ ва ҳамкориро роҳандозӣ намояд. Гувоҳи қадамҳои бовариноки мо дар роҳи озодсозии қонунгузорӣ дар ин соҳа, ба қарибӣ аз Кодекси ҷиноӣ хориҷ намудани меъёре, ки ҷазоро дар шакли маҳрум намудан аз озодӣ барои туҳмат ва ҳақорат дар ВАО пешбинӣ менамуд, аст. 
Соли оянда асосҳои ҳуқуқии таъмини озодии сухан, рушди ҳамаҷонибаи воситаҳои ахбори оммавӣ, фаъолияти озодонаи журналистон ва блогерҳо боз ҳам мустаҳкамтар мегардад.
Дар ҳоле ки мамлакати мо тоза ба зинаи нави тараққиёт мебарояд, бо мақсади дастгирии васеъ ва ҳимояи воситаҳои ахбори оммавӣ, ҳамдастӣ ва ҳамкорӣ ба хидматҳои хабарии мақомоти давлатӣ Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ ташкил шуда буд. Барои он ки соҳаи иттилоот ба дараҷаи нави ислоҳот бароварда шавад, рушди минбаъдаи он таъмин гардад, фаъолияти ВАО-и мустақил аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ ёбад, чунин мешуморам, ки фаъолияти агентӣ аз лиҳози танқидӣ таҷдиди назар гардад. 
Депутат ва сенаторони муҳтарам!
Дар соли нав мо ислоҳотро идома медиҳем, ки ба таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва озодии инсон, волоияти қонунмандӣ нигаронда шудааст.
Тавре ки медонед, дар чор соли охир мо дар бобати ислоҳоти низоми суду ҳуқуқ қадамҳои қатъӣ гузоштем. Беш аз 40 қонун, фармон ва қарор аз рӯи масъалаҳои бартаринок дар ин соҳа қабул гардид. Адолат пойгоҳи мустаҳками давлатдорӣ аст. Ҳокимияти суд дар таъмини суди одил ва волоияти қонун нақши муҳим доранд. Аз ин нуқтаи назар дар пеши мо дар ин самт корҳои зиёд вуҷуд доранд.
Якум. Принсипи «як суд — як инстансия», ки  аз соли нав татбиқ мегардад, дар заминаи таъмини адолат, қонунмандӣ ва суботнокии қарорҳои суд маҳаки асосӣ бояд гардад.
Имрӯз шикоятҳо аз болои қарорҳои судҳои вилоятӣ аз ҷониби худи онҳо баррасӣ мегардад. Фақат соли 2019 13 ҳазор чунин қарори судҳои вилоятӣ тағйир дода шуданд ё худ аз ҷониби Суди олӣ бекор карда шуданд. Аз соли оянда инстансияҳои такроршавандаи суд бекор карда мешавад. Амалиёти баррасии парванда ба тартиби назорат, ки ба стандарти суди одил ҷавоб намедиҳад, бекор карда мешавад.
Масъалаи навбатии муҳим: аз соли нав се тоифаи судҳои дараҷаи вилоят - парвандаҳои шаҳрвандӣ, иқтисодӣ ва ҷиноятӣ - ба як суд муттаҳид карда мешаванд. Ин навгонӣ барои аҳолӣ ва соҳибкорон шароити муносиб фароҳам меорад.
Инчунин аз аввали сол низоми нави шунавоии пешакӣ дар суд чун тартиби нав ба амал татбиқ мегардад. Ҳамин тариқ, дар ҳоли вуҷуд доштани асосҳои кофӣ барои нигоҳ доштан ва ё бас намудани парванда суд дар муддати хеле кӯтоҳ қарори дахлдорро қабул менамояд, ки бинобар он зарурияти баргардондани парванда ба мақомоти тафтишот ва ё прокуратура, чи хеле ки ин қаблан вуҷуд дошт, аҳамияти худро аз даст медиҳад.
Боз як навгонӣ ин аст, ки барои ҳимояи хуби ҳуқуқи сармоягузорон дар Суди олӣ сохтори махсуси суд доир ба баррасии баҳсҳои сармоягузорӣ ва парвандаҳо дар бораи рақобат таъсис мегардад. Акнун сармоягузор бинобар салоҳдиди худ метавонад бевосита ба Суди олӣ барои ҳалли баҳсаш муроҷиат намояд.
Дар ҷараёни минбаъд васеъ намудани низоми рақамии суд барои шаҳрвандонамон имконоти ба суд наомада ба тариқи онлайн пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ва ҳамчунин аз масофа мушоҳида намудани ҷараёни баррасии аризаҳои худ фароҳам оварда мешавад.
Дуюм. Кор дар бобати ҳарчи васеътар татбиқ намудани принсипи инсонигарӣ дар низоми иҷрои ҷазо идома  дода мешавад. Аз он ҷумла, бинобар стандартҳои байналхалқӣ 25 колонаи иқомати ҷинояткорон марҳала ба марҳала кам карда мешавад.
Минбаъд ҷазо, ки ба шахси бори аввал маҳкумшаванда таъин мегардад, ба ҳарчи ҷазои нармтар иваз карда мешавад ва ҳамзамон ба ҷойи колонияи иқомат ба назорати пробатсионӣ равон карда мешавад. Дар натиҷаи чунин коҳиш додани ҷазо барои 6 ҳазор нафар шахс, ки ҳоло муддати ҷазоро мегузаранд, барояшон имконияти дар хонаи худ бо оилаашон зери назорати маҳалла зиндагӣ кардан пешниҳод мегардад.
Ҳамзамон ваколати иваз намудани ҷазо ба ҳарчи нармтари он ва пешниҳод намудани шафоат дар бораи пеш аз муҳлат шартан озод намудан аз муассисаи иҷрои ҷазо ба Комиссияи гуманитарӣ дода мешавад, ки ба тозагӣ таъсис мегардад.
Сеюм. Барои такомули кулли низоми ҷабрдиҳӣ бо мақсади бартарафсозӣ фаъолияти ҷустуҷӯиву оперативӣ, мақомоти тафтишот ва иҷрои ҷазоро куллан таҷдиди назар намудан ногузир мебошад.
Мутлақ аз рӯи адолат аст, ки чунин ҳолатҳое, ки то ҳанӯз ҷой доранд, боиси эътирози ҷиддии шаҳрвандон мегардад ва ба обрӯи байналхалқии мамлакатамон зарар мерасонад.
Палатаҳои Олий Маҷлис ва Маркази миллии ҳуқуқи инсон дар муддати ду моҳ пешниҳодотро доир ба васеъ намудани ваколати Омбудсман дар ҷиҳати бартарафсозии ҷабрдиҳӣ ва ҳамчунин пурзӯрсозии назорати ҷамъиятӣ дар ин соҳа пешниҳодотро таҳия намоянд. Бояд низоми дар ҳар се моҳ боздид намудани мониторӣ аз изоляторҳои тафтишотӣ ва муассисаҳои пенитенсиарӣ бо иштироки намояндагони ҷамъият роҳандозӣ гардад. Палатаҳои Олий Маҷлис бояд ҳар сол ҳисоботи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро дар бораи бартарафсозии ҷабрдиҳӣ шунаванд ва чорабиниҳои ногузирро доир ба комилан решакан намудани ин падидаи қатъиян манфӣ муайян намоянд.
Чорум. Соли гузашта тартиби бевосита пешниҳод намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба онҳое, ки ба мамлакатамон то соли 1995 омадаанд, муқаррар карда шуда буд. Ин имкон дод, ки беш аз 50 ҳазор нафар молики шаҳрвандӣ гарданд.
Агар дар идомаи ин кор соли оянда мо мақоми шаҳрвандии Ӯзбекистонро ба шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба мамлакатамон то соли 2005 омадаанд ва дар ин ҷо ба тариқи доимӣ зиндагӣ мекунанд, пешниҳод намоем, шумо чӣ хел нигоҳ мекунед? Бинобар ин боз 20 ҳазор нафар имкон пайдо мекунад, ки шаҳрванди Ӯзбекистон гарданд.
Минбаъд тартиби пешниҳоди шаҳрвандӣ бевосита ба шахсони бешаҳрвандӣ пешниҳод мегардад, ки дар мамлактамон дар тӯли 15 сол ба тариқи доимӣ зистаанд.
Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!
Дар шароити ҷараёнҳои мураккабе, ки дар ҷаҳон ба амал меоянд, муноқиша ва муқовиматҳо дар хориҷи наздик ва дур мо бояд кори худро дар бобати таъмини сулҳ ва бехатарӣ дар мамлакат пурзӯр намоем.
Соли оянда ба мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат эътибори ҷиддӣ медиҳем. Аз он ҷумла, ба минбаъд баланд бардоштани иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ, потенсиали касбӣ ва ҷисмонии қӯшунҳо, дастгирии иҷтимоии хидматчиёни ҳарбӣ ва хонаводаи онҳо, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватанпарварӣ эътибори алоҳида менигаронем.
Муносибатҳои нав барои таъмини бехатарии ҷамъиятӣ ва ба вуҷуд овардани муҳити боамн дар ҳар як маҳалла ба амал татбиқ мегарданд.
Ислоҳоте, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро барои воқеан ба ҳимоягарони оромии аҳолӣ ва манфиатҳои шаҳрвандонамон дар амал табдил додан нигаронда шудааст, идома меёбанд.
Фоҷиаҳои табиӣ ва техногенӣ, ки дар солҳои охир дар мамлакатамон ба вуқӯъ пайвастанд, оташгириҳои давраи тирамоҳу зимистон ва дигар падидаҳои номатлуб тақозо менамояд, ки низоми ҷории соҳа такмил дода шавад. Дар мамлакат бисёр объектҳои бузург, иморатҳои баланд сохта мешаванд, ки инчунин ба вуҷуд овардани низоми нави таъмини бехатарӣ аз оташро тақозо менамоянд. Куллан мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникӣ ва потенсиали кадрии зершӯъбаҳои сӯхторнишониву наҷотдиҳии соҳа ногузир мебошад.
Бинобар ин ба Ҳукумат дар муддати ду моҳ таҳия намудани лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳолатҳои фавқулодда» ва барномае, ки ба ҳалли мушкилоти мазкур нигаронда шудааст, таҳия намудан супурда мешавад.
Муҳтарам сенаторҳо ва вакилон!
Меҳмонони азиз!
Ҳангоми татбиқи сиёсати хориҷии кишварамон дар соли 2021 вазифаҳои зерин барои мо аҳамияти аввалиндараҷа хоҳанд дошт.
Аввалан, бо назардошти сиёсати хориҷии кушода, прагматикӣ ва созандаи мо, инчунин ҳадафҳои дарозмуддати стратегии мо Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро такмил додан зарур аст.
Дуюм, мо ба таҳкими минбаъдаи дӯстии чандинасра, ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва эътимоди тарафайн бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки самти афзалиятноки сиёсати хориҷии мост, диққати махсус медиҳем.
Шароити вазнини пандемия бори дигар нишон дод, ки мо то чӣ андоза ба ҳам алоқамандем ва ба якдигар чӣ қадар ниёз дорем. Барои омӯхтан ва рушди минбаъдаи ин равандҳои мусбат имсол дар Тошканд Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд.
Соли оянда дар Тошканд конфронси сатҳи олии байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақаи мо ва Осиёи Ҷанубӣ баргузор мешавад.
Ҳамзамон, дар назар аст, ки дар якҷоягӣ бо ЮНЕСКО дар шаҳри Хива конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ» баргузор карда шавад.
Сеюм, мо муносибатҳои гуногунҷабҳа ва мутақобилан судманди худро бо Русия, Чин, ИМА, Туркия, Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Ҳиндустон, Покистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар давлатҳо идома хоҳем дод.
Вазири корҳои хориҷӣ ва муовинони ӯ, сафирони кишвари мо дар хориҷа бояд системаи нави самарабахши кор бо ин кишварҳоро ҷорӣ кунанд.
Чорум, мо итминони комил дорем, ки дар Афғонистони ҳамсоя сулҳи деринтизор фаро хоҳад расид ва мо минбаъд низ дар ин кори хайр кӯмаки амалӣ хоҳем расонид.
Муболиға нахоҳад шуд, агар бигӯем, ки Конфронси байналмилалии Тошканд барои саъю кӯшишҳои ҷаҳонӣ оиди ҳалли мушкилоти Афғонистон заминаи мустаҳкам гузошт.
То имрӯз мо аввалин қадамҳои амалиро оид ба бунёди долони нақлиётии Трансафғон, ки Осиёи Марказиро бо Уқёнуси Ҳинд мепайвандад, гузоштем. Татбиқи лоиҳаи мазкур ба таъмини субот ва рушди иқтисодӣ дар тамоми минтақа хизмат хоҳад кард.
Панҷум, рушди ҳамкориҳои зич бо СММ ва дигар сохторҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамеша дар маркази диққати мо хоҳад буд.
Имсол бори аввал Ӯзбекистон ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил раисӣ кард ва сарфи назар аз пандемия ҳама — зиёда аз 60 чорабиниҳои байналмилалии ба нақша гирифташуда бомуваффақият гузаронида шуданд, тақрибан 70 санади муҳим қабул карда шуд.
Мо инчунин омодагии ҷиддиро барои раёсати Ӯзбекистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай дар солҳои 2021-2022 оғоз кардем.
Шашум, мо дар ҳамкорӣ бо созмонҳои дахлдори байналмилалӣ дастовардҳои худро дар соҳаи ҳуқуқи инсон, озодии сухан ва эътиқод пайваста тақвият хоҳем дод.
Соли оянда таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид мо форуми байналмилалӣ оид ба «Маърифат дар соҳаи ҳуқуқи инсон», Конфронси ҷаҳонии ҷавонон оид ба ҳуқуқи ҷавонон ва конфронсҳои минтақавӣ оид ба озодии динро баргузор мекунем.
Ҳафтум, ман пешниҳод мекунам, ки Бунёди «Ватандошлар» бо мақсади дастгирӣ ва таҳкими робита бо ҳамватанони мо, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, таъсис дода шавад.
Ҳаштум, мо кори мустаҳкам намудани фазои ҳамоҳангии миллатҳо ва таҳаммулпазириро дар сатҳи сифатан нав баланд мебардорем.
Ҳамаи шумо медонед, ки мувофиқи қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид, 30 июл ҳамасола ҳамчун Рӯзи байналмилалии дӯстӣ таҷлил карда мешавад. Ман пешниҳод мекунам, ки ин сана дар Ӯзбекистон ҳамчун Рӯзи дӯстии халқҳо ҷашн гирифта шавад.
Нӯҳум, мо аз бад шудани вазъи экологӣ дар минтақа ва дар саросари ҷаҳон ҷиддан нигаронем.
Мо дар якҷоягӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи ҷаҳонӣ кори худро ҷиҳати рафъи оқибатҳои офатҳои экологӣ, ки дар натиҷаи фоҷиаи Арал ба амал омадаанд, идома хоҳем дод.
Дар поёни хушки он садҳо ҳазор гектар ҷангал ва буттаҳо бунёд карда мешаванд, дар минтақаи баҳри Арал корҳои азим барои бунёдкорӣ ва ободонӣ анҷом дода мешаванд, ки ин ҳама мардуми моро ба фатҳи марраҳои нав илҳом мебахшад. Дар ин робита, мо корҳои амалиро дар доираи Фонди бисёрсоҳавии траст оид ба амнияти инсон дар минтақаи баҳри Арал, ки дар ҳамкорӣ бо СММ таъсис дода шудааст, тақвият хоҳем дод.
Ҳамватанони азиз!
Мувофиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, таҳдиди пандемия метавонад муддати тӯлонӣ боқӣ монад. Ҳоло маълум нест, ки ин озмоиш барои инсоният чӣ қадар тӯлонӣ идома меёбад.
Тибқи пешгӯиҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, коршиносони бонуфуз, пандемия метавонад падидаҳои бӯҳронӣ, ташаннуҷи иҷтимоӣ, камбизоатӣ ва дигар мушкилотро дар саросари ҷаҳон зиёдтар кунад.
Ҳамаи мо мефаҳмем, ки пас аз пандемия, манзараи иҷтимоию иқтисодии ҷаҳон ҳатман тағйир хоҳад ёфт.
Таҷриба нишон медиҳад, ки танҳо давлатҳое, ки низоми қавӣ ва муассири идоракунӣ ва аҳолии муттаҳид дорад,  метавонанд паҳншавии васеи пандемияро саривақт пешгирӣ ва оқибатҳои онро бартараф кунанд.
Инро таҷрибаи Ӯзбекистон ҳангоми мубориза бо пандемия исбот мекунад. Аммо мо набояд аз натиҷаҳои ба даст овардашуда хотирҷамъ шавем, балки вазъияти ҷаҳонро бодиққат назорат кунем ва пеш аз ҳама дар бораи таъмини манфиатҳои миллиамон ғамхорӣ зоҳир кунем.
Дар вазъи душвори имрӯза, вазифаи асосӣ бояд идомаи пайвастаи ислоҳоти ҳамаҷониба дар кишвар, қадамҳои боэътимоди мо дар роҳи бунёди Ӯзбекистони нав бошад.
Таъмини суботи иқтисодӣ ва сиёсӣ дар давраи бӯҳрони ҷаҳонӣ, ҳалли мушкилоти мавҷуда дар маҳал, дастгирии қишрҳои ниёзманди аҳолӣ, дарк намудани умеду орзуҳои ҷавонони мо бояд вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарони ҳамаи сатҳҳо, аз Президент сар карда бошад.
Талаботи асосӣ дар иҷрои ин вазифаҳои таъхирнопазир фаъолияти самараноки ҳамоҳангшудаи ниҳодҳои давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати он мебошад.
Воқеаи муҳими сиёсӣ дар ҳаёти кишвар ва мардуми мо дар соли 2021  интихоботи Президентӣ ба амал меояд.
Комиссияи марказии интихоботӣ бояд ба дар сатҳи баланд дар асоси қонунгузории миллӣ ва принсипҳои байналмилалии эътирофшудаи демократӣ ташкил кардани интихоботи пешистода диққати махсус диҳад.
Пеш аз ҳама, дар байни аъзои комиссияҳои интихобот ташаккули дониши системавии қонунгузории интихобот ва стандартҳои байналмилалӣ зарур аст.
Мо минбаъд низ дар самти татбиқи қонунгузории миллӣ ва амалияи тавсияҳои нозирони байналмилалӣ дар интихоботи гузашта, ки барои мо қобили қабуланд, корро идома хоҳем дод.
Боварӣ дорам, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ болоравии бемайлони фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ ва тақвияти мавқеи шаҳрвандии интихобкунандагон, ҳамаи ҳамватанони моро дар Ӯзбекистони нав нишон хоҳад дод.
Дӯстони азиз!
Ба фикрам, парлумони мо, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, насли калонсоли хирадманд ва ҷавонони ташаббускор дар бораи вазифаҳои афзалиятноки Муроҷиатномаи имрӯза андешаҳои худро баён хоҳанд кард.
Бо назардошти пешниҳодҳо ва фикру ақидаи ҷомеа оид ба афзалиятҳо ва вазифаҳои имрӯз муайяншуда Ҳукумат бояд дар тӯли як моҳ Барномаи давлатии соли 2021 ва Барномаи рушди Ӯзбекистонро пас аз пандемия таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Бояд қайд кард, ки мо барои расидан ба ҳадафҳои худ захираҳои кофии табиӣ, қувва ва потенсиал дорем.
Ва дар ин маврид мардуми сермиллати мо — собиқадорони муҳтарам, занони меҳнатдӯст ва ғамхор, ҷавонони тафаккурашон замонавӣ, ки аз касе камӣ надоранд, барои мо такягоҳи мустаҳкам мебошанд. Муҳимтар аз ҳама, дар ҷомеаи мо фазои сулҳ, ризоияти байни миллатҳо ва таҳаммулпазирӣ, шафқат ва меҳрубонӣ ҳукмфармост.
Дар атрофи ҳадафи муштараки «Мо дар Ӯзбекистони нав — кишвари озод ва шукуфон зиндагӣ мекунем!» муттаҳид шуда, бо ҳисси масъулияти амиқ, суботкорона меҳнат карда, ҳатман ба ҳадафҳои пешгузошташуда мерасем.
Имрӯз, бо ниятҳои нек, мо дар назди худ барои соли 2021 ҳадафҳои хеле муҳим мегузорем.
Албатта, иҷрои онҳо осон нахоҳад буд. Мутаассифона, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мо ҳанӯз ҳам мушкилот ва камбудиҳо зиёданд. Ба касе пӯшида нест, ки аз сабаби набудани ташкили дурусти кор дар маҳал баъзе роҳбарон салоҳият ва тахассус надоранд, бюрократия, фасод, бепарвоӣ ва хунукназарӣ вуҷуд дорад.
Мо ин мушкилотро хуб медонем. Ва барои рафъи монеаҳое, ки ба рушди мо халал мерасонанд, ислоҳоти оғозкардаамонро бемайлон идома хоҳем дод.
Аз ин нуқтаи назар, дар Соли нав мо бояд бо ҷидду ҷаҳд ва бо садоқати бештар кор кунем. Мушкилоти зиёди зиндагӣ шояд моро то ҳол интизоранд ва мо бояд ба ин омода бошем.
Аммо ҳарчанд душвор бошад ҳам, мо аз роҳи ислоҳоти демократӣ дур нахоҳем шуд. Мо пеш хоҳем рафт, танҳо ба пеш. Ва барои ин мо тамоми имкониятро дорем. Охир, мардуми мо мисли дирӯза нестанд. Ӯзбекистони имрӯза Ӯзбекистони дирӯза нест.
Қудрат ва иродаи мардуми мо, ки дар шароити ҳозираи душвор ҳамаи озмоишу мусибатҳоро паси сар мекунад, боз ҳам қавитар мешавад. Ҳар як ҳамватани мо боз ҳам амиқтар дарк мекунад, ки ҳаёт ва сарнавишти ӯ бо тақдир ва ояндаи Ватан пайванди ногусастанӣ дорад.
Эътимод ба қудрат ва тавонмандиҳои худ моро босубот мегардонад, дар роҳи ҳадафи олӣ — ташаккул додани заминаи Эҳёи нав дар кишвар муттаҳид мешавем. Ин саъй бо мундариҷаи амалӣ ғанӣ шуда, ба ҳаракати бузурги воқеан умумимиллӣ табдил меёбад.
Дар сафи он будан хушбахтии бузург ва шарафи бузург аст.
Ва ба ҳар яки мо ин хушбахтиро мехоҳам — ба Ватани азизамон, ба мардуми шарифи мо содиқона хидмат кардан!
Бо истифода аз ин фурсат, шумо ва дар шахсияти шумо ҳамаи ҳамватанонамонро бо Соли нави фарорасидаистодаи 2021 самимона табрик мегӯям.
Ба ҳамаатон саломатии бардавом ва ба оилаҳоятон шукуфоӣ таманно дорам!
Бигзор зиндагии фарзандону набераҳои мо хушу зебо бошад!
Барои эътиборатон ташаккур.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: