МУРОҶИАТИ СОҲИБКОР – ДАР МАРКАЗИ ДИҚҚАТ

Вақте ба ҳудуди ноҳияи Бекободи вилояти Тошканд мерасед, кӯле ба назаратон мерасад, ки гӯё доманаш ба уфуқ пайвастааст.

Вақте ба ҳудуди ноҳияи Бекободи вилояти Тошканд мерасед, кӯле ба назаратон мерасад, ки гӯё доманаш ба уфуқ пайвастааст. Ин кӯл, ки ҷузъе аз экологияи ҳудуд гаштааст, дар асл ба ивази меҳнати бисёрсолаи соҳибкори заҳматталаб бо роҳи сунъӣ барпо гаштааст. 
Бо қарори ҳокими ноҳияи Бекобод моҳи ноябри соли 2012 дар 9,3 гектар замин соҳибкор Фахриддин Ҷониев кӯли сунъӣ ба вуҷуд оварда, фаъолияти хоҷагии фермерии моҳипарвариро ба роҳ гузошта буд. Дар ин мобайн соҳибкор нафақат кӯли калони сунъӣ ба вуҷуд овард, балки атрофи онро обод намуда, роҳҳои дохилиро таъмир намуд. Аз ҳама муҳимаш чандин ҳамдеҳаи худро бо манбаи доимии даромад таъмин кард. Соҳибкор барои ин корҳо 400 миллион сӯм харҷ намуда, фаъолияти хоҷагии фермериро дар сатҳи баланд ба роҳ андохт.
Аммо соли гузашта аз ҷониби иттиҳодияи «Ӯзбекбалиқсаноат» ҳавзи сунъии хоҷагии фермерӣ ба тарзи беасос ба сифати ҳавзаи оби табиӣ ба эълони иҷора гузошта шуд. Барои он ки соҳибкор сунъӣ будани кӯлро исбот намояд, хеле сарсон гардид.
Дар оқибати кор тамоми ҳуҷҷатҳо илова карда шуда, аз ҷониби ҳокимияти ноҳияи Бекобод ба ҳокимияти вилояти Тошканд моҳи январи соли ҷорӣ муроҷиат гардид, ки ба қарори ҳокими вилоят аз моҳи сентябри соли 2019 тағйирот дохил карда шавад. Аммо то ҳанӯз ин мактуб беҷавоб мемонад.
Дар ниҳояти кор соҳибкор Ф.Ҷониев ба номи Раиси Сенати Олий Маҷлис муроҷиат кард. Дар он барои аз ҳавзаи табиӣ ба сунъии моҳипарварие, ки аз ҷониби хоҷагии фермерӣ барпо гаштааст, гузарондани кӯл ва ба сифати мулки ҷамъияти масъулияташ маҳдуди хоҷагии фермерӣ аз нав ташкил намудан мадад пурсида шудааст.
Муроҷиати мазкур аз ҷониби Кумитаи оид ба масъалаҳои аграрӣ, хоҷагии об ва экология зери назорат гирифта шудааст. Ҳоло барои ҳалли он кор бурда мешавад. Агар бигӯем, ки рӯзҳои наздик мушкили соҳибкор ҳаллу фасл мегардад, муболиға нахоҳад шуд.

Хидмати матбуоти Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: