МУСОБИҚАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КУРАШ ДАР САТҲИ БАЛАНД БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Дар ин рӯзҳо шаҳри бостонии Тирмиз ба ҳайси мизбони мусобиқаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.

Дар ин рӯзҳо шаҳри бостонии Тирмиз ба ҳайси мизбони мусобиқаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.
Он ба хотираи Ҳаким Тирмизӣ бахшида шуда, ғолибон Ҷоми Президенти Ӯзбекистон ва мукофотҳои пулиро ба даст меоранд. Ба ин муносибат дар толори Вазорати сайёҳӣ ва варзиш нишасти матбуотӣ баргузор гардид.   
Ноиби аввали вазири сайёҳӣ ва варзиш Равшан Эрматов гуфт, ки то ҳол аз 30 кишвари дунё 105 нафар вакилон ва паҳлавонон ба Ӯзбекистон ташриф овардаанд. 
– Бо вуҷуди дунёгиршавии бемории куруно теъдоди иштирокчиёни мусобиқа беш аз пеш афзоиш меёбад. Дар 120 кишвари дунё федератсияи кураш таъсис ёфтааст, – гуфт Равшан Эрматов.
Дар мусобиқаҳои байналмилалии кураш мардҳо ва занҳо дар вазнҳои гуногун ширкат мекунанд. Қаҳрамони мутлақи ин мусобиқа соҳиби 100 миллион сӯм ё муодули 10 ҳазор доллари амрикоӣ хоҳад шуд. Соҳиби ҷойи дуюм 5 ҳазор доллар ва ҷойи сеюм 3,5 ҳазор доллар ба даст меорад.
Субҳи 9 апрел дар майдони ҳавоии Тошканд мизбонон меҳмонони мусобиқаро бо карнаю сурнай ва дафу доира, ҳамчунин рақсу таронаҳои ҷолиб истиқбол гирифтанд. Пешвози гарму ҷӯшон меҳмонон, хоссатан хориҷиёнро хеле ба ваҷд овард.
Дар Хонаи матбуоти шаҳри Тирмиз низ як нишасти хабарӣ баргузор гардид. Дар он ҷонишини раиси Федератсияи кураши ҷумҳурӣ Комил Юсупов, ноиби вазири сайёҳӣ ва варзиши ҷумҳурӣ Аваз Каримов, директори техникии Ассосиятсияи байналмилалии кураш Ризо Носирӣ ва ҷонишини ҳокими вилояти Сурхондарё оид ба туризм ва варзиш Ҷ.Тӯраев ширкат карданд.
– Умедворем, ки ин мусобиқаҳо дар сатҳи баланд барпо мешаванд ва меҳмонон аз кишвари мо қаноатманду розӣ ба кишварҳои худ бармегарданд, –  мегӯяд Комил Юсупов.
Гуфта мешавад, ки мусобиқаи кураши навбатиро 8400 нафар тамошобин метавонад дар варзишгоҳи Алпомиш тамошо кунанд. Дарвоқеъ барои ҷамъи иштирокчиёни ин мусобиқа, аз қабили паҳлавонон, ҳакамон, меҳмонон ва намояндагони воситаҳои ахбори умумии дохилӣ ва хориҷӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Як қатор меҳмонхонаҳои шаҳр дар ихтиёри онҳо қарор доранд.
– Дар ин мусобиқа 60 нафарро паҳлавонони кишварҳои хориҷӣ ташкил мекунанд, ки аз мамолики Осиёи Марказӣ, ҳамчунин Русия, Белорус ва як қатор кишварҳои африқоӣ ташриф овардаанд. 25 нафари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд, – изҳор кард Юсупов.
Дар доираи ин мусобиқа баргузор намудани чорабиниҳои зиёди маданиву маърифатӣ низ барномарезӣ шудаанд. Аз ҷумла, зиёрати мақбараи Ҳаким Тирмизӣ дар меҳвари асосии ин чорабиниҳо қарор дорад. Интизор меравад, ки 10 апрел ҳамаи иштирокчиёни ин мусобиқаи бонуфуз дар назди мақбараи Ҳаким Тирмизӣ гирди ҳам меоянд.
– Дар он ҷо барои иштирокчиёни ин мусобиқа оши палав тайёр карда хоҳад шуд. Ин ба ҳайси эҳсон ба меҳмонон ироа мегардад, – мегӯяд ҷонишини ҳокими вилояти Сурхондарё Ҷ. Тӯраев.
Вай афзуд, ки баъд ҳама бевосита маросими ифтитоҳи мусобиқа ва гиромидошти Ҳаким Тирмизиро баргузор мекунанд ва ба мушоҳидаи зӯрозмоиҳо  мепардозанд.
Мардҳо дар вазнҳои 60, 66, 73, 81, 90 ва аз 90 кило зиёд, занҳо дар вазнҳои 48, 57, 63, 70 ва аз 70 кило зиёд сабқат хоҳанд кард.  Ғолибони вазнҳои то 90 кило дар байни мардҳо ва то 70 кило дар байни занҳо мукофотҳои пулӣ ба даст меоранд. Аз ҷумла, ғолибони ҷойҳои якум 3 ҳазор долларӣ, ҷойҳои дуюм 2 ҳазор долларӣ ва ҷойҳои якум 1 ҳазор долларӣ хоҳанд гирифт.
Маълум шуд, ки шарафи мамлакатамонро 49 нафар паҳлавонон ҳимоя мекунанд ва аз ин шумор 24 нафарро паҳлавонҳои сурхондарёӣ ташкил менамоянд. 
Ба ин тартиб, 10 апрел мусобиқаҳо баргузор мешаванд ва тӯли ду рӯз паҳлавонон рӯи гилем баромада, маҳорати худро намоиш медиҳанд. Тавре ки мегӯянд, “Майдон аз далер аст”. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири махсуси 
“Овози тоҷик”.

Шаҳри ТИРМИЗ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: