Дар шаҳри Самарқанд веломарафон барпо гашт.
Он таҳти шиори “Нақши занон дар инкишоф додани нақлиёти барқарор ва инклюзивӣ” гузашт.
Дар он беш аз 200 нафар занону духтарони ҳаваскор иштирок карданд. Веломарафон аз шафати Театри драмаи мусиқии вилоят оғоз ёфта, дар хиёбони Донишгоҳ хатм гардид. Масофа 3 километрро ташкил дод. Хонандаи мактаби таълими умумии рақами 87-уми шаҳр Мухлиса Санақулова ба марра аввалин шуда расид. Тарбиягирандаи мактаби ба атлетикаи сабук ва ин намуди бозиҳо ихтисосонидаи бачаҳо ва наврасон Шаҳзода Ҳамидова дуюм ва хонандаи мактаби таълими умумии рақами 35-уми Самарқанд Рушана Байкова севум шуданд.
Сокини маҳаллаи Боғишифо Дилфуза Ғуломова бинобар равияи «Иштирокдори куҳансолтарин» ва истиқоматкунандаи маҳаллаи Чумчуқлӣ Ҳилола Каримова аз рӯйи номгӯйи «Барои ирода ба ғалаба» ва хонандаи мактаби таълими умумии рақами 2-юми шаҳр Дилноза Бурҳонова бинобар равияи «Иштирокдори хурдсолтарин» пирӯз гардиданд. Ба ғолибон мукофотҳои хотиравии Созмони бехатарӣ ва ҳамкории Аврупо, Федератсияи велоспорти Ӯзбекистон, садорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши вилоят супурда шуданд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти САМАРҚАНД.