МУСОБИҚАҲО ОҒОЗ ШУДАНД

Ба наздикӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Бӯка мусобиқаҳои футбол ва мини-футбол барои Ҷоми раиси Хадамоти амнияти давлатӣ оғоз ёфт.

Бояд гуфт, ки имрӯз дар ноҳия ҷамъ 44 ҷамоати шаҳрвандон  ба 8 гурӯҳ тақсим  шуда, алҳол дар ҳудудҳо бозиҳои гурӯҳӣ, ки дар ҳар гурӯҳ 6 ва 5 дастаи  маҳаллаҳо ҷудо карда шудаанд, баргузор мешаванд. 
Бешубҳа чунин мусобиқа, ки бо ташаббуси Агентии кор бо ҷавонони ҷумҳурӣ якҷо бо Вазорати рушди варзиш ва Хидмати амнияти давлатӣ роҳандозӣ мешавад, меҳри ҷавононро нисбат ба футболу варзиш бедор менамояд. 
– Мусобиқаҳои футболи мавсими соли гузаштаи барои Ҷоми раиси ХАД барои футболбозони дастаи мо дарси муҳим буд. Маҳз бо талошу ҳаракати онҳо ҷамоаи «Дӯстлик» дар миқёси ҷумҳурӣ унвони чемпиониро соҳиб гардида буд, – мегӯяд сарвари ҷавонони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Дӯстлик»-и ноҳия Шоҳрух Ҳакимов. – Ба наздикӣ маросими ба истифода супурдани  майдони сунъии мини-футбол ва майдончаи варзишии универсалӣ баргузор мешавад, ки барои пурмазмун гузарондани вақти холӣ ва ба варзиш шуғл варзидани ҷавонони маҳалла имконияти васеъ фароҳам меоварад. 

М. ҚОДИРЗОДА,
ноҳияи Бӯкаи вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: