МУШКИЛОТЕ, КИ САРҲАДИ ҶУҒРОФӢ, ИҶТИМОӢ ВА ИҚТИСОДӢ НАДОРАД

Маъракаи «16 рӯзи амалиёти фаъол бар зидди зӯроварии гендерӣ» оғоз ёфт

Маъракаи «16 рӯзи амалиёти фаъол бар зидди зӯроварии гендерӣ» оғоз ёфт
Чанд рӯз қабл дар меҳмонхонаи HYATT REGENCY дар Тошканд чорабинӣ бахшида ба оғози маъракаи “16 рӯзи амалиёти фаъол алайҳи зӯроварии гендерӣ” таҳти шиори “Ба зӯроварӣ нисбати занон якҷоя мубориза мебарем!” баргузор гардид.
Дар он Раиси Сенат, раиси Комиссияи оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ Танзила Норбоева, муовини раиси Шӯрои парасторони Фонди миллии ҷамъиятии дастгирӣ ва рушди ВАО, узви Комиссия оид ба масъалаҳои таъмини баробарии гендерӣ Саида Мирзиёева, сенаторон ва депутатҳо, роҳбари намояндагии Фонди аҳолишиносии СММ дар Ӯзбекистон  Ю.Ю, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Ӯзбекистон Матилда Димовска, кормандони масъули як қатор созмонҳои байналмилалӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, кормандони масъули соҳаҳои дар минтақаҳо дахлдор,  роҳбарони созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ,  аъзои Парлумони ҷавонон иштирок карданд.
Таъкид гардид, ки дар тӯли солҳои охир таҳти роҳбарии Президент Шакат Мирзиёев дар мамлакатамон оид ба таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои занон, баробарии гендерӣ, ҳифзи оила, модар ва кӯдак, рушди соҳибкории занон, созмон додани ҷойҳои нави корӣ, беҳдошти шароити меҳнат ва зиндагӣ, пешгирии зулму ситам ва зӯроварӣ нисбати занон корҳои муайян ба амал бароварда мешаванд. Ин масъала ба самти афзалиятноки сиёсати давлат табдил ёфтааст.
Дар кишвари мо 8 ҳуҷҷати меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла 2 қонун ҷиҳати такмили низоми пешгирии зӯроварӣ дар оила қабул шудааст.
Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  аз 19 майи соли 2021 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба барқарорсозии занони қурбони зӯроварӣ» сари вақт қабул шуд ва ба  фароҳам овардани низоми расондани кӯмак ба занон, ки ба зӯроварӣ дучор шудаанд, пешгирӣ ва барҳам додани оқибатҳои ногувори зӯроварии оилавӣ ва маишӣ нигаронда шудааст.
Дар асоси қарори мазкур дар назди Вазорати оид ба дастгирии  маҳалла ва оила 29 маркази барқарорсозӣ ва мутобиқсозии занон созмон дода шудааст. Агар қаблан марказҳои тавонбахшӣ ҳамчун созмони ғайридавлатӣ фаъолият мекарданд, ҳоло фаъолияти онҳо пурра аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад.
Бо мақсади ба роҳ мондани алоқа ва расонидани ёрии саривақтии равонӣ, психотерапевтӣ, ҳуқуқӣ, машварат ва расонидани иттилоот ба заноне, ки аз зулму зӯроварӣ ҷабр дида, қасди худкушӣ кардаанд ва ё майли худкушӣ доранд, телефони боварии «1146» ба платформаи миллии интерактивии «AZIZ- AYOL.UZ» мутобиқ гардонда шудааст.  
Зиёда аз 74 ҳазор нафар занони ба «дафтари занон» воридкардашудае, ки бинобар факти поймолкуни ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ муроҷиат кардаанд, аз коршиносони варзида кӯмаки ҳуқуқӣ дарёфт карданд. Беш аз 71 ҳазор бонувоне, ки ба «дафтари занон» ворид карда шуда, аз зулму ситам ва зӯроварӣ ҷабр дидаанд ва мушкилоти иҷтимоӣ доранд, аз психологҳои соҳибихтисос ёрии равонӣ гирифтанд.
Имрӯз парлумон якҷоя бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба такмили минбаъдаи қонунгузории миллӣ як қатор пешниҳодҳо омода менамояд. 
Дар чорабинӣ Раиси Сенат Т.Норбоева суханронӣ карда, эълон намуд, ки 25-уми ноябр дар кишвари мо маъракаи «16 рӯзи амалиёти фаъол алайҳи зӯроварии гендерӣ» таҳти шиори «Ба зӯроварӣ нисбати занон якҷоя мубориза мебарем» оғоз ёфт.
Ин маъракаи умумиҷаҳонии зидди хушунат алайҳи занон, ки имсол 30-солагии худро таҷлил мекунад, дар 187 кишвари ҷаҳон амалӣ шуда, беш аз 6000 созмон ва 300 миллион нафарро фаро гирифтааст.
Сабаб дар он аст, ки зӯроварии гендерӣ сарҳади ҷуғрофӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ надорад. Барои ҷилавгирӣ аз он ҳам дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва ҳам дар ҳоли рушд андешидани чораҳои ҷиддиро тақозо мекунад. Тибқи маълумоти СММ, ҳар сеюмин зани аз 15-сола боло дар умраш ҳадди ақалл як маротиба мавриди хушунати ҷисмонӣ ё ҷинсӣ қарор мегирад.
Зимни суҳбати «мизи мудаввар» масъалаи гендерӣ, аз қабили ҳифзи занҳо аз зулму зӯроварӣ, пешгирӣ аз муроҷиат накардани заноне, ки ин гуна ҳодисаҳоро аз сар гузарондаанд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мушкилоти марбут ба зулму зӯроварӣ ба миён гузошта шуд. Пешниҳоду эродҳои коршиносону мутахассисони байналмилалӣ оид ба рафъи ин вазъиятҳо, олимони маҳаллӣ, ки дар ин масъала хулосаҳои илмии худро баён кардаанд, инчунин намояндагони ВАО ва блогерҳо шунида шуданд.
Пешниҳодҳо оид ба самараноктар ташкил намудани чорабиниҳо оиди муайян намудани чораҳои муштарак ва пурзӯр гардондани фаъолият бобати мубориза бо чунин зуҳурот, аз ҷумла расонидани хидмат ба қурбониёни зӯроварӣ ва заноне, ки аз зӯроварӣ наҷот ёфтаанд, тавассути марказҳои офиятбахшӣ ва мутобиқшавӣ, инчунин ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ изҳор гардиданд.
Дар чорабинӣ корҳои анҷомдодаи гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва расонидани ёрии амалӣ ба ҷабрдидагон таҳлил карда шуд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки тамоми сохторҳои дахлдор бояд мубориза бо зӯроварии гендериро беҳтар намуда, усулҳои муассирро ҷорӣ карда, тавонмандии мутахассисонро дар ин самт баланд бардоранд ва ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои худ оид ба решакан кардани зӯроварӣ нисбати занон ҳамкории муассир ба роҳ монанд.
Нуқтаи назари кормандони масъули вилояти Қашқадарё ва шаҳри Тошканд дар бораи чораҳо оид ба баланд бардоштани масъулияти маҳаллаҳо, аз он ҷумла мардон дар ҳифзи занон аз зулму таъқиб ва зӯроварӣ дар ҳудудҳо, инчунин пешгирии зӯроварии оилавӣ дар байни онҳо шунида шуд. 
Ба равшан намудани масъалаҳои баробарии гендерӣ тавассути воситаҳои ахбори омма, тағйир додани муносибат ба зӯроварӣ, баррасӣ ва ба таври асоснок ба таваҷҷӯҳи ҷомеа расонидани ҷониби ҳуқуқии ҳама гуна иттилоот, пешгирии зӯроварии гендерӣ ва омӯзиши мунтазами намояндагони ВАО ҷиҳати рафъи қолабҳои дар ин соҳа  мавҷуда таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад. 
Дар чорабинӣ вазифаҳо муайян карда шуданд, ки аз 25-уми ноябр маъракаи «16 рӯзи амалиёти фаъол бар зидди зӯроварии гендерӣ» таҳти шиори «Ба зӯроварӣ нисбати занон якҷоя мубориза мебарем» дар сатҳи баланд ташкил карда шуда, натиҷаҳои самарабахш ба даст оварда шаванд. 

Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.                                      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: