Муштзанҳои Ӯзбекистон аз рӯи шумораи литсензияҳо ба Олимпиадаи Париж-2024 ба ҷои дуюм сазовор дониста шуданд

Мусобиқаҳои интихобии бокс барои Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ба анҷом расиданд.

Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқаҳо рақобати ҷиддӣ ба амал омада, ба қатори боксчиёни зуртарин дохил шудани иштирокчиён осон нашуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти КМО, аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи интихобӣ мунтахаби Ӯзбекистон 11 роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 (7 мард ва 4 зан) ба даст овардааст. Қобили зикр аст, ки бори нахустин муштзанҳои бонувони Ӯзбекистон ба мусобиқоти асосии чаҳор сол 4 литсензия ва мунтахаби мардона севумин бор паиҳам дар маҷмӯъ соҳиби роҳхатҳои олимпӣ шуданд.

Аз рӯи шумораи литсензияҳои бокс Ӯзбекистон пас аз Австралия дюум шуд. Намояндагони «китъаи сабз» 12 роҳхат ва ҳамватанони мо 11 роҳхат ба даст оварданд.

Бояд гуфт, ки австралиягиҳо дар мусобиқаи ҳавзаи уқёнуси Ором, ки амалан рақобат вуҷуд надорад, ин иҷозатномаҳоро ба даст оварданд. Онҳо дар мусобиқаҳои қитъавӣ ҳамаи литсензияҳоро ба даст оварданд. Ва муштзани австралиягӣ, ки дар мусобиқаи ҷаҳонии литсензионӣ ширкат дошт, дар даври аввал шикаст хӯрд ва ба ширкаташ хотима дод.

Рӯйхати кишварҳои пурқуввате, ки шумораи бештари литсензияҳоро соҳиб шудаанд:

Австралия – 12

Ӯзбекистон — 11

Қазоқистон, Ирландия, Бразилия — 10

Туркия, ИМА, Таиланд, Италия, Фаронса, Чин - 8.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: