Мушовири Президенти Ӯзбекистон Сума Чакрабарти: Муроҷиатномаи сарвари давлат ба Парлумон дар бораи самти роҳи минбаъдаи мамлакат таассуроти равшан мебахшад

Мушовири Президенти Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ, идораи самарабахш ва ҳамкориҳои байналхалқӣ, собиқ президенти Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо (БТТА) Сума Чакрабарти Муроҷиатномаи роҳбари давлати моро ба Олий Маҷлис ташреҳ дод.

Мушовири Президенти Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ, идораи самарабахш ва ҳамкориҳои байналхалқӣ, собиқ президенти Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо (БТТА) Сума Чакрабарти Муроҷиатномаи роҳбари давлати моро ба Олий Маҷлис ташреҳ дод. 
Дар гузоришаш ба АИ «Дунё» вай таъкид намуд, ки ин Муроҷиатнома аҳамияти бағоят бузург дорад, зеро нутқи барномавӣ буда, роҳи рушди минбаъдаи Ӯзбекистони навро муайян ва бо кадом самт рафтани кишварро равшан мушаххас менамояд. 
– Ба фикри ман, дар суханронии Президент Шавкат Мирзиёев чаҳор мавзӯъ боиси эътибори махсус мебошад, – қайд мекунад Сума Чакрабарти. – Якум, Президенти Ӯзбекистон ба он ҷиҳат истинод кард, ки бобати таъмин сохтани ояндаи дурахшони ҳар кадом шаҳрванди кишвар, ба хусус ҷавонон, ба чӣ бояд эътибор дод. Ин, бешубҳа, ҷудо кардани сармояҳо барои таълим ва нигаҳдории тандурустӣ ба шумор меравад, ки баъд аз пандемияи коронавирус аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Дуюм, муҳимияти рушди иқтисодӣ, ки ба нақши асосии сектори хусусӣ ҳамчун муҳаррики пешбурди иқтисодиёт асос мекунад, таъкид гардид. Бинобар ин ҳам вай зарурати хусусигардонии ширкат ва бонкҳои давлатиро зикр сохт, ки нафақат ба аҳолии мамлакат, балки ба бозорҳои байналхалқӣ низ аз хусуси самти рушди сиёсати иқтисодии Ӯзбекистон дарак медиҳад. Инкишоф додани сектори хусусӣ танҳо мақсад нест, балки бо шуғл таъмин кардан, фароҳам овардани ҷойҳои нави кории арзиши иловагиашон баланд ҳам мебошад, ки барои ҷавонон, ки ба бозори меҳнат ворид мешаванд, бағоят муҳим аст. Дар ҳаллу фасли мушкилоти бо шуғл таъмин кардан ҳам саҳми ширкатҳои бузург ва ҳам тиҷорати хурду миёна муҳим мебошад. 
Мавзӯи сеюм, ки ман хеле муҳим меҳисобам, ин ислоҳсозии низоми идораи давлатӣ мебошад. Президент ба ҳокимиятҳои минтақавӣ, нафақат ба марказ – Тошканд, дар бораи зарурати беш аз пеш ба роҳ мондани хидмати самарабахши манфиатҳо ва эҳтиёҷоти аҳолӣ супоришҳои дақиқ дод. Бешубҳа, дигаргуниҳо дар соҳаи идоракунии давлатӣ бояд вазифаи асосӣ гарданд ва дар ояндаи наздиктарин ба ин соҳа эътибори бештар дода шавад. 
Мавзӯи чаҳорум низ басо рӯзмарра мебошад. Президент дар бораи он ки давлат бояд бо аҳолӣ хеле бештар дар мулоқот бошад, ба фикру ақидаи мардум вобаста ба ҷараёнҳои дар мамлакат рухдодаистода эътибор диҳад, бисёр сухан гуфт. Ҳокимият бояд хубтар дарк намояд, ки одамон дар маҳалҳо чӣ мехоҳанд, то ки низоми давлатдориро бомуваффақият бозсозӣ кунад ва вазифаҳои пешгузошташударо ба манфиати халқ самарабахш татбиқ намояд. 
Умуман, ман фикр мекунам, самтҳои бартариноки зикршуда чӣ гуна ба роҳ мондани муносибати байни шаҳрванд ва давлатро дар Ӯзбекистони кунунӣ дақиқ намоиш медиҳанд.

АИ «Дунё», 
ЛОНДОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: