МУШКИЛОТИ ТАЪМИНИ ОБИ ОШОМИДАНӣ МУҲОКИМА ГАРДИДА, ВАЗИФАҲОИ ИЛОВАГӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 июл ҷамъомади видеоселекторӣ дар бобати масъалаҳои беҳсозии низоми таъмини оби ошомиданӣ ва канализатсия дар минтақаҳо, тезондани омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон баргузор гардид.

Зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 июл ҷамъомади видеоселекторӣ дар бобати масъалаҳои беҳсозии низоми таъмини оби ошомиданӣ ва канализатсия дар минтақаҳо, тезондани омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон баргузор гардид.

30 ноябри соли 2018 роҳбари давлат қарорро «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба рушди низоми таъмини оби ошомиданӣ ва канализатсия дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» имзо намуда буд. Дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷет 3,7 триллион сӯм ҷудо гардид. Ғайр аз ин, барои татбиқи 48 лоиҳа кредити хориҷӣ ба миқдори 1,9 миллиард доллар ҷалб гардид.
Дар ҷамъомад таъкид ёфт, ки сарфи назар аз нақшаи дар зарфи се сол таъмин намудани дастрасӣ ба оби ошомидании 3,6 миллион нафар ва ҳалли тамоми масъалаҳои молиявӣ, ба об ҳамагӣ 30 фоизи хонаводаҳо дастрасӣ пайдо намуданд.
Ҳангоми интихоби лоиҳаҳо вазъият дар маҳалҳо, талаби аҳолӣ ва вуҷуд доштани манбаъҳои об ба инобат гирифта намешавад. Роҳбарони соҳаҳо ва ҳудудҳо ҷиддан бояд дар фикри ҳолатҳое бошанд, ки бори баргардондани кредит ба буҷет меафтад, таъкид гардид дар ҷамъомад.
Роҳбари давлат ба мушкилот дар ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо ва бозгардондани кредитҳои хориҷӣ ишора намуд ва таъкид кард, ки ба таври пурра шабакаҳои нави лулаи обро истифода намуда, аз оғози соли оянда дар тамоми лоиҳаҳо хобондани шабакаҳои таъмини обро натанҳо то маҳалли аҳолинишин, балки то ба ҳавлии ҳар шахс пешбинӣ намояд.
Кори роҳбарони масъул бинобар дастрас накардани даромад аз истеъмолгарон, ки ҳанӯз ба шабакаи таъмини об напайвастаанд, зери танқид гирифта шуд. Ба ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзсувтаъминот» то охири сол ба шабака пайвастани 2,5 миллион истеъмолгар супориш дода шуд.
Шавкат Мирзиёев ногузирии ба вуҷуд овардани низоми мониторинг ва назорати тамоми ҷараёнҳоро аз таҳияи лоиҳа то татбиқи онҳо, масъулиятро барои натиҷаи онҳо нафақат шахсони масъули соҳа ба ӯҳда доранд, балки ҳокимон низ ҷавобгаранд, таъкид кард.
Бо ин мақсад дар корхонаҳои минтақавии таъминоти об шӯроҳои назоратӣ таъсис меёбанд, ки зери роҳбарии ҳокимон фаъолият мебаранд. Онҳо барои сифати иҷрои лоиҳаҳо, мақсаднок истифода намудани маблағ ва бозгардондани кредити дарёфта баробар ҷавобгар мегарданд. ҶС «Ӯзсувтаъминот» дар ҳамоҳангӣ бо ҳокимон ва аҳолӣ бинобар хусусияти минтақа, лоиҳаҳоро тартиб медиҳад.
Ҷараёни иҷрои ҳар як лоиҳаро депутатҳои шӯроҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ дар худи маҳал меомӯзанд. Тасдиқ намудани нархи оби ошомиданӣ инчунин ба ваколати шӯроҳои вилоятии депутатҳои халқ гузаронда мешавад. Бо мақсади комилан аз нав ташкил намудани ҷараёни лоиҳасозӣ дар соҳа ба Вазорати хидмати иқомативу коммуналӣ ва Кумитаи давлатӣ оид ба геология ва захираҳои маданӣ таҳия намудани нақшаи рушди низоми таъминоти об ва канализатсия дар вобастагӣ бо нақшаҳои генералии минтақаҳо ва манбаъҳои оби ошомиданӣ супурда шудааст.
Президент таъкид кард, ки татбиқи лоиҳаҳои начандон калони аз ҷиҳати энергетикӣ самаранок натиҷаҳои хуб мебахшанд.
Барои ин лоиҳаи озмоишӣ дар ноҳияи Улуғнори вилояти Андиҷон мисол шуда метавонад. Дар ин ҷо 2 ҳазор нафар ба оби ошомиданӣ аз ҳисоби иншооти обкашӣ, ки бо нерӯгоҳи офтобии панҷкиловаттӣ муҷаҳҳаз аст, дастрасӣ доранд. Лоиҳа, ки 52 миллион сӯм арзиш дорад, дар тӯли камтар аз се сол, соле бо сарфа намудани 44 ҳазор киловатт электроэнергия харҷи худро мебароварад.
Ишора гардид, ки теъдоди чунин лоиҳаҳоро дар ноҳияҳое бояд афзуд, ки аз манбаъҳои об дур ва хобондани шабакаҳои электрикӣ то ба онҳо харҷи зиёд ба бор меорад.
Барои роҳ надодан ба кашолёбии азхуд намудани сармоя дар соҳа вазифаи татбиқи низоми нав, ки бинобар он харидҳои мувофиқи лоиҳае, ки аз ҳисоби маблағи институтҳои байналхалқии молиявӣ татбиқ мегарданд, ошкоро бо ба амал овардани мониторинги босамари фурӯши онҳо баргузор мегарданд.
Дар бобати васеъ намудани таъмини иншоотҳои обӣ бо дастгоҳҳои ченаки об, истеъмолгарон бо ҳисобкунаки об, ташкили маркази технологияи рақамии муҷаҳҳаз доир ба таснифи маълумотҳо дар бораи истеъмол супоришҳо дода шуд.
– Дар шабакаҳои нақли об талафи зиёд ба назар мерасад, – таъкид кард роҳбари давлат. – Дар баъзе маҳалҳо сифати оби ошомиданӣ ба стандартҳо ҷавоб намедиҳад. Инспексияи назорати истеъмоли оби ошомиданӣ дар ҳалли ин масъалаҳо дар канор аст.
Аз ин рӯ ба соҳа сектори хусусӣ бояд фаъолона ҷалб гардад, ҷолибияти он беҳтар карда шуда, субсид пешниҳод гардида, шароит ба вуҷуд оварда шавад. Ва ба худи минтақаҳо вогузоштани ҳуқуқи муқаррар намудани нарх ба ин ҷараён таҳрик мебахшад.
Дар ҷараёни ҷамъомади видеоселекторӣ инчунин масъалаҳои тайёр намудани фонди манзил, соҳаҳои иқтисодиёт ва объектҳои соҳаи иҷтимоӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон муҳокима гардиданд.
Аҳамияти кам намудани қарзҳои мушкили ширкатҳо, ба дасти ширкатҳои хидматрасонӣ додани идора кардани иморатҳои бисёрҳуҷра таъкид гардид. Масъалаи гузоштани кафолатноки ангишт ва гази моеъ ба ноҳияҳои дурдаст дар давраи тирамоҳу зимистон таҷдиди назар гардид.
Чорабиниҳо доир ба бетанаффус таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ, афзоиши парвариш, харид ва захира намудани маҳсулоти кишти такрор муайян гардиданд.
Ба ногузирии эътибори алоҳида додан ба аҳволи оилаҳои камтаъмин, таъмини 30 ҳазор хонаводаҳои муҳтоҷ бо маҳсулоти хӯрокворӣ ва доруворӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аз ҳисоби маблағи фонди «Саховат ва кӯмак» ишора гардид.
Дар ҷамъомад ҳисоботи роҳбарони соҳаҳо ва ҳудудҳо шунида шуд.
ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: