МУШОИРАИ НАВРӮЗӢ

ВАСФИ БАҲОР, ГУЛУ НАВРӮЗ ДАР СУРУДАҲОИ ХАЛҚӢ

ВАСФИ БАҲОР, ГУЛУ НАВРӮЗ ДАР СУРУДАҲОИ ХАЛҚӢ
Инак, боз фасли баҳор омаду ба кӯҳу адир ва дашту даман гилеми сабза густурда шуд, дарахтон муғҷа бастанд. Баҳор бо нафаси руҳбахши худ рӯйи оламро зинат медиҳад.
Дар ҳамин айём мардуми кӯҳистон ба истиқболи иди баҳор – Наврӯзи оламафрӯз баромада, онро ботантана ид мекунанд. Агарчӣ яке аз хусусияти Наврӯз пухтани суманак аст, мардум, барилова, тӯда-тӯда ба сайргоҳ мебароянд, суруду тарона мехонанд.
Агар ба намунаҳои фолкори халқи тоҷик назар андозем, мебинем, ки оҳанги ҷудоӣ, ғарибӣ, зулму истибдоди замон дар онҳо бештар акс ёфтаанд. Шоиру нависандагон барои ҷаззобиву марғубии забони тасвир дар асарҳояшон ба таври фаровон аз фолклор истифода мебаранд. Дар «Дохунда»-и Садриддин Айнӣ, «Духтари оташ»-и Ҷалол Икромӣ, «Шӯроб»-и Раҳим Ҷалил, «Ҳам кӯҳи баланд, ҳам шаҳри азим»-и Ӯрун Кӯҳзод ба ин манзара бисёр дучор меоем.
Модарон доира ба даст гирифта ҳангоми хондани суруду таронаҳоеро, ки дар онҳо лаҳзаҳои зиндагӣ, зебоиҳои баҳор, айёми гулу наврӯз инъикос ёфтаанд, месароянд.
Чунончи:
Фасли Наврӯз асту гул бо оҳу вовайло гирифт,
Гул даруни парда буду домани саҳро гирифт.
Фасли Наврӯз асту гулҳо бо ҷамоли нозанин,
Баъди Наврӯз ҳар гиёҳе сар барорад аз замин.
***
Соли нав омад шод гардем,
Зи ғамҳои ҷаҳон озод гардем.
Модарони деҳаи Ухми ноҳияи Фориш Бозоргул Назарова, Яхшигул Қазоқова, Шаҳригул Ниёзова, Ҳидоят Бекмуродова, Амонгул Маликова ва дигарон ин қабил суруду таронаҳои халқиро бо маҳорати хос месароянд. Бонувони дигар бо онҳо ҷӯр шуда, дар ҳавои суруд ва доира мерақсанд. Маҳфили аҷибе барпо мегардад. Дар ин лаҳзаҳо гӯё кӯҳу кӯҳтал, чашмаҳои ҷонбахш, боғҳои хуррам, хулоса, одаму олам аз таъсири сурудҳои модарон таскин меёбанд:
Дар лаби оби равон,
Дидам аҷаб зеботар.
Дар сар кокули мушкин,
Дар миён тилло камар...
***
Додарҷонам қадаш манор,
Аз остинаш резад анор.
Хоҷаи Хизир шаванд ёр,
Ҷонам тасаддуқ сад ҳазор...
***
Шишта-шишта ӯй кардем,
Фасли баҳор тӯй кардем.
***
Додарҷонам бозургон
Шинад ба лаби дӯкон...
Суруду таронаҳои халқӣ, ки бо мурури замон аз даҳон ба даҳон мегузаранд, ҷавононро ба ҳифзи оила, эҳтироми волидайн, эъзози пирон, дӯст доштани Ватан даъват менамоянд.

Анорбой НАЗАРОВ.
Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: