МУШКИЛОТ ДАР ҶОЯШ ҲАЛЛУ ФАСЛ ГАРДИД

Роҳбари раёсати корҳои дохилии вилояти Сурхондарё, полковник Ш.Сотволдиев дар ноҳияи Музробод қабули сайёр баргузор намуд.

Сокини маҳаллаи Наврӯзи ноҳия А. Ҳайдаров бобати дар асоси воми имтиёзнок соҳиби яке аз хонаҳои навсохти замонавӣ гардидан ёрии амалӣ пурсид. Худи ҳамон рӯз шароити оилавии шаҳрванд ҳаматарафа омӯхта шуд ва масъала ҳаллу фасли худро ёфт. 
Истиқоматкунандаи маҳаллаи «Юртим ҷамоли» Ф.Айназарова, бо кӯмаки маҳалла бо кор таъмин карда шудааст,  аммо то ҳол музди меҳнаташро нагирифта буд. Р.Муҳаммадҷонов низ дар ҳамин маҳалла зиндагӣ мекунад. Ба туфайли камии даромади оила барои гирифтани шиносномаи нав имконият надоштааст. Мушкилоти ҳар ду шаҳрванд дар ҷояш ҳал гардид.
Дар қабули сайёр доир ба рушди соҳибкорӣ, фароҳам овардани ҷойи нави корӣ, бартараф намудани камбудиҳои соҳаи нерӯи барқ, таъмири роҳ, беҳтар намудани сифати хидмати тиббӣ, хонаву ҷой, оби нӯшокӣ, кӯмаки моддӣ барин масъалаҳо зиёда аз 140 муроҷиат шунида шуд ва 45-тои онҳо дар ҷояш ҳалли худро ёфт. Доир ба муроҷиатҳои муддатнок шахсони масъул вобаста карда шуданд ва иҷрои он таҳти назорат гирифта шуд.

Х. МАМАДРАИМОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: