МУШКИЛОТ ҲАЛЛУ ФАСЛ МЕГАРДАНД

Дар шаҳри Ширини вилояти Сирдарё бахшида ба омӯзиши аҳволи иҷтимоиву иқтисодӣ ва муроҷиати шаҳрвандон қабули сайёри навбатии Раёсати корҳои дохилии вилоят бо роҳбарии Шуҳрат Боронов баргузор гардид.

Аъзои гурӯҳ ба маҳаллаҳои шаҳр сафар карда, бо сокинон мулоқот намуданд. Ҳангоми санҷиш бобати аз байн бардоштани баъзе мушкилот дар маҳалҳо чораҳо андешида, муаммоҳое, ки омӯзиши иловагиро тақозо доранд, муҳокима гардида, барои пешниҳод ба идораҳои дахлдор фиристонида шуд.
Дар чорабинӣ ба масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, бо кор таъмин кардани аҳолӣ, истифодаи самаранок аз бино ва иншооти холӣ, ҳамчунин аҳволи хидматрасонии коммуналӣ ва тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, ба низом андохтани тӯй ва тантанаҳои оилавӣ эътибори махсус дода шуд.
Вобаста ба масъалаи шуғли аҳолӣ масъулони ҳокимият ва вакилони Иттифоқи ҷавонон дар бораи ташкил шудани ҷойҳои нави кор ҳисобот доданд.
Дар чорабинӣ масъулони ҳокимият таъкид намуданд, ки тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ 484 ҷойи нави кор фароҳам оварда шуд. Аз 395 нафар аҳолие, ки ба маркази кӯмакрасонӣ барои кор муроҷиат кардаанд, 265 нафарашон бо кор таъмин гардиданд, ба якчанд нафар бошад, барои кӯмакпулӣ таъин шудааст.
Бинобар натиҷаи омӯзише, ки аз ҷониби Раёсати корҳои дохилии вилоят баргузор гардид, беш аз 300 мушкилот ошкор шуд, ки  бештари он ба соҳаҳои бо кор фарогирӣ, сектори бонк, нигаҳдории тандурустӣ, таъмири роҳҳои дохилӣ, хидматрасонии кадастрӣ, таъмини оби ошомиданӣ, гази табиӣ ва энергияи электр дахл доранд. Зиёда аз 70 мушкилоти шаҳрвандон дар ҷойи худ ҳаллу фасл шуд.
Дар назди роҳбарони сектори шаҳр вазифа гузошта шуд, ки якҷо бо ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо “харитаи амалиёт”-и мушкилоти ошкоршударо кор карда бароянд.

Далер АЗИЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: