Дар Маркази байналмилалии сайёҳии Самарқанд байни ҳаваскорон зери шиори «Дар як Ватан, дар як вақт, дар як масофа, бо як мақсад якҷоя медавем!» мусобиқаи анъанавии давидани «Нафаси нав» баргузор гардид.
Дар он панҷ ҳазор нафар иштирокчиён ба масофаи 6 километр давиданд.
Дар мусобиқаи имсола низ ғолиби қувваозмоии порсола, варзишгари пастдарғамӣ Комил Фозилов аввалин ба марра расид. Ҷойи дуюм низ ба варзишгари пастдарғамӣ Темур Аҳмадуллоев ва ҷойи сеюм ба вакили ноҳияи Оқдарё, Намозбек Бобомуродов насиб кард.
Дар мусобиқаи духтарон низ ҷойи аввалро варзишгари пастдарғамӣ Элноза Мамарайимова ба даст овард. Ҷойҳои пасина ба варзишгарони оқдарёӣ Фарангис Абдубакирова ва Сабрина Амонова насиб гардид.
Дар баҳси параварзишгарон Шоҳрух Рӯзиқулови оқдарёӣ якум, варзишгарони тайлоқӣ Эъзозбек Амонов ва Суннат Бобомуродов дуюм, Дилбек Тугалови ургутӣ ва Равшан Алиев аз ноҳияи Самарқанд савумин шуда, ба марра расиданд. Дар баҳси байни духтарон вакили ноҳияи Самарқанд Сафина Зодаева ғолиби мутлақ шуд.
Дар марафон ғолибони номинатсияҳои «Иштирокчии аз ҳама кӯҳансол», «Иштирокчии ҷавонтарин» ва ғайра низ муайян гардиданд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.