МУШКИЛОТИ МАРДУМ ҲАЛЛУ ФАСЛ ГАРДИДАНД

Қабули сайёри навбатии ҳокими вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев дар боғи истироҳати «Болалар»-и шаҳри Фарғона баргузор гардид.

Дар он корафтодагон аз маркази вилоят ва шаҳри Қувасой ширкат карданд. 
Барои шунидани арзу шикоятҳои корафтодагон роҳбарони садорату ташкилотҳо, вакилони прокуратура ва суд, шӯъбаи корҳои дохилӣ, ҳамчунин роҳбарони се сектор даъват карда шуданд. Дар мулоқоти сайёр муроҷиати 69 нафар корафтодагон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аксарияти  арзу шикоятҳои муроҷиаткунандагон ба ҳокими вилоят равона шуда буд.
Аз 45 муроҷиати корафтодагон  8-тоаш фавран ҳал карда шуд. Дар бобати иҷрои муроҷиатҳои боқимонда ҳокими вилоят роҳбарони идораву ташкилотҳои вилоятро муваззаф намуд,  то ки онҳо дар муддати кӯтоҳ мушкилоти сокинони шаҳрҳои Фарғона ва Қувасойро ҳаллу фасл намоянд. Шуҳрат Ғаниев гуфт, ки назорати онро бевосита худаш бар дӯш мегирад. 
– Мо бояд дарду доғи мардумро шунавем, онҳоро аз худ розӣ кунем. Аксари муроҷиатҳои мардум ҷанбаи иҷтимоӣ ва маишӣ доранд ва бартараф намудани он  барои роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ягон  мушкилот эҷод нахоҳад кард, – иброз дошт ҳокими вилоят.
Маълум шуд, ки ҳафт нафар барои ба роҳ андохтани фаъолияти соҳибкорӣ ба бино ва ҷудо кардани қитъаи замин ниёз доранд. Чор нафар мебоист саломатии худро аз роҳи ройгон дар муассисаҳои тандурустӣ барқарор намоянд. Нӯҳ нафар аз надоштани ҷойи кор шикоят карданд. 
– Барои татбиқи лоиҳаи ман 500 миллион сӯм тақозо мегардад. Ин лоиҳа сохтани меҳмонхонаҳои замонавиро дар шаҳри Фарғона фаро гирифтааст. Тасмим гирифта шуд, ки аз тариқи “Ипотекабанк” ин кредити имтиёзнок ба ман дода шавад. Хеле хушҳолу хурсанд ҳастам, ки ин масъала зуд ҳаллу фасл гардид,– мегӯяд сокини кӯчаи Мотурудии шаҳри Фарғона Ҳамлет Ҳафизов.
Дар ҷараёни мулоқоти сайёр кори роҳбари корхонаи хусусии “Бешкӯча”– и ноҳияи Бағдод  Бахтиёр Қодиров низ барор кард. Вай барои сохтани тӯйхонаи боҳашам соҳиби 550 миллион сӯм қарзи имтиёзнок гардид. Ҳамчунин “Микрокредитбонк” барои соҳибкори ёрмазорӣ Наргиза Ибрагимова 200 миллион сӯм қарзи имтиёзнок ихтисос дод. Вай бо ин маблағ барои бо варзиш машғул шудани бонувон шароит фароҳам хоҳад овард.
– Вақти он расидааст, ки барои занону духтарон низ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Ман бевосита ба иҷрои ҳамин кор камар бастаам. Чанд муддат мегузараду занону духтарон низ дар толор бо варзиш машғул хоҳанд шуд, – мегӯяд Наргиза Ибрагимова.
– Кайҳо боз дар пайи он будам, ки маро дар ҷойи кори пештараам ба кор барқарор кунанд. Бо кӯмаки ҳокими вилоят  мушкилам осон гардид ва ман дубора соҳиби кор шудам,– изҳор кард сокини кӯчаи Ал-Фарғонии шаҳри Фарғона Камолатхон Қулматова.
Чунин мулоқотҳои сайёр ба ҳукми анъана даромадааст ва он дар шаҳру ноҳияҳои дигар низ мунтазам роҳандозӣ хоҳад шуд. 

Файзулло ИБРОҲИМОВ.
Вилояти ФАРҒОНА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: