Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 16 январ ҷамъомади видеоселекторӣ оид ба чораҳои бо захираҳои энергетикӣ беист таъмин намудани аҳолӣ ба амал омад.
Дар рӯзҳои охир дар мамлакати мо ҳавои ғайримуқаррарӣ хунук ҳукм фармуд. Дар интиқоли нерӯи барқ ва гармӣ номураттабиҳо ба амал омаданд. Сарвари давлатамон ба ин масъала муфассал дахл намуда, таъкид намуд, ки чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.
—Ман барои ҳар як оила, ҳар як инсоне, ки аз сардӣ азият мекашад, бо изтироби амиқ ва ҳаяҷон дар хавотир ҳастам, — гуфт Шавкат Мирзиёев. — Инро бояд ҳар як роҳбар ҳис кунад. Сармои имсола вазъияти тамоми системаро нишон дод, ки тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст. Дигар ин тавр давом дода наметавонад. Мо барои ислоҳи вазъият чораҳои таъҷилӣ мебинем.
Дар ҷамъомад мушкилоти таъминоти газу электр, хоҷагии коммуналӣ аз нуқтаи назари танқидӣ таҳлил карда шуданд.
Масалан, дар шаҳри Тошканд дар даҳҳо маҳалла дар интиқоли нерӯи барқ ва газ номураттабиҳо ба миён омадааст. Баъзе трансформаторҳо ва шабакаҳои пастшиддат аз кор баромада, ба изофаборӣ тоб оварда натавонистанд.
Ин асосан аз он иборат аст, ки ҳангоми мувофиқаи сохтмони объектҳои нав сарборӣ ба инфрасохтори мавҷуда дуруст ҳисоб карда нашудааст. Плани генералии пойтахт ҳанӯз тасдиқ карда нашудааст. Шумораи объектҳои бе иҷозат сохташуда аз 250 адад гузаштааст.
Ба ин муносибат, инчунин ба сабаби омодагии ғайриқаноатбахш ба мавсими зимистон ва пешакӣ ҳисоб карда натавонистани вазъият ҳокими шаҳри Тошканд Ҷ.Ортиқхӯҷаев аз вазифааш озод карда шуд.
Ҳокими вилояти Тошканд З.Мирзаев қатъӣ огоҳонида, ба як қатор ҳокимони ноҳияву шаҳрҳо ҳайфи ту эълон карда шуд.
Муовини вазири энергетика Ш.Хоҷаев ва роҳбари ҶС «Иссиқлик электр стансиялари» Ф.Абдураҳмонов бо сабаби иҷро нашудани корҳо оид ба таъмири блоки энергетикии неругоҳи барқии гармидиҳии Талимарҷон ва таъмини истеҳсоли неруи барқ аз вазифаҳояшон озод карда шуданд. Инчунин, нисбат ба роҳбарони ҷамъиятҳои саҳҳомии «Ўзтрансгаз», «Ўзбекнефтегаз» ва «Худудий электр тармоқлари» ҷазои интизомӣ ва муҳлати озмоишӣ дода шуд.
Дар бораи афзоиши ҳодисаҳои дуздӣ дар шабакаҳои барқ ва газ ишора гардид. Танҳо дар давоми моҳҳои охир дар системаҳои назорати нефту газ ва энергетикиӣ 192 ҳодисаи фасод ошкор карда шуд. Ба Хидмати амнияти давлатӣ ва Прокуратураи генералӣ дастур дода шуд, ки фасодро дар ин минтақаҳо аз байн баранд, ба дуздӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ хотима бахшанд. Дар маҷлис барои таъмин намудани кори бефосилаи системаи энергетикӣ тадбирҳои таъхирнопазир муайян карда шуданд.
Сарвазир ва вазири энергетика вазифадор карда шуданд, ки маҳаллаҳои мушкилдоштаро фавран бо неруи барқ таъмин намуда, аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, захираҳои мавҷударо одилона тақсим кунанд. Зарурати рақамикунонии равандҳои идоракунӣ ва истеҳсолӣ бо ҷалби мутахассисони соҳибихтисос аз хориҷи кишвар таъкид шуд.
Ба вазири иқтисод ва молия супориш дода шуд, ки ҳисоббаробаркуниро ба тартиб оварда, масъалаҳои молиявии корхонаҳои соҳаи энергетикаро ҳал намояд.
Сабабҳои халалдоршавӣ дар таъминоти қувваи барқ ва чораҳои андешидашуда ба аҳолӣ сари вақт фаҳмонда дода шаванд. Бунёди «Саховат ва кумак» ба пирони бекас, оилаҳои камтаъмин ва серфарзанд кумак расонида, дар мавриди зарурат бо ҷойҳои гарм таъмин менамояд.
Муҳимияти беҳбуди шароит дар бозорҳои деҳқонӣ, таъмини нигаҳдории дурусти маҳсулот ва устувории нарх таъкид шуд. Ба роҳбарони корхонаҳои энергетикӣ ва ҳокимҳо супориш дода шуд, ки барои роҳ надодан ба чунин вазъ дар оянда фавран чораҳои мушаххас андешанд.
Дар ҷамъомад вазири энергетика ва ҳокимон дар бораи корҳое, ки дар маҳалҳо бо тартиби мураттаб анҷом дода мешаванд, ҳисобот доданд.