МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ

Фасли тирамоҳи заррин, табиати зебоманзари деҳаи Синтоб табъи касро болида месохт.

Фасли тирамоҳи заррин, табиати зебоманзари деҳаи Синтоб табъи касро болида месохт. Наворгирандагони «оинаи нилгун» на ба наворгирии иштирокчиёни чорабинӣ, балки мафтуни кӯҳҳои сарбаланди деҳа буданд. 

Бо ташаббуси ҳокимияти вилояти Навоӣ ва ноҳияи Нурато аз рӯи 5 ташаббуси сарвари давлат  дар яке аз деҳаҳои қаторкӯҳҳои Нурато, маҳаллаи ҷамоати шаҳрвандии Синтоб чорабинии варзишӣ баргузор гардид. 
Чорабинӣ субҳ оғоз ёфт. Намуди аввал – пойгаи “ним марафон” буд, ки дар он зиёда аз 150 нафар духтару писарони синни мактабӣ иштирок доштанд. Ба пойгачиён аз тарафи сарвари варзиши ноҳияи Нурато У.Қаҳҳоров старт дода шуд. Пойгачиёнро мутасаддиёни варзиши вилоят ва ноҳия назорат менамуданд. Давидани «ним марафон» оғоз ёфт ва дар охир хонандагони мактабҳо ба чунин натиҷаҳо ноил гаштанд: аз писарбачаҳо ҷойи аввал ба хонандаи мактаби 30 Э.Холмуродов, ҷойи дуюм ба хонандаи мактаби 49 И.Шоназаров ва ҷойи сеюм ба хонандаи мактаби 30 Н.Субҳонов насиб гашт. Аз духтарон ҷойи якум ва дуюмро  хонандагони мактаби 43 хоҳарон Худойбердиеваҳо ва ҷойи сеюмро  хонандаи мактаби 30 Ш.Иброҳимова соҳиб гаштанд.
Дар финиш ҳаводорони пойга намояндагони ҳокимияти вилоят, ҳокимияти ноҳия, роҳбарияти секторон, гвардияи миллӣ, ватанпарвар, ҳарбиён ва духтурон ҷамъ омада, пойгачиёнро самимона пешвоз гирифтанд.  Баъд аз ин марҳилаи табрик ва супурдани мукофотҳо оғоз ёфт.
Сухани аввал ба ҳокими ноҳия У.Халелов дода шуд. Овозхонҳои яккахон, фолклори халқии ноҳия, дастаи ҳунарии мактабҳо ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшиданд.
Нимаи дуюми рӯз барои гузаронидани бозиҳои футбол, шоҳмот, шашка, тенниси рӯйи миз, ки дар 5-ташаббуси сарвари давлат ҷойи дуюм меистад, аз тарафи ҳокимият рухсат дода шуд. Сарвари варзиши ноҳия У. Қаҳҳоров омӯзгорони тарбияи ҷисмонии мактабҳоро саф ороста қонуну қоидаи “мини-футбол”-ро фаҳмонда, ба 8-тими футболи мактабҳо қуръа партофтанд. 
Доварон аз мактабҳои махсуси футболи ноҳия таклиф шуда буданд. Бозиҳо бо кафкӯбии ҳаводорони футбол ва ҷидду ҷаҳди бозигарон мегузаштанд. Бозиҳои мини-футбол бо чунин натиҷаҳо ба охир расиданд: ҷойи 1 тими мактаби 30-юм, ҷои 2 – тими мактаби 22, ҷойи 3 – тими мактаби 35 насиб гардид. Бо ҳамфикрии доварон, мухлисон ва омӯзгорони тарбияи ҷисмонии мактабҳо бозигари хуб хонандаи синфи 7-и мактаби 30 Қ.Деҳқонов дониста шуд. Ба ғолибони тимҳо ҳадяҳо ва ташаккурномаҳоро аз тарафи ҳокимияти вилоят ва ноҳия, сарвари варзиши ноҳия, услубчиёни ШТХ пешкаш намуданд. 
Дар охири чорабинӣ раиси ҷаъмияти шаҳрвандии маҳаллаҳои Синтоб ва Эҷ М.Мирзоев ва У.Муродов ба ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ, ташкилот ва футболбозони ҷавон миннатдорӣ баён намуданд.

Қ. ҚӮЗИЕВ,
омӯзгори тарбияи ҷисмонии 
мактаби 30-юми
ноҳияи Нуратои 
вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: