МУСОБИҚАИ САРҲАДБОНОНИ ҶАВОН

Ҳифзи Ватан – вазифаи муқаддас

Дар марҳилаи вилоятии мусобиқаи «Сарҳадбонони ҷавон»-и Сирдарё ҷамоаи «Бургут—2»-и коллеҷи касбу ҳунари энергетикаи шаҳри Ширин ҷойи аввалро ишғол намуда, ба марҳилаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.
Дар чорабиние, ки Раёсати вилояти сирдарёии Хидмати бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шӯрои вилоятии иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон бо ҳамкории саридораи таълими махсуси миёна ва касбу ҳунар ташкил намуд, таъкид гардид, ки дар мамлакатамон бобати ислоҳ кардани соҳаи қувваҳои ҳарбӣ ва мустаҳкам кардани салоҳият ва қудрати артиши миллӣ корҳои васеъмиқёс амалӣ мегардад.
Мусобиқаи зерин, ки ба тарзи анъанавӣ гузаронида мешавад, дониши хонандагони муассисаҳои таълими махсуси миёна ва касбу ҳунарро оиди сарҳади давлатӣ ва соҳаи ҳарбӣ мустаҳкам намуда, ба баланд бардоштани шавқи онҳо нисбат ба касби пуршарафи ҳимоятгари Ватан будан хидмат мекунад. 
Дар мусобиқа донишу маҳорат ва чолокии ҷавонони 5  коллеҷи касбу ҳунари дар шафати сарҳад ҷойгиршуда бобати дар саф роҳ рафтан, суруд хонда дар саф роҳ рафтан, либосҳои ҳарбӣ, сарҳадҳои давлатӣ, соҳаҳои ҳарбӣ, иҷтимоиву сиёсӣ, ҳуқуқ, забони англисӣ ва давидан аз санҷиш гузаронида шуд.
–Мақсад аз гузаронидани мусобиқа дар байни клуби «Сарҳадбонони ҷавон» баланд бардоштани шавқи ҷавонон ба соҳаи ҳарбӣ ва аз ҷаҳати ҷисмонӣ обутоб ёфтани онҳо мебошад,–мегӯяд сардори ҷамоаи «Темурбеклар»-и коллеҷи касбу ҳунари саноати Оқолтин Зафар Қобилов. –Дар он донишу маҳоратамонро такмил дода, дӯстони зиёд пайдо кардем.
Ҷамоаи «Темурбеклар»-и коллеҷи касбу ҳунари саноати Оқолтин ҷойи дуввум, ҷамоаи «Бургутлар»-и коллеҷи касбу ҳунари маишии Мирзообод ҷойи саввумро соҳиб шуданд.
Ғолибон бо диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва китобҳои бадеӣ тақдиронида шуданд.

А. ҚАЮМОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: