МУШКИЛОТИ СОҲИБКОРОН ҲАЛ МЕШАВАНД

Дар Маркази ҷавонони Самарқанд вохӯрии ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов бо тадбиркорон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз 116 намояндаи субъектҳои соҳибкорӣ муроҷиати беш аз 50 тадбиркори вилоят аз рӯйи қатъи мунтазами қувваи барқ ва гази табиӣ, ҷудо кардани кредит, иҷозати сохтмон, тағйир додани тоифаи замин, муаммоҳо бобати ҷалби мутахассисони хориҷӣ ва дигар масъалаҳо шунида шуд.
– Мо бо импорти гӯшт аз Покистон машғулем, — гуфт директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мeat vishts» Хуршед Ҳалимов. — Имрӯз дар вохӯрӣ бобати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо корхонаҳои аутсорсинг, муассисаҳои тиббӣ ва субъектҳои дигари хидматрасонӣ, инчунин, ташкил намудани дӯконҳои доимии гӯштфурӯшӣ ёрӣ пурсида муроҷиат кардем. Ба масъулон супориш шуд, ки барои ташкили дӯконҳо дар ярмаркаҳои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва минтақаҳои сераҳолии шаҳр ёрии амалӣ расонанд.
Бино ба маълумотҳо, қариб 80 фоизи муроҷиатҳое, ки дар қабулҳои сайёри ҳокими вилоят баён гардидаанд, ҳалли худро ёфтаанд.
– Аввалан, агар ҳар як корманд ба вазифаи худ масъулиятшиносона муносибат кунад, дар шаҳрванд ҳам, дар тадбиркор ҳам муаммо намешавад, — гуфт ҳокими вилоят. — Аз беэътибории роҳбарони маҳаллӣ ва муносибати хунукназаронаи секторҳо ба кори худ масъалаҳои одӣ ҳал нагардида, садди кори соҳибкор мешаванд. Тадбиркор даромади иловагӣ мебиёрад, маҳсулот истеҳсол мекунад, ҷои кор ташкил мекунад, вале баъзе мансабдорон ба ҷои кӯмак расонидан, дар ҳалли масъалаи бевосита ба онҳо вобаста ёрӣ намерасонанд ва ба кори соҳибкор монеа эҷод мекунанд. Дар вохӯрии имрӯза низ аксари муроҷиатҳо вобаста ба қатъи барқ мебошанд. Тадбиркор офарандаи арзиши иловагӣ аст. Ба онҳо чӣ қадар зарар расонида шуда бошад, якҷоя бо омбудсман ҳисоб гардида, тавассути суд зарар аз ҳисоби корхонаи барқ ситонида мешавад.
Иҷрои ҳар як муроҷиат зери назорат гирифта шуда, ба шахсони масъул супоришҳо дода шуд ва муҳлати иҷро муқаррар гардид.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: