МУСОБИҚАИ ДУХТАРОНИ ШАМШЕРБОЗ

Аз қадимулайём духтарон бо шамшербозӣ, чавгонбозӣ, асптозӣ барин намудҳои варзиш машғул шудаанд.

Солҳои охир ба ин намуди варзиш эътибори алоҳида дода мешавад. 
16-17-уми ноябри соли ҷорӣ дар Тошканд бо ташаббуси Федератсияи шамшербозии Ӯзбекистон якҷо бо Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ доир ба намуди шамшербозии сабля байни духтарони ҷавон барои Ҷоми ҷаҳон мусобиқа барпо мегардад.
Бахшида ба мусобиқаи мазкур бо иштироки устодони варзиш, чемпионҳои соҳа, ҳаводорони шамшербозӣ дар маҷлисгоҳи Маҷмӯи гимнастикаи варзишӣ анҷумани матбуотӣ баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта мусобиқаи шамшербозон доир ба намуди сабля байни духтарон на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар Осиёи Марказӣ маротибаи аввал барпо шуда буд. Хурсандиовар аст, ки дар он духтарони шамшербози мо Зайнаб Дойибекова, Севинч Исмоилова, Шаҳноза Тағоймуродова ва Айсулу Уснатдинова дар баҳсҳои ҷамоавӣ ҷойи дуюмро ба даст оварда, соҳиби медали нуқра гардиданд. Таъкид намудан ҷоиз аст, ки духтарони шамшербози мо дар рейтинги ҷаҳон аз ҷойи 20-ум ба мақоми 12-ум баромаданд.
Дар ин мусобиқаҳо барои соҳиби ҳар як ҷой холҳои зерин дода мешавад: барои ҷойи аввал – 32; дуюм – 26; сеюм – 20; 5-8–14; 9-16–8; 17-32–4; 33-64–2 ва 67-96–1.
Дар анҷуман таъкид гардид, ки дар Ҷоми ҷаҳон ҳар як холи бадастовардаи варзишгарон барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои Олимпии тобистона, ки соли 2020 дар Токио баргузор мегардад, хеле аҳамиятнок аст.
Дар мусобиқае, ки соли 2018 дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шуда буд, духтарони шамшербози мо бо медали биринҷӣ тақдир шуда буданд. 
Дар Ҷоми ҷаҳон ҷамъ 60 нафар духтарони варзишгар аз Булғория, Ветнам, Олмон, Исроил, Урдун, Қазоқистон, Камбоҷа, Мексика, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Хорватия иштирок мекунанд. Дар мусобиқаи мазкур аз ҳама бисёртар ҷамоаи яккачини Ӯзбекистон – 13 нафар, Русия – 12 нафар иштирок хоҳанд кард.
16 ноябр мусобиқаи шахсӣ, 17 ноябр бошад, мусобиқаҳои ҷамоавӣ барпо мегарданд. 

С.БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: