МУСАВВИРИ БОМАҲОРАТ

Дар рӯ ба рӯйи маҷмӯаи Регистон – дар нигористони шӯъбаи вилоятии Иттиҳодияи эҷодии рассомони Ӯзбекистон чанде қабл намоиши асарҳои мусаввири самарқандӣ Хуршедҷон Халилов баргузор шуда буд.

Хуршедҷон Халилов наққоши бомаҳорат буда, дар жанри рангтасвир бо заҳмату дилбастагӣ асарҳое меофарад, ки тамошобинро бефарқ намегузоранд. Сураткаш ба ҳар коре, ки даст занад, онро ҳунармандонаву устодона анҷом медиҳад. Дар оғози моҳи декабри соли сипаригардида 50 асари вай, ки ба ҳукми тамошобинон ҳавола гардида буд, бо илҳоми саршор офарида шудаанд. Рангтасвирҳои «Фарҳод ва Ширин», «Аккоси саг», «Садои карнайу сурнай», «Мутрибон», «Шоми Регистон», «Зебосанам» ва ғайра баҳри дили тамошобинро мекушоянд. Аммо барои офаридани ин симоҳои барояш азиз чӣ қадар азоб кашидааст, худаш медонаду Худо!
Хуршедҷон ҳангоми таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 9-уми шаҳри Самарқанд ба расмкашӣ дил баст. Омӯзгори фанни нақшакашӣ Орифҷон ба суратҳои шогирд зеҳн монда, бо таърифу ситоиш рӯҳашро болида месохт. Дилбастаи санъати тасвирӣ аввал дар омӯзишгоҳи касбӣ-ҳунарии рақами 6-уми шаҳр, сипас дар факултаи рассомии Донишкадаи давлатии меъморӣ-сохтмони Самарқанд таҳсил гирифт. Омӯзиши эҷодиёти устодони рангтасвир ба ӯ имкон дод, ки доираи мавзӯъҳоро васеъ намуда, маҳорати хешро сайқал диҳад ва услубашро дар заминаи анъанаҳои наву миллӣ инкишоф бидиҳад. Шогирди навқалам кӯшиш ба харҷ медод, ки дар як тасвир ҷузъиёти зиёдеро таҷассум намояд, вале бо гузашти айём дарк кард, ки усули сода ва оммафаҳмро бояд пайдо намуд. Дар асарҳояш тавонист чеҳра, нигоҳ, ваҷоҳат ва рӯҳи қаҳрамонҳояшро офарад. Аз ҳамин сабаб ӯ дар ҳар як асар қиёфаҳои ба худ хосро рӯйи матоъ меовард. Маълум аст, ки офаридани расмҳо аз эҷодкори худ дониши амиқ, дарки ба худ хоси ҳодисаҳои ҷаҳони имрӯза ва касби волоро тақозо мекунад.
– Хуршедҷон солҳои охир пайваста дар талош ва ҷустуҷӯйҳои эҷодӣ аст, – гуфт узви вобастаи Академияи рассомони Ӯзбекистон Аслиддин Исоев. – Намоиши асарҳои ӯ дар Тошканд, Маскав, Душанбе, Алмаато, Олмон, Фаронса ва дигар кишварҳои ҷаҳон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки устоди рангтасвир зина ба зина пеш меравад.
– Соҳиби мӯйқалам мӯшикофона бо эҷод машғул аст, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Самаркандский вестник», санъатшинос Анастасия Павленко. – Ҳар як асари ӯ ҷаззобияти ба худ хос дорад. Бидуни муболиға метавон гуфт, ки ҷилои рангҳои нигораҳо ба ёдгориҳои меъмории Регистон акс медиҳанду боз ҳам зебо ба чашм мерасанд. Барҳақ Хуршедҷон Маҳмудович ба ҳар як коре, ки даст занад, онро ҳунармандона анҷом медиҳад. Ба мусаввири чирадасти мактаби эҷодии Самарқанд Хуршедҷон Халилов комёбиҳои нав ба нав таманно дорам.
Баъди ошно шудан бо наққошиҳои Хуршедҷон Халилов дар коргоҳи ӯ суҳбатамон дар атрофи як пиёла чой идома ёфт. Диққати моро чанд тасвири нотамом ба худ кашид. Соҳибхона аз нигоҳамон рамуз гирифта гуфт, ки ҳангоми расмкашӣ ғояҳои дигар меоянд, тарҳашонро рӯйи матоъ овардан лозим. Вагарна аз хотир мебароянд. Нависандагону журналистон ҳам дафтари хотира доранд-ку.
– Шайх Саъдӣ мегӯяд, ки «Як гули мақсуд дар ин бӯстон, Чида нашуд бе мадади дӯстон». Аввалин мушовири шумо кист? 
– Устод Аслиддин Искандарович, ки утоқи кориашон дар шафатам аст, – ба миёнадевор ишорат намуд ӯ. – Бо доно машварат кардан, хатои худро ислоҳ кардан аст. Ҷомаи бо маслиҳат кӯтоҳ наояд.
– Шумо кадом асари худро беҳтарин мешуморед?
– Асареро, ки ҳанӯз наофаридаам. Иқрор шудан лозим, ки асари хубу бад нест. Дар нақшофарӣ низ мисли китобнависӣ ранҷ бисёр. Аммо ҳамин, ки нуқтаи хотимавиро мегузоред, нафаси сабук мекашеду табъатон болида мегардад.
– Парии «илҳом» кай меояд?
– Нобаҳангом. Гоҳ дар роҳ, гоҳ дар хоб. Ана баъд ғояро қувват медиҳед, вассалом.
– Аҷиб, фарзандон оё аз паси падари бузургвор рафтаанд?
– Ду писару ду духтар дорам. Фарзандони калонӣ Хушбахту Зайнура дар мактаб таҳсил гирифта, баъзан саргарми расмкашӣ мешаванд. Аз он хурсанд ҳастам, ки шогирдонам кам нестанд. Ба ҳоли қудрат ба онҳо асрори касбро ёд медиҳам, ки анъанаи хуби мактаби санъати Самарқанд аст. Хушбахт касест, ки ворисони муносиб дорад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: