МУШКИЛОТ БА ТУФАЙЛИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ ҲАЛЛУ ФАСЛ МЕГАРДАД

Рушди босуръати иқтисодиёти миллӣ ва таъмини суръати баланди тараққиёт, бешубҳа аз самтҳои устувор ва муҳимтарини Стратегияи рушд ба шумор меравад.

Кам кардани сатҳи камбизоатӣ, барҳам додани бекорӣ, рушди соҳибкорӣ, ки имрӯз аз масъалаҳои мубрами мамлакатамон мебошад ва дар ниҳоя, таъмин намудани фаровонҳолии аҳолӣ тариқи рушди иқтисодӣ ҳаллу фасл мегардад.
Дар ҷамъомади видеоселекторие, ки бахшида ба муҳокимаи масъалаҳои муайян намудани Стратегияи рушди Ӯзбекистон дар солҳои 2022-2026 баргузор шуд, роҳбари давлатамон гуфт: «Аз ҳеч кас пӯшида нест, ки имрӯз дар ҷамъият барқарор нигоҳ доштани сулҳу осоиш, мустаҳкам намудани истиқлолият, нигоҳ доштани якпорчагии мамлакат, таъмин намудани дахлнопазирии сарҳадҳоямон яке аз вазифаҳои муҳим, агар лозим бошад, масъалаи масъалаҳо мебошад. Танҳо иқтисодиёти устувор имконияти ҳаллу фасл намудани мушкилоти иҷтимоиро дода метавонад».
Дар панҷ соли ояндаи Стратегияи рушд мақсад гузошта шудааст, ки ҳаҷми афзоиши маҳсулоти дохилӣ ба 100 млрд. доллар баланд бардошта, иқтисодиёти рақамӣ ба «драйвери» асосӣ баргардонда шавад. Чунки, дар ҷараёни ҷаҳонишавии имрӯза рушди иқтисодиёти Ӯзбекистонро бидуни технологияҳои рақамӣ тасаввур набояд кард.
Мутахассисон низ тахмин мекунанд, ки қариб чаҳоряк қисми афзоиши маҳсулоти умумӣ ба секторҳои рақамӣ рост меояд. Бино бар нишондодҳо иқтисодиёти рақамӣ афзоиши маҳсулоти умумиро то 30 фоиз баланд бардошта, иқтисодиёти хуфиёнаро барҳам медиҳад.
Боз ҳам беҳ гардондани муҳити инвеститсионӣ, баланд бардоштани нуфузи он, дар панҷ соли оянда ба 120 млрд. доллари ИМА бурдан, аз ҷумла ҷалб намудани 70 млрд. доллар инвеститсияи хориҷӣ нишон дода шудааст. Ба нақша гирифта шудааст, ки бо баланд бардоштани салоҳияти содиротии мамлакат ҳаҷми содирот соли 2026 ба 30 млрд. доллар расонда мешавад. 
Пӯшида нест, ки дар мамлакат низоми куллан нави рушди соҳибкории хурд ва хусусӣ офарида шудааст. Ба монеаҳои расмиятпарастии соҳа барҳам дода мешавад. Ҳамин тариқ, дар стратегия фароҳам овардани шароит барои ташкил намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ташаккул додани манбаъҳои даромади доимӣ ба эътибор гирифта шуда, саҳми сектори хусусии дар афзоиши маҳсулоти умумӣ ба 80 фоиз, саҳми содиротии он ба 60 фоиз расонда шавад.
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои рушдкардаи иқтисодиёти ҷаҳон буда, барои мамлакатҳои зиёд ба манбаи даромади калон табдил ёфт. Мамлакатамон оид ба сайёҳӣ имкониятҳои васеъ дорад. Дар ҷумҳурӣ беш аз 7 ҳазор объекти мероси маданӣ мавҷуд аст ва наздик ба 200-тои он ба рӯйихати ЮНЕСКО дохил карда шудааст. Ғайр аз ин, табиати зебо, маскунҳои истироҳатӣ имконияти кушодани самтҳои нави сайёҳиро фароҳам меоварад. 
Дар Стратегияи рушд вазифаҳои устувори сай-ёҳӣ нишон дода шудааст, ки дар доираи барномаи «Ба Ӯзбекистон сафар кунед» ба зиёда аз 12 млн. нафар расондани шумораи сайёҳони маҳаллӣ ва ба 9 млн. нафар расондани сайёҳони хориҷӣ  ба назар гирифта шудааст.
Бале, мақсад ва вазифаҳои номбаршуда бесабаб ба рӯйихат гирифта нашудааст. Ҳафт бор чен карда, як бор буридан, ки хислати хоси халқамон мебошад, ба эътибор гирифта шудааст. Манбаъҳои молиявии стратегия, ки ҳафт самти устувор ва сад мақсадро муттаҳид сохтааст, муайян карда шудааст. Хуллас, вазифаҳои оянда ҳамаи неруҳоро муттаҳид карда, давомнокии мақсадҳои некро, ки ба фаровонҳолии мардум ва рушди мамлакатамон хидмат мекунад, таъмин намудан мебошад.

Ҷамшед ҚОСИМОВ,
узви Кумитаи ислоҳотҳои иқтисодӣ ва буҷаи 
Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: