МУСАВВИР

Дар он домони пурахтар,

ки рӯҳи шаб ба рӯйи осмон 
густурд
Ва дашти ахзариранг
анфоси нави Хизри 
абадзинда ба бар бинмуд,
Биёсуд хоболуда.
Нигоҳам бол сӯйи он ҷаҳон бикшуду рӯйи сафҳае торик 

Ба ранги хандаи маҳтоб
тарҳе рехт 

Ва дар он арш,
Ки бар андозаи сад фарсахи хобеву бедорист,
ману истораҳо он тарҳи шабро зинда месозем,
ба рӯйи шонаи субҳе,
ки мерезад ба чашми оламиён нур аз заркосаи 
Хуршед.
Ва дар он арш,
ки хокашро зулоли рӯшноӣ пок бинмуда
ва обаш дар ҳавои меҳр полуда.
Ба чашмам манзаре аз хок мерӯяд:
аҷаб шаҳре, ки сар то пост афсона...
Дар ин дунёи афсона
манам кадбонуи хона.
Ба рӯйи суфраам шаҳманту месозам,
миёни тифлакони бекасукӯе –
ба кафтарҳои беболу ғаминрӯйи замин то ки кунам 
қисмат.
Сипас аз лӯлаҳои абр
Гирам пунбаву ресам ба мижгон риштаҳои меҳр.
Ва аз лабханди зарполудаи Хуршед
таҳи мӯҳои маҷнунбед
бибофам шоҳӣ, то пироҳане бар пайкари урёни 
тифлон дӯзаму тақдим бинмоям.
Бинӯшам хандаҳои ҳар яке чун шираи шаккар,
бурун орам зи дил мурдоби ашку гӯри ғам дигар.
Ва бар тифлони гунгу кар
садои обро бахшам,
забони осмони хобро бахшам
ва гӯш аз пораи гӯши Худо бидҳам.
Барои зулмати чашмони бетасвир
зиёву тобҳо бахшам зи нури арш,
ранги рӯз,
ва ё худ ҷуфти ахтарро ба ҷойи чашмҳо бидҳам.
Гирифтам ранг аз рангинкамон,
то тифлаконро санъати Монӣ биомӯзам.
Буридам коғази испед
пас мӯинқалам аз кокулони шед,
кашидам баҳри тифлон сурате аз ранги нури 
чашмаи уммед.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: