МУШКИЛОТ ҲАЛ,САДДҲО БАРТАРАФ МЕШАВАНД

Як гурӯҳи кории иборат аз мутахассисони вазоратҳою идораҳои мухталифи ҷумҳурӣ дар ноҳияи Қамашии вилояти Қашқадарё ҳузур дорад.

Ин гурӯҳи корӣ бо супориши Президент дар асоси «Таҷрибаи Оққӯрғон» созмон ёфта ва мақсад дорад, ки муаммоҳои ҳаёти мардуми қаламрав, мушкилоти рӯзафзуни соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияро биомӯзад ва дар ҳалли онҳо чораҳои муассир биандешад.
Гурӯҳ бо баргузор сохтани як семинар дар хусуси муаммоҳои ҷойдошта, хатову камбудиҳое, ки дар фаъолияти соҳаҳои мухталиф зуҳур кардаву ба пешрафти корҳо халал мерасонанд, суҳбат орост. Дар кори семинар ҷонишини Мушовири Президент Улуғбек Муҳаммадиев ширкат дошт. Вай ба аҳли маҷлис гуфт, ки барои бунёди Ӯзбекистони Нав бояд тамоми сохторҳои ҳукуматӣ ба таври зарурӣ ва муназзам кор кунанд. Ҳар гуна саддҳо, ки метавонанд боиси ба кундӣ татбиқ гардидани ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ шаванд, бояд зуд бартараф гарданд. Некуаҳволии мардум, ривоҷи соҳибкории хурду бузург ва коҳиши нодорӣ, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ эътибори ҷиддӣ медиҳад, ҳамеша дар мадди назари идораҳои мутасаддӣ бояд қарор гиранд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки бояд ба масоиле чун таъмини шуғли аҳолӣ бо корҳои муфид, кумак расонидан ба шаҳрвандоне, ки шароити хуби зист надоранд, беҳбуд бахшидани инфрасохтори маҳаллаҳо, даъвати аҳолӣ ба тарзи дурусти ҳаёт ва ба ободиву кабудизор кардани минтақа бештар эътибор дод.
Сипас, гурӯҳи кории мутахассисони ҷумҳурӣ бо мардуми корафтода дидору мулоқот намуда, муаммоҳои рӯзгори онҳоро дар робита ба барқарор сохтани сиҳҳатӣ, таъмин бо хонаву ҷой ва маблағ барои таҳсили фарзандонашон ба таври мусбат ҳал карданд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: