МУШТАРИЁНИ «ОВОЗИ ТОҶИК» КУҶОЕД?

То пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ робитаҳои фарҳангиву адабӣ ва ирфонӣ байни Ӯзбекистону Тоҷикистон хеле қавӣ буд ва бисёре аз мардуми Самарқанд пайваста ба рӯзномаи ҷумҳуриявии «Овози тоҷик», ба рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон ҳамчун ҳафтаномаҳои «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор», рӯзномаҳои «Ҷавонони Тоҷикистон», «Анбоз», маҷаллаҳои «Фирӯза», «Адаб», «Садои Шарқ», «Машъал», «Чашма» ва ғайра обуна мешуданд. Ин нашрияҳо сари вақт, баъзан ҳатто худи рӯзи чопаш ба дасти мо мерасиданд.

Солҳои 80-уми  садаи гузашта маро лозим омад, ки барои муайян намудани муштариёни нашрияҳои тоҷикӣ дар Самарқанд бо мақсади навиштани мақолае дар ин мавзӯъ тадқиқоти хоса ба сомон расонам ва он мақола ҳамон солҳо дар  рӯзномаи расмии Тоҷикистон «Садои мардум» чоп шуда буд. Он ҷо аз ҷониби мутасаддиёни табъу нашри  матбуоти Тоҷикистон ишора шуда буд, ки теъдоди муштариёни «Омӯзгор», «Анбоз», маҷаллаҳои «Занони Тоҷикистон» («Фирӯза»), «Чашма» назар ба  Душанбе – пойтахти Тоҷикистон дар Самарқанд бештар будааст. Теъдоди обуначиён ба «Овози тоҷик» низ аз  4-5 ҳазор нафар кам набуд.
Дар Самарқанд, мисли вилоятҳои  дигари Ӯзбекистон  тоҷикон ва тоҷикзабонони  зиёде зиндагӣ мекунанд.
Ба шарофати Истиқлол ва бахусус, баъди ба  сари давлат омадани  сарвари оқилу  доно Шавкат  Мирзиёев ва эътибори ӯ ба фарҳангу маърифат, китобхонӣ, роҳ кушодан ба тадбиркорӣ  зиндагии  мардуми  кишвар рӯз аз рӯз фаровонтар гардида, сатҳи зиндагӣ боло рафта истодааст. Бо вуҷуди ин,  фидоиёни илму  адаб  ва фарҳанг, махсусан донишҷӯёну мактабиён ва нафақахӯрони маърифатдӯст  баъзан дар бобати  дастрас намудани рӯзномаву маҷаллаҳо тангдастӣ мекашанд. Хуб мешуд, ки  ба чунин тоифа дӯстдорони матбуот, шахсони доро дасти мадад дароз намоянд. Ин ҳиммати онҳо аз як тараф  барои  маърифати мардум хидмат намояд, аз тарафи дигар  дастгирӣ намудани фаъолияти  расонаҳои ахбори оммавӣ, аз ҷумла «Овози тоҷик» мебошад. 
Замоне дар чойхонаҳои назди гузар ва маҳаллаҳо гӯшаҳои махсуси маърифат ва маънавият, ҳатто дар  ҷевонҳо чанд китоб,  рӯзномаю маҷаллаҳои  нав мунтазам гузошта мешуданд.
Имрӯзҳо низ дар аксар марказҳои маҳаллаҳо  хонаҳои маърифат ва маънавият вуҷуд доранд. Лекин  на дар ҳамаи онҳо мо рӯзномаву  маҷаллаҳоро пайдо карда метавонем. Пас мардум аз куҷо ғизои маънавӣ мегирад? Дар баъзе маҳалҳои тоҷикнишини ҷумҳурӣ ҳатто аз нашри рӯзномаҳои тоҷикии ин кишвар ҳамчун «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Ховар», саҳифаҳои тоҷикии рӯзномаҳои ноҳиявӣ, нашри  китобҳои тоҷикӣ дар Ӯзбекистон  хабар надоранд....  
Ба ин маънӣ мо ба раисони  маҳаллаҳо муроҷиат намуда  мегӯем, ки барои марказҳои маърифат ва маънавият, шахсони эҳтиёҷманди  матбуот, ҳадди ақалл ба рӯзномаи «Овози  тоҷик» обуна шуданро ба роҳ монанд. Барои ин кор андаке ташаббус ва  маҳорати ташкили кори маърифативу маънавӣ лозим асту бас. 
Пас дар мо ҳам  агар шахсиятҳои сарватманду тадбиркор домани ҳиммат бар зада, дасти мадад дароз намоянд, боварӣ дорем, ки аз як тараф теъдоди рӯзнома аз қатори нашрияҳои  сершумор ҷой хоҳад гирифт, аз тарафи дигар ба афзудани фаъолият ва зуд паҳн шудани  маҳсулоти корхонаву ташкилотҳо мадад хоҳад расонд.  
Мабод он рӯзе, ки  бо сабабу баҳонаи «кам будани муштариён» рӯзномаҳои бо машаққатҳои равшанзамирон бунёдгардида рӯ ба муфлисӣ ниҳода, хавфи баста шудани онҳо пеш ояд. 
Аз кормандони заҳматкаши идораи «Овози тоҷик» хоҳиш дорем, ки барои сари вақт ба хонандагон расонидани ҳар  як шумораи он масъул бошанд. Зеро  муштариён  арзу шикоят доранд, ки бинобар костани хидмати почта дар Самарқанд  рӯзномаю маҷаллаҳо ба муштариён  сари  вақт (ҳатто моҳҳо) расонида намешаванд. Ба назарам бояд дар назди рӯзнома ходиме вазифадор бошад, ки  рӯзномаро ба муштариён дар вақташ расонданро назорат кунад. Дар ин бобат таҷрибаҳои нашрияҳои хориҷиро низ омӯхтан лозим аст. Пас, ҳатто барои даву този обуна ҳам ҳоҷат намемонад. 
Агар  бошед  фарзандони  тоҷик, 
Шавед  обуна  бар  «Овози тоҷик»!
Агар хоҳед бишнидан гапи нек,
Шавед  обуна  бар «Овози   тоҷик»!

Аслиддин ҚАМАРЗОДА,
Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, академики Академияи фанҳои Тӯрон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: