22 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар масъалаҳои таъмини шуғл ва пешгирии пастшавии даромади аҳолӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.
22 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар масъалаҳои таъмини шуғл ва пешгирии пастшавии даромади аҳолӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.
Дар натиҷаи пандемияи коронавирус боздошта шудани миллионҳо корхона ва созмонҳо ба ҳаёти 2 миллиарду 700 миллион коргар таъсир расонд. Шумораи одамони камбизоат дар ҷаҳон метавонад ду баробар, ё ки ба 500 миллион нафар афзоиш ёбад.
Дар мамлакати мо дар натиҷаи карантин ҳаҷми истеҳсолот ва хизматрасонӣ дар 196 ҳазор корхона ба таври назаррас коҳиш ёфт. Дар натиҷаи карантин табиист шумораи бекорон афзоиш ёфт.
Воридоти андоз дар тӯли 20 рӯзи моҳи апрел тамоюли манфиро низ нишон медиҳанд. Аз ҷумла, мадохилот дар як қатор минтақаҳо 30-40 фоиз ва дар баъзе ноҳия ва шаҳрҳо зиёда аз 50 фоиз кам шуданд.
Дар чунин шароити вазнин давлат як қатор чораҳо меандешад. Аз ҷумла, тибқи ду қароре, ки як моҳ қабл қабул шуда буд, шумораи оилаҳои фарзанддоре, ки ба гирифтани ёрдампулӣ ва кӯмаки моддӣ ҳуқуқ доранд, аз 595 ҳазор то 655 ҳазор, яъне 60 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон, мӯҳлати пардохти қарзҳо дар ҳаҷми 3 триллион 260 миллиард сӯм дароз карда шуд.
Дар давраи карантин аз ҷониби Фонди мусоидат ба шуғл ва Фонди корҳои ҷамъиятӣ 141 ҳазору 800 нафар бекор бо кор таъмин карда шуда, ба онҳо 43 миллиарду 225 миллион сӯм музди меҳнат пардохта шуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби марказҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳомигӣ ба 219 ҳазор оила маҳсулоти хӯрокворӣ ва молҳои санитарию гигиенӣ тақсим гардиданд.
Аммо, бо ин маҳдуд набояд шуд. Вазъият, ки ҳар рӯз тағйир меёбад, барои таъмини шуғл ва ҳифзи иҷтимоии оилаҳои ниёзманд андешидани чораҳои иловагиро тақозо менамояд.
Дар вохӯрӣ, дар мисоли корҳое, ки дар вилоятҳои Самарқанд ва Намангон идома доранд, масъалаи дастгирии моддии шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи маҳдудиятҳои карантинӣ бе кор мондаанд, баррасӣ шуд.
Қайд гардид, ки соҳибкорон ва фермерон бояд ба оилаҳои камбизоат дар шуғл варзидан дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ кӯмак расонанд, қитъаҳои замини худро барои кишти дубора ҷудо кунанд ва ба хонакорӣ мусоидат кунанд. Давлат ба чунин субъектҳо бинобар андоз ё ки вомҳо батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлатро пешниҳод мекунад.
Масалан, роҳбари корхонаи “Агромир” дар вилояти Самарқанд ҳазорҳо оиларо ба васоят гирифта, ба бунёди токзор дар 600 гектар оғоз кард. Вай зиёда аз 500 оилаи камбизоатро дар кооператив бо кори доимӣ таъмин карда, майдони токзорро байни онҳо тақсим кард ва парвариши маҳсулоти кишоварзиро ба роҳ монд. Тухмиҳои бодиринг тақсим карда шуданд, ки дар чил рӯз пухта мерасанд. Боз 100 нафар барои корҳои сохтмонӣ қабул карда шуданд.
Мисоли дигар: роҳбари корхонаи “Asia мetal рrof” дар Самарқанд ба ҳазорҳо оила маҳсулот тақсим карда, бо ташаббуси сохтани хонаҳо барои 10 оилаи ниёзманд ва бо кор таъмин кардани 100 нафар баромад. Илова бар ин, муассисони кластери “Арт софт” дар вилояти Намангон тасмим гирифтанд, ки ба 3 ҳазор оила дар ноҳияҳои Намангон, Поп, Мингбӯлоқ ва Янгиқурғон кӯмак расонанд.
Барои самаранок гузаронидани ин чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо ва ҳокимиятҳо ситоди фаврии Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва Кумитаи давлатии андоз таъсис дода мешавад.
Оид ба тартиб додани рӯйхати дақиқи шаҳрвандоне, ки бе кор мондаанд ва шаҳрвандони ба кӯмак мӯҳтоҷ бинобар ноҳия ва шаҳрҳо, ташкили мақсадноки корҳо дар доираи ҳаракати умумихалқии "Саховат ва кӯмак" супоришот дода шуданд.
Зарурати бо кор таъмин кардани шахсони бекоре, ки то карантин кор намекарданд, аз рӯи даромади ҳаррӯза умр ба сар мебурданд, таъкид гардид. Аз ҷумла, имкониятҳои таъсис додани 14 ҳазор ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби ташкили кооперативҳои кишоварзӣ ва гармхонаҳои хонагӣ зикр гардид. Вазифа гузошта шуд, ки 110 ҳазор нафар бо корҳои мавсимӣ, 167 ҳазор нафар бо корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шаванд.
Тавре ки маълум аст, дар чанд маҷлисҳои охирин таҳти раисии сарвари давлат дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноати химия ва мошинсозӣ тадбирҳои муҳим муайян шуданд. Агар иҷрои онҳо дар маҳалҳо дуруст ба роҳ монда шаванд, шуғли ҳазорҳо нафар таъмин карда мешавад.
Масалан, имконияти созмон додани 52 ҳазор ҷойҳои корӣ аз ҳисоби бунёди боғҳо, токзорҳо ва гармхонаҳо дар 26 ҳазор гектар, 785 ҳазор ҷойҳои корӣ дар соҳаи кирмакпарварӣ, 75 ҳазор ҷойҳои корӣ дар соҳаи сохтмон ва инфрасохтор вуҷуд доранд.
Президент қайд кард, ки бояд татбиқи хушсифати вазифаҳоро таъмин намуда, ҳам ба шуғл ва ҳам ба қаноатмандии мардум муваффақ гардид.
Дар ҷамъомад ба рушди соҳаҳои хидматрасонӣ эътибори алоҳида дода шуд.
Айни замон 13 ҳазор корхонаи хӯроки умумӣ, 45 ҳазор корхонаи савдо, 19 ҳазор корхонаи хидматрасонӣ, 7 ҳазор корхонаи нақлиётӣ фаъолиятро қатъ кардаанд ё даромади худро аз даст доданд.
Дар шароити карантин фаъолияти ҳадди аққал 70 фоизи ин корхонаҳоро тавассути ташкили расондани хӯрокворӣ ва молҳо, савдои сайёр ва хизматрасонӣ ба эътидол овардан мумкин. Ҳамзамон, қабул кардани пардохт, хидматҳои суғурта ва қарзи хурдро бо риояи қатъӣ ба талаботҳои карантинӣ ба роҳ мондан мумкин.
Дар ин асос, ба Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ дастур дода шуд, ки барои субъектҳои соҳибкорие, ки оид ба расонда додан хидмат мерасонанд, шароити мусоид фароҳам оваранд.
Аз моҳи сентябри соли гузашта ба додани шаҳодатномаҳои муваққатии меҳнатӣ ба шаҳрвандони худро бо шуғлфарогирифта оғоз ёфт, вале ин натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Ба ин муносибат зарурати ташкили системаи қулай ва оддии ҳуқуқӣ оид ба дастгирӣ ва қонунигардонии фаъолияти шахсони ба кор машғул қайд карда шуд.
Ҳоло ба чунин шаҳрвандон иҷозат дода шудааст, ки бо 85 намуди фаъолият машғул шаванд. Дар ҷамъомад зарурати васеъ гардондани ин рӯйхат, рухсат додан ба ҳамаи намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки қонун манъ накардааст, қайд гардид. Механизми бақайдгирии огоҳикунандаи худшуғлҳо ҷорӣ карда мешавад.
Кишвари мо аз анъанаҳои ҳунармандӣ бой аст ва дар ин соҳа иқтидори бузург дорад. Имрӯз беш аз 25 ҳазор ҳунармандон, агар шогирдонро ба назар гирем, тақрибан 80 ҳазор оила аз пайи ин пеша даромад ба даст меоранд.
Дар ҷамъомад доир ба ташкили курсҳои омӯзиши фосилавӣ, омӯзиши ҳунарҳо ба ҷавонон ва занон, тавассути телевизион оммавӣ гардондани таҷрибаи ҳунармандон супориш дода шуд.
Ба ассотсиатсияи “Ҳунарманд”, Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ вазифаи ташкил кардани платформаи онлайнии фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ дар хориҷа таҳти бренди Ӯзбекистон гузошта шуд.
Имрӯзҳо бисёре аз ҷавонон тавассути Интернет, дар хона нишаста, хидмати тарҷума, барномасозӣ, таблиғот, репетиторӣ, тарроҳӣ ва дигар самтҳоро пешниҳод мекунанд. Ҳангоми кушодани суратҳисоби бонкӣ ва қабули пардохтҳо мутахассисони мазкур, яъне фрилансерҳо ба монеаҳо дучор мешаванд. Ҳамин тариқ, хароҷоти онҳо 2-3 маротиба меафзояд.
Ба ин муносибат ба шахсони масъул супурда шуд, ки барои чунин гуруҳи коргарон имтиёзҳо ва афзалиятҳои гуногун фароҳам оваранд, ба ҷавонон дар ба даст овардани даромад тавассути интернет бо меҳнати зеҳнӣ кӯмак расонанд, дар мамлакат низомҳои маъмули пардохтҳои хориҷиро ҷорӣ намоянд.
Шахсони масъул ва ҳокимон бинобар нақшаҳояшон оиди иҷрои вазифаҳои дар ҷамъомади видеоселекторӣ гузошташуда маълумот доданд.
ӮзА.