МУСОФИРКАШОНӢ ТАВАССУТИ НАҚЛИЁТ 31,3 ДАРСАД АФЗУДААСТ

Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ шумораи мусофиркашонӣ тавассути нақлиёт нисбат ба даври мутаносиби соли гузашта 31,3 фоиз афзудааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ шумораи мусофиркашонӣ тавассути нақлиёт нисбат ба даври мутаносиби соли гузашта 31,3 фоиз (дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023 ҷамъ 3,79 миллион нафар), яъне 1 миллиону 190 ҳазор нафар афзудааст. Дар ин бора Агентии омор хабар дод.

Мувофиқи маълумоти Агентии омор, дар давоми 9 моҳи соли 2024 шумораи мусофирон, ки тавассути нақлиёти ҳавоӣ ҳаракат кардаанд, 4 миллиону 980 ҳазор нафарро ташкил кардааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: