МУШКИЛОТИ МИЛЛИОНҲО НАФАР ҶАВОНОН ҲАЛЛУ ФАСЛ МЕШАВАНД

Куҳансолон бесабаб хонаро ватани кӯчак наменоманд. Зеро хона ва оила ин маъвоест, ки ба кас неруву қувват мебахшад, инсонро ба татбиқ сохтани орзусу омолаш раҳнамун мегардад.

Куҳансолон бесабаб хонаро ватани кӯчак наменоманд. Зеро хона ва оила ин маъвоест, ки ба кас неруву қувват мебахшад, инсонро ба татбиқ сохтани орзусу омолаш раҳнамун мегардад.
Ташаббусҳои Президент Шавкат Мирзиёев, ки дар ҷамъомади 3 март садо доданд, эътимоди миллионҳо нафар ҳамватанони мо, бахусус ҷавононро ба фардо мустаҳкамтар карданд.
Дар ҷараёни сафар ба Андиҷон, ки соли 2020 ба вуқӯъ пайваст, сарвари давлат  таъкид намуд, ки омили асосии аз байн бардоштани нодорӣ ин таъмин сохтани одамон бо манзил мебошад. Агар инсон манзил дошта бошад, вай барои фаровонҳолии худ саъю кӯшиш мекунад. Бо назардошти ин солҳои охир дар мамлакати мо бо манзил таъмин сохтани аҳолӣ ва дастгирӣ кардани оилаҳои эҳтиёҷманд вазифаҳои аввалиндараҷа муайян карда шуданд. Сохтмони 140 ҳазор хонаҳо дар тӯли чаҳор соли охир, ҳар сол нисбати нишондиҳандаи солҳои гузашта 4-5 баробар афзудани миқдори онҳо шаҳодати ин гуфтаҳо мебошанд.
Тавре ки санҷиш собит сохт, 23 фоизи мушкилоти мавҷуда ба масъалаи манзил алоқаманд мебошанд. Дар натиҷаи сари вақт қонеъ насохтани талаботи аҳолӣ нисбат ба манзил одамон дар заминҳое, ки барои кишоварзӣ пешбинӣ шудаанд, хона сохтаанд. Вале ҳатто баъд аз ин ҳам мушкилот ҳаллу фасл нашудааст.
Бешубҳа, дар муҳлати кӯтоҳ куллан бо манзил таъмин сохтани эҳтиёҷмандон имконнопазир аст. Бинобар ҳисобу китобҳо барои пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ба манзил 145 ҳазор ҳуҷра лозим аст. Барои сохтмони ин қадар манзил тақрибан 30 триллион сӯм тақозо мегардад. Бо назардошти ин низоми истифодаи хидмати сектори хусусӣ ташаккул дода шуд, сохтмони хонаҳои бисёрошёна бошад дар пояи шарикии давлатӣ амалӣ мегардад. Давлат, дар навбати худ замин ва вомҳои имтиёзноки ипотекӣ ҷудо менамояд.
Бамаврид аст қайд намоем, ки чунин низом дар кишварҳои қарини мо Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ бомуваффақият аз таҷриба гузаштааст. Чунончи, дар Кишвари тулӯи офтоб соли 1950 корпоратсияи манзиливу вомӣ таъсис дода шуда буд, дар Куриё бошад, соли 1962 корпоратсияи миллии манзил ташкил гардид. Яъне ҳангоми бо манзил таъмин кардани аҳолӣ, бахусус оилаҳои камтаъмин, дар давраи иқтисодиёти бозаргонӣ хидматҳои шарикии хусусӣ васеъ истифода шуданд. Дар Финландия, инак 30 сол боз ба ҳаллу фасли масъалаи манзил эътибори зиёд дода мешавад.
Дар ҳолати то 1 январи соли 2021 аҳолии кишвари мо 34,5 миллион нафарро ташкил медиҳад, афзоиши солона – 500 ҳазор нафар мебошад. Бинобар ақидаи баъзе муҳаққиқон афзоиши миқдори аҳолии Ӯзбекистон боз дар тӯли 40 сол коҳиш намеёбад ва пас аз 20 сол аз 40 миллион нафар мегузарад. Яъне мо бояд минбаъд низ барои таъмин кардани оилаҳои эҳтиёҷманд бо манзил корҳои ҷиддиро идома диҳем ва роҳҳои беҳтарини ҳалли ин масъаларо истифода бубарем.
Бинобар ин ташаббусҳое, ки сарвари давлат пеш мегузорад, аз ҷониби ҷомеа дастгирӣ карда мешаванд. Назорати дурусти  мақсадҳои бузурги пешгузошташуда вазифаи асосӣ ба шумор меравад, яъне парлумон бояд дар самти мазкур иқтидори худро намоиш диҳад.

Алишер ҚОДИРОВ,
муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон,
роҳбари фраксияи Ҳизби демократии Ӯзбекистон «Миллий тикланиш».
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: