9-21 сентябр дар шаҳри Екатеринбурги Русия чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар байни калонсолон баргузор шуд.
Дар он аъзои дастаи яккачини Ӯзбекистон сазовори 3 медали тилло, 1 нуқра ва 1 медали биринҷӣ шуда, дар ҳисоби умумиҷамоавӣ ҷойи аввалро ишғол намуданд.
Дар Аэропорти байналхалқии Тошканд ба номи Ислом Каримов муштзанҳои музаффари моро ботантана истиқбол карданд.
Дар маросим муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раматов, вазири тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Д. Набиев, раиси Кумитаи миллии олимпӣ Р.Шоабдураҳмонов, ҷамоа-ҳои варзишӣ, ҳаводорон, наздикони варзишгарон ва журналистон иштирок намуданд.
Барои ҳамаҷониба комил ба воя расонидани насли наврас таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев ба инкишоф додани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки воситаи муҳими он ба шумор меравад, эътибори махсус дода мешавад. Дар натиҷаи ин чун дар соҳаҳои зиёди варзиши Ӯзбекистон бокс ҳам дар байни ҷавонон нуфузи зиёд пайдо мекунад. Тарбиягирандагони мактаби бокси Ӯзбекистон ҳоли ҳозир дар тамоми мусобиқаҳои бонуфузи олам – Бозиҳои олимпӣ ва бозиҳои Осиё, чемпионатҳои ҷаҳон ва қитъа ба комёбиҳои бузург ноил мегарданд.
Инро дар мисоли чемпионати ҷаҳон, ки дар Русия баргузор шуд, метавон равшан эҳсос кард. Дар он аз 79 мамлакат 362 нафар варзишгар ширкат ҷустанд. Дар ин мусобиқа муштзанҳои мо болодаст буданд.
Дар чемпионати ҷаҳон ҳамватанамон Баҳодур Ҷалолов дар вазни зиёда аз 91 килограмм дар сабқати аввал муштзани Украина Сотне Рога, дар раунди аввали чаҳорякфинал боксёри амрикоӣ Ричард Торрес, дар нимфинал бошад, муштзани Русия Максим Бабанинро мағлуб кард. Дар набарди ниҳоӣ рақиби Баҳодур муштзани қазоқистонӣ Қамчибек Қунқабоев буд, ки ҳамватанамон ба ӯ ягон имконият надод. Муштзани мо чемпиони ҷаҳон гардид.
Баҳодур Ҷалолов барои ғалабаҳои бемислаш дар чемпионат, муносибати боэҳтиромонааш нисбат ба рақибон муштзани беҳтарини чемпионат эътироф шуд.
Ҳамдиёронамон Шаҳобиддин Зоиров (52 кг), Миразизбек Мирзохалилов (57 кг), ки тамоми рақибони худро мағлуб намуданд, низ барандагони медалҳои тиллоии чемпионати ҷаҳон шуданд. Дилшодбек Рӯзметов (81 кг), ки то бозии ниҳоӣ бомуваффақият баромад кард, сазовори медали нуқра гардид. Варзишгари соҳибистеъдод Бобоусмон Ботуров ба маҷмӯи дастаи мо медали биринҷиро туҳфа кард.
– Эътимоди баланде, ки ба мо, варзишгарон аз ҷониби Президенти мамлакат зоҳир шуд, тавсия ва дастгирии мураббиёнамон омилҳои асосии ғалабаҳои мо гардиданд, – гуфт Б.Ҷалолов.– Ман дар назди худ мақсад гузоштам, ки ба натиҷаҳои беҳтар ноил шавам, Ватанамонро шуҳратёр кунам. Боз як мақсади бузурги ман иштирок дар Бозиҳои олимпӣ ва сазовори медали тиллоӣ шудан мебошад.
Ҷавоҳир ТОШХӮҶАЕВ,
хабарнигори ӮзА.