МУШКИЛОТИ СОҲАИ ТАЪЛИМ ҲАЛ МЕШАВАНД

Вазири таълими томактабӣ ва мактабии Ӯзбекистон Ҳилола Умарова гуфтааст, филиали мактабҳои миёнаро дар ноҳияи Ғузори вилояти Қашқадарё ба дабистонҳои алоҳида табдил медиҳад.

Як гурӯҳи кории мутахассисони варзидаи соҳаи маориф бо роҳбарии вазири таълими томактабӣ ва мактабӣ ба ноҳияи Ғузор омаданд. Онҳо бо вазъи таълим дар ноҳия ва шароити таҳсили хонандагон шинос шуданд. Аз ҷумла дар мактаби миёнаи рақами 12-ум, ки дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Яккадарахт» воқеъ аст, бо омӯзгорон ва хонандагон мулоқот намуданд. Ҳокими Ғузор Бекзод Суюнов аз Ҳилола Умарова хоҳиш намуд, ки барои ҳалли муаммоҳои соҳаи таълим, ки аз тавони ҳукумати ноҳия берун мондаанд ва садди пешрафтҳо мешаванд, кумаки амалӣ намояд. Вазир ваъда дод, ки дар ҳалли мушкилоти соҳаи таълими ноҳия мусоидат мекунад. Вай дархост кард, ки дар мактаби рақами 12 синфи информатика ташкил намоянд ва бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ таъмин созанд.
Вазир гуфт, ки аз сабаби зиёд шудани шумораи аҳолӣ дар ҷойҳо филиали мактабҳои ноҳия ба дабистонҳои алоҳида мубаддал карда мешаванд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: