МУРОҶИАТНОМАИ ПРЕЗИДЕНТ БА ОЛИЙ МАҶЛИС — ДАР ОИНАИ АФКОРИ УМУМ

Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» дар байни аҳолии кишвар «Шаҳрвандони Ӯзбекистон дар бораи Муроҷиатномаи Президент ба Олий Маҷлис» пурсиши телефонӣ гузаронд, ки дар он муносибати шаҳрвандон ба ҳадаф ва самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии Ӯзбекистон дар соли 2020, ки дар Муроҷиатномаи сарвари давлатамон ба парлумон муайян шудааст, ошкор гардиданд.

Пурсиши телефонӣ дар байни сокинони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Дар он мардону занони 18-сола ва аз он  боло, сокинони шаҳру деҳот, намояндагони миллатҳои гуногун ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ки дар ҷанба ва соҳаҳои гуногун кор мекунанд, ширкат варзиданд.
Тавре ки маълум аст, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев санаи 24 январи соли 2020 ба Олий Маҷлис оид ба натиҷаи корҳо дар соли 2019 ва самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии кишвар дар соли 2020 бо Муроҷиатномаи  худ баромад  кард.
Тибқи натиҷаҳои пурсиши телефонӣ аксарияти шаҳрвандони кишвар, яъне 78,9 фоиз бо Муроҷиатномаи Президент ба Олий Маҷлис, ки  тавассути Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон ва шабакаҳои Интернет мустақиман намоиш дода шуданд,  ошноӣ пайдо кардаанд.  Сатҳи баланди шавқу рағбати шаҳрвандон ба Муроҷиатнома аз таваҷҷӯҳи  ҷомеа ба равандҳои сиёсии дар кишвар рухдода, инчунин ҳисси дахлдорӣ ва масъулияти шаҳрвандон барои тақдири давлат ва иҷрои ҳадафу вазифаҳои дар Муроҷиатнома муайяншуда шаҳодат медиҳад.
Ҳангоми пурсиши телефонӣ сарчашмаҳои асосии иттилоот муайян карда шуданд, ки тавассути онҳо шаҳрвандони кишвар бо мазмуни Муроҷиатномаи Президент ба Олий Маҷлис шинос шуданд. Ҳамин тариқ, 80,1 фоизи пурсидашудагон пахши мустақими муроҷиати сарвари давлатро дар телевизион тамошо карданд. Ҳар як даҳумин иштирокчии таҳқиқот дар бораи ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ дар ҳаёти кишвар бо шарофати барномаҳои хабарӣ ва таҳлилӣ, ки барои ошно ва тавзеҳ додани моҳияти Муроҷиатнома равона шудаанд, маълумот гирифтанд. 6,6 фоизи ширкаткунандагон посух доданд, ки пахши мустақими Муроҷиатномаро аз Интернет тамошо карданд. Илова бар ин, 3,3 фоизи шаҳрвандон гуфтанд, ки онҳо аз Муроҷиатномаи Президент аз хешовандон, дӯстон ва ҳамкасбонашон огоҳӣ ёфтанд, ки ин маънои акси садои баланд доштани сухани сарвари давлатро  дорад.
Тавре ки таҳқиқоти телефонӣ нишон доданд, аҳолии кишвар муроҷиати сарвари давлатро ба парлумон мусбат арзёбӣ намуданд. Аз рӯйи натиҷаҳо, аксарияти кулли ӯзбекистониён – 97,2 фоиз боварӣ доранд, ки ташаббусҳои Шавкат Мирзиёев ва нақшаи дарозмуддати ислоҳоти минбаъдаи иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба рушди ҳамаҷониба ва босуръати давлат ва ҷомеа нигаронида шудаанд, ба тағйироти мусбии вазъи иқтисодии кишвар, мустаҳкам намудани мавқеи Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон ва сифати зиндагӣ мусоидат менамояд.
Дар рафти пурсиши телефонӣ андешаи ӯзбекистониён оиди кадом бандҳои Муроҷиатномаи Президенти кишвар ба Олий Маҷлис дар онҳо таассуроти амиқтар гузоштааст, муайян карда шуд.
Аксарияти мутлақи шаҳрвандон – 67,4 фоиз ҷавоб додаанд, ки яке аз вазифаҳои афзалиятноки Муроҷиатнома ин таъмини суботи иқтисодии кишвар, пешгирии инфлятсия ва паст кардани сатҳи қашшоқӣ мебошад. Дар ҷараёни пурсиш шаҳрвандон ибрози андеша карданд, ки суханони сарвари давлат дар бораи “музди меҳнат, нафақа ва кӯмакпулиҳо пеш аз сатҳи инфлятсия афзоиш меёбад” ба ақидаҳои онҳо оид ба адолат мувофиқат мекунанд ва изҳори умедворӣ карданд, ки онҳо албатта амалӣ хоҳанд шуд. Дар зеҳну дили ҳар як ӯзбекистонӣ ин таманнои Шавкат Мирзиёев оиди  «дар кишвари мо, ҳар оила хона, манзили худро дошта бошад» вокуниши хосе дошт.
Пурсиши телефонӣ нишон дод, ки дар 61,5 фоизи шаҳрвандон аз он, ки сарвари давлат ба мубориза бо коррупсия эътибори калон медиҳад, таассуроти  махсус гузошт. Бино ба гуфти сокинон, қарори Президент дар бораи таъсиси як сохтори зиддикоррупсионӣ дар кишвар муҳим аст, ки он на танҳо бо ришвахорӣ мубориза барад, балки бо пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ шуғл варзад. Иштирокчиёни пурсиши телефонӣ алоҳида таъкид карданд, ки онҳо ақидаи сарвари давлатро пурра ҷонибдорӣ мекунанд, ки «то тамоми ҷомеаи мо, ба маънои рамзӣ, бо «ваксинаҳои ростқавлӣ» эм карда нашаванд, мо ба ҳадафҳои худ расида наметавонем».
Ташаббусҳои Президентро оид ба минбаъд такмил додани муҳити корӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани қонунгузории соддакардашудаи андоз ва механизмҳои сабуккунандаи пардохти андоз бо имконоти батаъхиргузорӣ ё тамдиди муҳлат, ҷорӣ кардани тартиби баргардонидани қисми андоз аз арзиши иловашуда ба соҳибкорон ҳангоми фурӯши маҳсулот махсусан иштирокчиёни пурсиши телефонӣ дастгирӣ ва тасдиқ карданд. Шаҳрвандон инчунин чораҳоеро, ки ба соддагардонии тартиби иҷозатномадиҳӣ ва додани иҷозатномаҳо, инчунин ба танзим даровардани санҷишҳои фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳо нигаронида шудаанд, дастгирӣ мекунанд.
Ба ақидаи 58,9 фоизи шаҳрвандон самти афзалиятнок чораҳо оид ба рушди илм, маориф ва инноватсия, тарбияи кадрҳои насли нав, ки ҳамчун ташаббускорони ислоҳот баромада, соҳиби биниши стратегӣ, дониши амиқ ва тахассуси баланд мебошанд, ба ҳисоб мераванд. Ташаббуси Президент оид ба афзоиш додани қабули ҷавонон ба таҳсилоти олӣ ва пешниҳоди ду баробар зиёд кардани ҳиссаи донишҷӯён аз ҳисоби грантҳои давлатӣ низ боиси дастгирии махсуси аҳолӣ гардид.
Тибқи ақидаи 56,3 фоизи шаҳрвандоне, ки дар пурсиш иштирок кардаанд, ташаббусҳои сарвари давлат дар самти баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоиву сиёсӣ ва иҷтимоии занон, фароҳам овардани шароит барои татбиқи худ дар соҳаҳои гуногун, таъмини риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо аҳамияти муҳим доранд. Дар ин роҳ ҷудо кардани 100 миллиард сӯм қарзи имтиёзнок барои татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратии 5,5 ҳазор зан қадами муҳим мебошад. Ғайр аз ин, давлат бунаки ибтидоии 1576 занро  барои хариди манзили нав ҷуброн мекунад.
Дар ҷараёни таҳқиқот 53,9 фоизи шаҳрвандон изҳор карданд, ки вазифаҳоро оид ба  рушди сайёҳӣ, аз ҷумла ҳаҷ ва тибб тасдиқ мекунанд. Респондентҳо зарурати ба рӯйхати мероси моддӣ ва ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО дохил намудани объектҳои нави Ӯзбекистонро комилан дастгирӣ мекунанд.
Тибқи 49,3 фоизи пурсидашудагон пешниҳоди роҳбари давлат дар бораи он, ки шахсони бешаҳрванд — тақрибан 50 ҳазор нафаре, ки то соли 1995 ба мамлакати мо омадаанд, шаҳрвандии Ӯзбекистонро мегиранд, аҳамияти махсус дорад.
Иштирокчиёни пурсиши телефонӣ бовар доранд, ки Президент ба ҳифзи саломатии шаҳрвандон, ислоҳоти соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, фароҳам овардани шароити муносиби корӣ ва баланд бардоштани даромади кормандони тиб ва таҳкими нуфузи онҳо дар ҷомеа аҳамияти махсус медиҳад. Шаҳрвандон пешниҳоди сарвари давлатро дар бораи зарурати ҷорӣ кардани назорат аз болои гардиши доруворӣ, манъ кардани гардиши маҳсулоти қалбакӣ ва ташкили системаи назорати воқеии дору дастгирӣ мекунанд.
Тадқиқоти телефонӣ нишон дод, ки 49,2 фоизи аҳолии Ӯзбекистон чораҳоро дар самти пурзӯр гардондани ҷой ва нақши мақомоти худидоракунии шаҳрвандон дар ҷомеа, баланд бардоштани аҳамият ва нуфузи маҳаллаҳо дар ташаккул додани муҳити эҳтиром ва ҳамбастагии мутақобила, ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ муҳим мешуморанд. Аз ҷумла, пурсидашудагон корҳоеро, ки дар доираи барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» оид ба сохтмон ва ободонии маҳаллаҳо, сохтани роҳҳо ва роҳравҳо, таъмир ва сохтмони системаҳои нави обтаъминкунӣ, кашидани лӯлаҳои газ ба минтақаҳои дурдаст ва дастнораси кишвар, бо қувваи барқ беист таъмин кардани аҳолӣ иҷро шудаанд, дастгирӣ мекунанд. 
Тадқиқоти телефонӣ нишон дод, ки 98,1 фоизи шаҳрвандон пешниҳоди Президентро дар бораи «Соли рушди илм, маърифат ва иқтисоди рақамӣ» эълон кардани соли 2020 дар Ӯзбекистон комилан ҷонибдорӣ мекунанд. Ба ақидаи пурсидашудагон, таъмини татбиқи босуръати технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ яке аз шартҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебошад.
Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дорои эътибори баланд ва эътимоди мардуми Ӯзбекистон мебошад. Аксарияти пурсидашудагон – 93,6 фоиз ба Президенти кишвар пурра боварӣ доранд ва мутмаинанд, ки ҳадафҳои роҳбари давлат дар Муроҷиатнома ба  Олий Маҷлис ба рушди минбаъда ва такмили бисёр соҳаҳои ҳаёти кишвар ва ҷомеа, тағйироти кишвар нигаронида шудаанд ва ҳаёти шаҳрвандонро беҳтар мегардонанд.
Дар маҷмӯъ пурсиши телефонӣ нишон дод, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон самти стратегии ислоҳот ва бозсозии минбаъдаи кишварро, ки дар Муроҷиатномаи Президент ба  Олий Маҷлис пешниҳод гардидаанд, ҷонибдорӣ мекунанд ва бовар доранд, ки чораҳои таҳти сарварии роҳбари давлат оид ба рушди Ӯзбекистон, ташкили иқтисодиёти донишбунёд, рушди босуръати саноат, соҳаҳои нақлиёт, энергетика, рушди тиҷорат ва сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ барои кашфи иқтидори мардум, сафарбар намудани он ба коре, ки некӯаҳволӣ ва шукуфоии давлат аз он вобаста мебошанд, имкониятҳои навро фароҳам меоранд.

Дар асоси маводи Маркази «Ижтимоий фикр»
М. АНИСИМОВА 
омода кард.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: