МУШКИЛОТИ ОБ – МУШКИЛОТИ ҲАМАИ МО

Масъалаҳои рӯзмаррае ҳастанд, ки ояндаи мо ба он вобастагии қавӣ дорад.

Мо дар ҳар як фасли сол бо мушкилоти табиӣ рӯ ба рӯ мешавем, ки ҳаллу фасли он муборизаи дастаҷамъонаро талаб мекунад. Суҳбати мо бо мутахассиси Маркази захираи ахбор-таҳлили Вазорати хоҷагии об Гӯзал АЛИМОВА доир ба яке аз мушкилоти ҷаҳонӣ — об, истифодаи самарабахш ва ҳифзи он баргузор шуд.
– Ҳоло дар чандин мавзеъи мамлакатамон ва ҷаҳон низ мушкилоти об ба назар мерасад. Хавфу хатари чунин мушкилот дар оянда  ба  кадом соҳаҳо соя меафканад?
– Сол аз сол шумораи аҳолии рӯйи Замин зиёдтар мегардад, ки талабот ба об низ мисли чунин зиёдшавӣ мебошад. Ва ин сабаби асосии норасоии об мегардад. Оби тозаи нӯшокӣ 3 фоиз оби рӯйи заминро ташкил медиҳад, ки барои таъмини одамон басанда аст. Аммо дар минтақаҳо тақсимоти он гуногун аст. Тақрибан 60 фоизи рӯйи Замин минтақаҳое мебошад, ки оби тозаи нӯшокӣ тамоман вонамехӯрад, ё ки рафта расидани он душвор аст. Олимон натиҷа гирифтаанд, ки 36 фоиз захираи оби кӯлу дарёҳо ба ҳисоби қитъаи Осиё рост меояд ва азбаски 60 фоиз аҳолии дунё низ дар ҳамин қитъа умр ба сар мебарад, ки сабаби норасоии оби ошомиданӣ низ ҳамин аст.
Баробари ҳамин, боришот низ баробар тақсим намешавад. Дар баъзе минтақаҳо он чунон зиёд мешавад, ки дар натиҷа обхезиҳо рӯй медиҳад. Аҳолии баъзе минтақаҳо бошад, солҳои сол аз боришот маҳруманд. Ҳоло натиҷа гирифта шудааст, ки 80 фоиз касалиҳои сирояткунанда ба сифати об вобаста аст. 
Гоҳо нисбат ба об чунин муносабат мекунанд, ки гӯё захираҳои он тамомнашаванда аст. Партовҳои беназорати корхонаҳои саноатӣ низ мувозинати экологии обанборҳоро вайрон мекунад. Дар натиҷаи ба об андохта шудани партовҳои заводу фабрика, корхонаҳои саноати кимиё ҷонзодҳои дарёву кӯлҳо нобуд мегарданд.
Созмонҳои байналхалқӣ огоҳ кардаанд, ки пас аз даҳсолаҳо аз нисф зиёди аҳолии рӯйи Замин аз имконияти истифодаи оби босифат маҳрум мегарданд...
Мисли оби рӯйи Замин обҳои зеризаминӣ низ бояд аз ифлосшавӣ ҳифз карда шавад. Албатта, ҳифз ва нигоҳдошти он қатори боигариҳои табиии зеризаминӣ таҳти назорати ташкилотҳои давлатӣ мебошад. Аз чунин об фақат барои истеъмоли он рухсат дода мешавад. Кофтуков, таҳқиқ ва кандани чоҳҳо бо рухсати ташкилотҳои дахлдор амалӣ мешавад. Ифлосшавии захираҳои об ин тағйирёбии хусусиятҳои физикӣ, кимиёвӣ ва биологии он мебошад, ки истифодаи он нафақат ба одамон, ба иқтисодиёти мамлакат низ хатар эҷод менамояд. Лой, қум, чанг, маҳлули радиоактив, хокистар низ сабаби вайроншавии таркиби об шуда метавонад. Аз норасоӣ ва ифлос гардидани об аввало олами наботот ва ҳайвонот зарар дида, ҳатто несту нобуд мегардад. Агар чунин мушкилот пешгирӣ нашавад, истеъмоли маҳсулоти баҳрӣ пас аз 40-50 сол имконнопазир мегардад.
– Табиист, ки ҳеч мушкилот худ аз худ пайдо намешавад. Сабабҳои ба вуқӯъ оваранда ва оқибатҳои манфии он низ вуҷуд дорад. Солҳои охир мафҳуми «саҳрошавӣ» бештар назаррас шуд. Оиди омилҳои пайдошавӣ, оқибат ва бартарафсозии саҳрошавӣ чӣ гуна маълумот дода метавонед?
– Мафҳуми «саҳрошавӣ» маънои деградатсияи замин – инқирози заминро дорад. Саҳрошавӣ низ бо тағйироти иқлим вобаста аст. Баъзан пас аз офатҳои табиӣ ҷараён мегирад. Талафоти он ба сайёраи мо гарон меафтад. Дар давоми 60 соли охир истифодаи захираҳои табиӣ, фаъолияти бесамар дар хоҷагии қишлоқ ва тағйироти иқлим омили асосии саҳрошавӣ гардид. Дар натиҷаи саҳрошавӣ нестшавии об, олами ҳайвоноту наботот ва эрозияи хок ба вуҷуд меояд. Дар минтақаҳое, ки саҳрошавӣ ба вуқӯъ меоянд, нафақат душворзистӣ, балки кӯч бастани оммавии аҳолӣ низ рӯйи кор меояд. Азбаски қисми асосии аҳолии Ӯзбекистон дар деҳаҳо умр ба сар мебарад, аз тарафи ҳукумат барои пешгирии саҳрошавӣ чораҳои зиёд андешида мешавад. Аз нав бунёд кардани ҷангалзор, ба амал татбиқ гардидани лоиҳаи «Макони сабз» дар ҳамаи мавзеъҳои мамлакат, имкониятҳои васеъ фароҳам овардан барои кишоварзону соҳибкорон аз зумраи чунин чорабиниҳо мебошад. Барои ин кишоварзону чорводорон бояд илми заминпарварӣ ва хокшиносиро хуб азбар намуда, ба он амал намоянд.
– Имрӯз аз ҳолати баҳри Арал, зарари он ба гирду атроф ва сиҳатии инсон ҳар яки мо хабардорем. Ҳоло оқибатҳои манфии он  чӣ гуна эҳсос мегардад? Нақши созмонҳои байналхалқӣ дар ҳаллу фасли ин мушкилот чӣ гуна аст?
– Баҳри Арал асосан дар ҳудуди Ӯзбекистон ва Қазоқистон ҷойгир буда, яке аз баҳрҳои калон ба шумор мерафт. Сатҳи оби он аз солҳои 50-60-уми асри гузашта кам шудан гирифт. Азбаски дараҷаи шӯрии оби баҳр баланд аст, бо камшавии об нишондоди  шӯрӣ боз баландтар гардид. Чанг, намак ва қуми баҳр ба гирду атроф паҳн шуда, ба саломатии аҳолӣ бештар таъсир мерасонад. Дар давоми солҳои 1960-1980 баҳр ҳаҷми аз нисф зиёди худро гум кард. Моҳиҳои сазан, барбел тамоман несту нобуд шуд, ки дар натиҷа заводҳои консерв, ки ҳазорҳо нафарро бо кор таъмин менамуд, қатъ гардид. Кӯтоҳ гардидани ҳудуди баҳр яке аз сабабҳои гармшавии зимистону тобистони маҳал дар фаслҳои сол гардид. 
Ҳукумати кишварамон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои шароити нисбатан мусоид офаридан дар ҳудуд ва гирду атрофи баҳри Арал эътибори созмонҳои байналхалқиро ба ин мушкилоти глобалӣ нигаронад. Аз тарафи Вазорати рушди инноватсионӣ бо ҳамкории Бонки рушди ислом, Созмони озуқавории СММ, Платформаи байналхалқӣ оиди таълим ва таҳқиқи масъалаҳои хушксолӣ, Оҷонсии рушди байналхалқии ИМА ва барномаи рушди СММ форуми бисёрсоҳавӣ баргузор намуданд. 
Вазорати хоҷагии об бошад, дар чорабиниҳои аз хориҷ ҷалб кардани сармоягузорону донорҳо ва корҳое, ки дар ин соҳа амалӣ мешаванд, фаъол иштирок менамояд. 
– Барои бештар дарёфтани натиҷа насли наврасро бо маълумотҳо оиди нақши об дар ҳаёти одамон, ҳайвонот ва наботот, таҷрибаи хориҷиён оиди истифодаи оқилона аз об ва ҳифзи он шинос намоем. Ҳоло дар ин бобат аз тарафи вазорат чӣ гуна корҳо амалӣ мешаванд?
– Дар барномаҳои таълимии мактаби миёна ва томактабӣ фанҳои табиӣ мисли табиатшиносӣ, география, кимиё, физика хононда мешавад. Аммо ҳоло замони он расидааст, ки насли наврас бо мафҳуми нақши об дар ҳаёти инсон, ҳолатҳои табиии фавқулода, тағйироти иқлим, ба вуҷуд омадани бемориҳои сирояткунанда аз наздик шинос бошанд. Чунин масъалаҳо ва чорабиниҳои зиёд аз барномаҳои вазорат ҷой гирифтаанд.
Аз ҷониби вазорат барои шавқманд гардондани насли наврас оиди эҳёи табиат роликҳои иҷтимоӣ омода намуда, тариқи телевизион ба намоиш гузошта мешавад. Оиди масъалаҳои номбаршуда дар муассисаҳои таълимӣ вохӯриҳо баргузор мешаванд. 

Мусоҳиб 
Набия НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: