«Қабул – 2018: шаффофият, поквиҷдонӣ маҳаки адолат ва муносибати инноватсионӣ» чунин буд мавзӯи иҷлосияи навбатии Клуби байналхалқии матбуот.
Дар иҷлосия, ки дар шакли машварати видеоселекторӣ гузашт, ҷараёнҳои қабул ба муассисаҳои таълими олӣ ва тайёрӣ ба имтиҳонот таҳлил шуданд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, Маркази давлатии тест, Инспексияи давлатӣ оид ба назорати сифати таълим, ректорони мактабҳои олии пойтахт иштирок карданд. Ректорон ва кормандони масъули муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо аз тариқи студияҳои маҳаллӣ робита доштанд.
Миқдори умумии квота барои бакалавриат дар соли таҳсили 2018/2019-ум 69 ҳазору 200 ададро ташкил медиҳад. Аз он барои таълим бо гранти давлатӣ 17 ҳазору 654, ба таълими пуливу қарордодӣ 51,546 ҷой ҷудо карда шудааст. Ба магистратура 5 ҳазору 903 нафар, аз онҳо 1 ҳазору 552 нафар барои таълим бо гранти давлатӣ, 4 ҳазору 351 нафар ба таълими пуливу қарордодӣ қабул карда мешаванд.
Арзиши таълим барои шуъбаҳои ғоибона ва шабонаи мактабҳои олӣ дар ҳаҷми на камтар аз арзиши таълим дар шуъбаи рӯзонаи бакалавриати дахлдор муайян карда хоҳад шуд. Умуман дар саросари мамлакат ба 60 мактаби олӣ ва 19 бахшҳои онҳо 675 ҳазору 49 нафар довталабон ҳуҷҷат супурдаанд.
Аз ҷониби Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус ба мақсади дар сатҳи олӣ баргузор кардани қабули ҳуҷҷатҳо ва имтиҳонҳои касбӣ (эҷодӣ), ҳамчунин таъмин намудани равандҳои адолат ва шаффофияти ин ҷараён корҳои зиёде иҷро гардида, барои довталабон ва падару модарони онҳо шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуданд. Муайян карда шуд, ки имтиҳоноти дохилшавӣ ба макктабҳои олӣ бинобар самтҳои таълим, ки қабул ба онҳо дар пояи имтиҳонҳои касбӣ (эҷодӣ), бидуни санҷишҳои тест гузаронида мешаванд, аз 25 июл то 10 августи соли равон баргузор мегарданд.
Ба мақсади одилона ва шаффоф гузаронидани имтиҳоноти касбӣ (эҷодӣ) бинобар самтҳое, ки донишҳои эҷодиро тақозо менамоянд, соли равон дар мактабҳои олӣ бори аввал бо иштироки депутатҳо ва падару модарони довталабон назорати ҷамъиятӣ ҷорӣ карда шуд.
Дар иҷлосия ҳамчунин бори аввал дар таърихи муассисаҳои таълими олӣ Муроҷиати ректорон пешниҳод ва қабул гардид.
Дар матни муроҷиат зикр шудааст, ки довталабон бояд танҳо ба дониши худ такя кунанд: «Тавре ки шумо мебинед, барои ҷавонони мамлакат баҳри таълим ва дарёфти касб тамоми шароит фароҳам оварда мешаванд. Ҳоло шумо қарор додаед, ки ба хондан дароед, соҳиби касбу коре шавед, барои ин донишу таҷрибаи худро истифода баред, тавре амал кунед, ки сазовори эътимоди Президент бошед, ки барои шумо чунин шароитро фароҳам овардааст. Ба тест ҷиддан тайёрӣ бинед ва ба супурдани имтиҳоноти дохилшавӣ мувофиқи дониши худ омода бошед».
Баробари ин падару модарон низ ба поквиҷдонӣ даъват карда шуданд. «Мутаассифона, ҷаҳонбинии фиребгарону ҳаннотон тағйир намеёбад. Онҳо имрӯз низ чун пештара зиндагӣ мекунанд, дар хаёли он мебошанд, ки бо роҳҳои нопок даромади сабук ба даст оваранд. Ҳушёр бошед, ба доми онҳо наафтед», гуфта мешавад дар муроҷиат. Дар урфият мегуянд: «қарс аз ду даст мебарояд». Мувофиқи бобҳои дахлдори қонун «Дар бораи тамаъгарӣ» ҳам порахӯр ва ҳам порадеҳ дар назди қонун ҷавобгарии баробар доранд ва бешубҳа, ба ҷазо кашида мешаванд. Агар шумо ба фарзанди худ кӯмак кардан хоҳед, ба амалҳои ноҷо ва хуфиёна роҳ надиҳед! Фаромӯш накунед, ки қадами нодуруст дар ин роҳ бо гузашти замон метавонад ба ояндаи фарзанди шумо таъсири манфӣ расонад».
Нурилло НАСРИЕВ,
хабарнигори ӮзА.