МУШТЗАНИ КОГОНӢ – СОҲИБИ ҶОМ

Дар вилояти Самарқанд мусобиқаҳои муштзанон байни ҷавонони соли таваллудашон 2007—2008 баргузор гардид.

 Дар қувваозмоиҳо аз ҳамаи вилоятҳои ҷумҳурӣ варзишгарони бомаҳорат иштирок карданд. Байни онҳо  шогирди Мактаби спортии ноҳияи Когон Фирӯзҷон Саъдуллоев низ буд. Вай рақибони худро мағлуб сохта, соҳиби ҷои аввал гардид. Муҳимаш дар он, ки ӯ дар таърихи Когон аввалин варзишгарест, ки соҳиби ҷоми Ӯзбекистон гардидааст.
А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: