МУРОҶИАТҲО ҲАЛЛИ ХУДРО МЕЁБАНД

Шӯрои журналистзанони назди Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон дар Маркази матбуоти миллӣ таҳти мавзӯи «Муроҷиати занону духтарон: таҳлил ва муаммоҳо» ҷамъомад барпо намуд.

Дар он муовини раиси иттиҳодия Холмурод Салимов, муовини раиси Кумитаи занону духтарон Гулнора Маъруфова, раиси Шӯрои журналистзанони назди иттиҳодия Фирӯза Одилова, раҳбари шуъбаи кор бо шаҳрвандони Кумитаи занону духтарон Озода Исломова оиди баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоӣ-сиёсии занон таҳти роҳнамоии Президент Шавкат Мирзиёев, мустаҳкам кардани мавқеи занон дар ҷамъият, дастгирии ташаббускорӣ ва ғояҳои пешқадами онҳо, ҳифзи оила, модару кӯдак, муаммоҳое, ки солҳо ҳалли худро намеёбанд, мулоҳизаҳои худро гуфтанд.
Дар ҷамъомад доир ба мониторинги муроҷиатҳои занон ба кумита ва ҳалли он баҳсу мунозира карданд.
Давоми соли 2018 ба телефони боварии кумита зиёда аз 12 ҳазор муроҷиат даррасид. Рӯзи панҷшанбе қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст. Дар як рӯз зиёда аз 40 нафар зан қабул карда шуда, 35-то хат аз назар гузаронида мешавад.
Чунин қабули аҳолӣ дар ҳудудҳои гуногун низ ҷорӣ карда шудаанд. Муроҷиатҳо сари вақт омӯхта шуда, аксари онҳо ҳалли худро ёфтаанд. Аз дархостҳо маълум мегардад, ки ҳанӯз на ҳамаи занону духтарон ҳуқуқи худро хуб медонанд. Дар баланд бардоштани ҳуқуқи саводомӯзии занон хидмати воситаҳои ахбори оммавиро  таъкид карданд. Баҳри такмили журналистикаи занон ва таҳлили чуқури мавзӯъҳои ҳуқуқӣ аз журналист дониши баланд  ва таҷрибаи бой талаб мекунад.
Аснои таснифи муроҷиатҳо маълум гардид, ки занон бештар дар масъалаҳои манзил, ҳуқуқ, моҷароҳои оилавӣ, набудани ҷойи кор ва барқарор намудани саломатӣ муроҷиат кардаанд.

Г. КАБИРОВА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: