Мусобиқаҳои варзишӣ-гарави саломатӣ

Дар ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона ба масъалаи кор бо ҷавонон ва ба варзиш ҷалб намудани онҳо аҳамияти хоса дода мешавад.

Дар ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона ба масъалаи кор бо ҷавонон ва ба варзиш ҷалб намудани онҳо аҳамияти хоса дода мешавад. Дар ин маврид аллакай ҳокимияти ноҳия дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дигар корҳои зиёд ба сомон мерасонанд.
Ба гуфтаи ноиби ҳокими ноҳия оид ба сиёсати ҷавонон, ривоҷи иҷтимоӣ ва корҳои маънавию маърифатӣ Отабек Алиматов баргузор кардани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Яке аз чунин мусобиқаҳо оид ба футбол дар миёни ҷавонони номуташаккил гузаронида шуд. Ин мусобиқа таҳти унвони “Ҷоизаи прокурор” роҳандозӣ гардид.
– Баргузор кардани намудҳои мусобиқаҳои варзишӣ усули хеле хубест, ки худи ҷавонон ба он таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунанд.Ин бор мо мусобиқаи футболро дар байни ҷавонони чаҳор сектор доир намудем. Онро мардуми зиёд омада тамошо карданд,-гуфт Отабек Алиматов.
Гуфта шуд, ки дар даҳаи аввали моҳи феврал мусобиқаҳо оид ба теннис ва волейбол низ ташкил карда мешаванд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: