МУШКИЛОТ ЗИЁД, ОЁ РОҲИ ҲАЛЛИ ОНҲО ВУҶУД ДОРАД?

Агар ба ҷамъият бо чашми адолат нигоҳ кунем, на танҳо дар кишварамон, балки сартосари ҷаҳон, дар ҳар як самту соҳа дигаргуниҳои ҳайратангез рӯй медиҳанд.

 Ин дигаргуниҳо ба роҳбарон ва ҳизбҳои сиёсие, ки мамлакатро идора мекунанд, низ вобаста аст. Дунё дигар мешавад. Мардуме, ки ҳуввияти худро дарк кардаанд, аз ҳокимон ва созмонҳои бонуфуз таъмини ҳуқуқи худро талаб мекунанд. Аз ин рӯ, ҳокимони вилоят ва шаҳрҳо ба даруни халқ даромада, талабу дархостҳои мардумро меомӯзанду ҳал мекунанд. 
Ин маънои онро дорад, ки боварии халқи мо ба сиёсат ва қарорҳои қабулкардаи роҳбари давлатамон меафзояд. Хусусан, инро дар мисоли ислоҳоте, ки дар шаҳри Тошканд ба амал меояд, дидан мумкин аст. Дар чанд ноҳияи пойтахт санҷишҳои журналистӣ анҷом дода, мушкилоти мардумро омӯхтам.
Моҳи сентябри соли равон аз қисми шаҳри кӯҳнаи ноҳияи Олмазор дидан кардам. Ҳангоми сайру гашт дар кӯчаи Сагбон дидам, ки чанд гуруҳи меҳмонони хориҷӣ бо дастгоҳҳои худ аксбардорӣ мекарданд. Онҳо ба маҷмааи Ҳазрати Имом роҳ пеш гирифта буданд.
Чашмам ба пиронсолоне, ки дар рӯ ба рӯйи масҷиди Ҳофизи Кӯҳакӣ дар суфачае суҳбаткунон менишастанд, афтид. Пас аз шиносоӣ аз мӯйсафедон оиди корҳои маҳалла пурсон шудам. Онҳо дарҳол дар бораи муаммоҳо сухан ронданд.
– Баъди соҳибистиқлолӣ маҳаллаамон, ки таърихи қадимӣ дорад, ба ду тақсим шуд, – гуфт бо таассуф сокини маҳалла Тошпӯлод Тӯхтаев. – Қаблан маконе, ки иқомат доштем Ҳофизи Кӯҳакӣ ном дошт ва имрӯз ба маҳаллаҳои Қӯштут ва Ҳофизи Кӯҳакӣ қисмат шуд. 
Ноҳияи Олмазор аз маҳаллаи мо оғоз меёбад. Пеш аз соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди танг будани роҳҳо пурфайз буд. Дар тӯли 50-60 сол роҳҳо васеъ шуданд. Дар ду тарафи роҳ дарахтҳо шинонда шуд. Лекин на кӯча, на дарахтон соҳиби худро доштанд. Алалхусус, дар фасли тирамоҳ, вақти хазонрезӣ кӯчаҳоямон бе нигоҳубин мемонанд. Коргарони идораи ободониро моҳе ду-се маротиба мебинем.
– Се сол пеш симчӯбҳои чароғдори кӯчаҳоямон пӯсида буданд, – таъкид намуд сокини маҳалла Шарифбобо. – Пас аз муроҷиати мо ба депутати Олий Маҷлис – Мақсуда Ворисова ба ҷойи симчӯбҳои чӯбин, симчӯбҳои бетонӣ гузошта шуд. Онро ҳам то охир анҷом надоданд, як сол кабел, соли дигар чизи дигар нест гӯён баҳона карданд. Лозим омад, ки ба дигар ташкилотҳои бонуфуз муроҷиат кунем, аммо то ҳол бенатиҷа.
Дар маҳаллаамон, бе ягон сабаб барқ мунтазам қатъ мегардад. Маълум шуд, ки ташкилоти мутасаддӣ масъалаи норасоии кадрҳо ва техникӣ дорад. Дар маҳалла шити барқӣ доштем... Ба ташкилотҳои болоӣ ва депутатҳо муроҷиат карда, онро нав кардем. Дере нагузашта, ба ҷойи он дигарашро шинонданд. 
Пас аз кушодани роҳи васеъ ба соҳибкорон дар маҳаллаамон тӯйхона, сехи дӯзандагӣ, дуредгарӣ, нуқтаи ёрии техникӣ ба мошин, таомҳои миллӣ, қаҳвахона, дӯконҳои озуқаворӣ, дорухона ва сартарошхона кушоданд. Мо аз онҳо хурсандем, чунки фарзандонамон бо кор таъмин шуданд. Оё пеш аз ба фаъолияти онҳо иҷозат додан, қувваи сохтори барқро зиёд кардан лозим нест? Агар мо ин сохторро нав накунем, дар тамоми маҳаллаҳои ноҳия трансформаторҳо месӯзанд. Маълум шуд, ки пеш аз ҳама ба шабакаҳои рӯшноидиҳии берунии КУД «Тошшаҳарнур»-и ноҳияи Олмазор ёрии техникӣ ва кадрӣ расонда, баъд кори хушсифатро талаб кардан лозим аст, – афзуд Шариф Собирҷонов. 
Ба суҳбатамон сокини маҳалла Илҳом Каримов ҳамроҳ шуд. 
– Дар шуъбаи истифодабарии шабакаҳои обӣ низ мушкилот бисёр, оби нӯшокӣ гоҳ-гоҳ қатъ мегардад. Охирҳои моҳи августи соли ҷорӣ ба шуъбаи истифодаи шабакаҳои об бо дастгирии маҳалла ва собиқадорони ноҳияи Олмазор оиди аз об пур шудани таҳхонаи сокини маҳаллаи Ҳофизи Кӯҳакӣ Нозим Комилов муроҷиати хаттӣ навиштем. Мутахассисон омада ба кор шурӯъ карданд. Сокинони маҳалла тамоми лӯлаҳо ва қисмҳои заруриро аз ҳисоби маблағи худ оварданд. Онҳо 3-4 рӯз кор карда, аҳолиро бо об таъмин намуданд. Вале дар ҳайрат мондем, ки онҳо харитаи ҷойгиршавии қувваи барқ, кабел, гази табиӣ, лӯлаи оби марказӣ, ки аз зери замин мегузашт, надоштанд. Ҳангоми тахминӣ кофтани замин хати барқи пуриқтидори зеризаминӣ зарар дид. Дар натиҷа сокинони 2 маҳалла аз рӯшноӣ маҳрум шуданд. 
Агар мутахассисони об харитаи ирригатсиониро дар даст медоштанд, оромии мардум халалдор намегардид. 
Сокинони маҳалла боз чанд мушкилоти ҳалнашударо, ки онҳоро ба ташвиш меорад, ба миён гузоштанд. 
– Дар хусуси депутатҳо бошад, номзадҳои онҳоро фақат дар маъракаи интихоботӣ мебинем, – мегӯяд сокини маҳалла Камолҷон Садриддинов. – Дар вохӯриҳои интихоботӣ номзадҳои ҳама ҳизбҳо ваъдаҳои хушку холӣ медиҳанд. Пас аз депутат шуданашон бе ному нишон ғайб мезананд. 
– Яке аз сиёсати оқилонаи Сарвари давлатамон ободонии маҳаллаҳост. Дар маҳаллаи шумо дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ чӣ гуна идома доранд? – суол кардам аз онҳо.
– Мо аз корҳое, ки дар маҳаллаамон анҷом дода мешавад, хабар надорем, аммо дар аввали баҳор аз ҷониби Гвардияи миллӣ дарахтҳо шинонда шуд, – изҳор кард Зокир Собирҷонов.
Ба ҳокимияти ноҳияи Олмазор рафта, дар бораи доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» маълумот ҷамъ кардам. Маълум гардид, ки дар соли 2022 дар ҳудуди ноҳия шинондани 33 ҳазору 797 бех ниҳоли ороишӣ, дарахтони мевадор ва буттаҳо ба нақша гирифта шудааст. Мувофиқи лоиҳа то 13 апрел аз аввали мавсим ҳамагӣ 382 ҳазору 57 бех ниҳол аз рӯйи нақша ва берун аз нақша шинонда шудааст. Аз ҷумла, 371 дарахти дуб, 426-то ясен, 86-то каштан, 365 дона каталпа, 50-то сафора, 405-то хилака талпа, 35 дарахти лола, 50-то павлония,171 дона багрянник, 73-то зерфун, 65 ҳазору 754 дарахти себ, 30 ҳазору 135 бех дарахти ороишӣ, 141 ҳазору 960 қаламчаи сафедор, 42 ҳазору 117 ниҳоли ангур шинонда шудаанд. 
Бино ба маълумотҳо, дар бораи корҳои кабудизоркунӣ, ки дар ҳудуди маҳаллаи Ҳофизи Кӯҳакӣ анҷом дода шудааст, дар маҷмӯъ 3529 бех дарахт шинонда шудааст. Аз ҷумла, 797 бех ниҳоли себ, 813 бех дигар дарахтони меваовар, 415 ниҳоли ороишӣ, 762 қаламчаи сафедор, 742 ниҳоли ангур ба қайд гирифта шудааст. 
Дар ҳуҷҷати дигар барои нигаҳдории ниҳолҳои ороишӣ, дарахту буттаҳои дар доираи лоиҳаи умумимиллӣ шинондашуда ва ба роҳ мондани сохтори обёрии муттасил дар соли 2022, бунёди 44 чоҳи об ба нақша гирифта шудааст. 
Дар асоси маълумот ва ҳуҷҷатҳои ҷамъовардаам чанд савол ба миён омад. Шумораи дарахтони шинондаи дар ҳуҷҷат нишондода дуруст аст, аз 44 чоҳи об чандтоаш ба истифода дода шудааст, оё дар кӯчаҳои Ҳофизи Кӯҳакӣ ва Қӯштут чоҳҳои артезианӣ кофта мешаванд?
Рӯзи дигар барои то чӣ андоза дуруст будани шумори дарахтони шинондашуда, ба идораи маҳалла равон шудам. Он ҷо ба 2-3 нафар мӯйсафедон ва ҷавонон вохӯрдам.
– Синнам ба 70 расид, – ба сухан оғоз кард, Абдуҳакимбобо Зуҳуров. – Ҳар сол бо фаро расидани фасли баҳор дар кишварамон дарахтони ороишӣ ва мевадор шинонда мешавад. Агар дарахтони то ин дам шинондашуда нашъунамо мекарданд, ҳама тараф сабзу хуррам мешуд. Дарахт шинонда мешаваду парвариш намекунанд. Дар натиҷа қисми зиёди дарахтон хушк мешаванд. Фаъолони маҳалла Камол Насриддинов ва Баҳодур Халилов дарахтони шинондаро дубора ҳисоб карданд. Маълумот дар қоғаз дигару дар асл дигар баромад.
Мо дар маҳаллаи Ҳофизи Кӯҳакӣ дарахтони шинонданашударо ба ҳисоб гирифта, ангушти ҳайрат газидем. Пас, вазъият дар 59 маҳаллаи боқимонда чӣ гуна аст? 
– Мо ба корҳое, ки дар маҳаллаҳои дигар анҷом меёбад, ҳавас мекунем, – гӯён ба суҳбатамон ҳамроҳ шуд Зоҳид Юнусов. – Дар маҳаллаамон на майдончаи бачагона, на чойхона, на майдонҳои варзишӣ мавҷуд. 
Чуноне ки сарвари давлатамон дар ҷамъомади видеоселектории 11 октябри соли ҷорӣ баргузоргардида таъкид кардааст: «Ягон шаҳрванд бо мушкилоти худ набояд рӯ ба рӯ монад. Кайфияти аҳолӣ – оинаи ислоҳот ва сиёсати мост».
Ба маҳаллаамон кӣ ғамхорӣ мекунад, оё муаммоҳо роҳи ҳалли худро доранд?

Даврон АҲМАД, 
сокини шаҳри 
Тошканд.         

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: