Дар арафаи Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» хабарнигори ОИ «Дунё» дар Қоҳира (Миср) бо иштироккунандагони ин ҷашнвораи байналхалқии мусиқӣ аз Миср ҳамсуҳбат шуд.
Роҳбар ва аъзои дастаи мусиқии Араб дар хонаи операи Қоҳира аз хусуси сафари ояндаи худ ба Ӯзбекистон ҳикоя карданд.
Ихаб Ҳасан, роҳбари даста:
– Барои мо иштирок дар Ҷашнвораи XII-и байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» шарафи бузург мебошад. Дастаи мо амалан ҳар сол ба ҷашнвораҳои мусиқӣ меравад, вале иштирок дар чунин ҷашни шукуҳманди санъати мусиқӣ, ки дар он намояндагони фарҳангҳои анъанавӣ ва миллии бисёр халқҳои ҷаҳон ҷамъ меоянд, ифтихори ҳамагуна мусиқор аст.
Мо ба иҷрои оҳангҳои шарқӣ ихтисос дорем. Ҷамоаи эҷодии мо аз шаш нафар, навозандагони барбат, сантор, ғиҷҷак, виолончел, доира, най ва асбобҳои дигар иборат мебошад. Барномаи мо аз асарҳои мусиқии оҳангсозони Миср ва дигар кишварҳои араб ғанист.
14 сол муқаддам мо аллакай дар ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» иштирок карда, ҷойи 4-умро ишғол намуда будем. Ҳоли ҳозир ба мо барои дар сафи ҷоизадорони озмун ҷой гирифтан имконияти хуб фароҳам омад, ки моро хеле рӯҳбаланд мекунад. Ин дафъа саъй менамоем, ки ба натиҷаи беҳтар муваффақ шавем.
Аз имконият истифода бурда, ман аз номи гурӯҳамон мехоҳам ба созмондиҳандагони ҷашнвора барои фароҳам овардани имконияти иштирок дар ин маҳфили дилрабову ғанӣ ва ҷаззоби санъати мусиқӣ миннатдорӣ баён кунам.
Аҳмад Абдулазиз, виолончелнавоз:
– Соли гузашта ба ман шарафи иштирок дар Анҷумани байналхалқии санъати мақом, ки дар Шаҳрисабз баргузор шуд, муяссар гардид. Ин ҳодиса ба ман таассуроти фаромӯшнопазир гузошт. Ман бо санъати мусиқии бисёр халқҳои ҷаҳон шинос шудам ва қаноатмандии бузург ҳосил кардам. Кумитаи тадорукот барои бомуваффақият баргузор намудани ин иди мусиқии анъанавӣ, ки хеле хуб гузашт, саъю кӯшиши зиёд кард.
Муҳсин Иброҳим, солисти даста (барбат):
– Мо бо иштироки худ дар «Таронаҳои Шарқ» мехоҳем ба кулли мусиқорон ва тамоми иштирокдорони ин ҳодисаи муҳими ҳаёти мусиқии халқҳои Шарқ асарҳои нави оҳангсозони Мисрро бирасонем.
Ман аз тамоми созмондиҳандагон барои саъю кӯшишашон, ки ба бомуваффақият гузаронидани ин ҷашни мусиқӣ равона кардаанд, миннатдорам.