Мусобиқаи волейболбоздухтарон

Дар ноҳияи Янгиқӯрғони вилояти Намангон волейбол яке аз намуди оммавитарини варзиш ба шумор меравад.

Дар ноҳияи Янгиқӯрғони вилояти Намангон волейбол яке аз намуди оммавитарини варзиш ба шумор меравад. Таркиби тими яккачини  вилоят низ асосан аз волейболбоздухтарони ин ноҳия иборат аст.
Ба қарибӣ дар ноҳияи Янгиқӯрғон мобайни духтарони соли таваллудашон 2005-2006 ва 2007-2008 чемпионати Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар баҳсҳои соли таваллудашон 2005-2006 ба даст оварда, ҷойи якумро мизбонон – волейболбоздухтарони вилояти Намангон ба даст оварда, ба унвони чемпиони Ӯзбекистон сазовор гардиданд. Ҷойи дуюм ба намояндагони вилояти Хоразм, ҷойи сеюм ба варзишгарони вилояти Тошканд ва Андиҷон насиб кард.
Дар баҳсҳои духтарони соли таваллудашон 2007-2008 вилояти Андиҷон байни рақибонашон болодастӣ нишон дода, аз шоҳсуфаи ғолибон ҷой гирифтанд. Варзишгарони қароқалпоқистонӣ соҳиби ҷойи дуюм шуданд. Ҷамоа-ҳои вилоятҳои Хоразм ва Самарқанд ба ҷойи сеюм ноил гардиданд.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: