МУСТАҲКАМ КАРДАНИ ХОТИРА

Хотира ашёи заруриро барои фикрронӣ таъмин ва ҳифз мекунад.

Хотира ашёи заруриро барои фикрронӣ таъмин ва ҳифз мекунад. Мо вазифадор ҳастем, ки ин малакаро дар ҳар як ҷабҳаи ҳаёт ба таври бояду шояд корбаст намоем.
Санҷишҳои равоншиносӣ қобилияти тағйирнаёбанда будани қувваи хотираро нишон медиҳанд. Чунонки мушак ба воситаи машқ  афзоиш меёбад, хотира низ бо гузашти вақт, ба воситаи малакаи ёдкунӣ ва дар ёд нигоҳдорӣ метавонад пурқувват шавад. Ба ин сабаб сухан, латифа, шеър ва дигар чизҳои барои худатон маъқулро дар дафтари хотирае, ки доимо ҳамроҳ доред, қайд карда, барои азёд кардани онҳо саъй намоед.
Роҳҳо ва қоидаҳои ба хотира ва зеҳн нигоҳ доштани дониш низ мавҷуд аст. Барои он қоидаҳои зеринро тавсия кардан мумкин аст:
Ҳар як мавзӯъе, ки ба хотира ҳифз кардани онҳо зарур аст, итминон ҳосил кунед, ки ба хубӣ дарк намудаед. Фаҳмидани моҳияти ягон кор, ба кадом тамоилҳо такя кардани онро хуб дониста гирифтан, бахотировариро осон мекунад.
Мавзӯъро бо мақсади дар хотир нигоҳ доштан омӯзед. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки агар мақсади дар хотир нигоҳ доштани ягон ҳодиса мавҷуд набошад, хотира суст мегардад. «Профессори хасташуда чатрашро ҳангоми аз аудитория баромадан не, балки пештар, вақти ба аудитория даромадан, айни дар дигар фикр будан – ҳангоми гирди миз рост гузоштани он фаромӯш кардааст».
Кӯшиш кунед, ки чизҳои дар хотир нигоҳ доштани ҳатмиро ба як гурӯҳи маълум ҷудо карда, ба тартиб оваред.
Барои хотиррасон кардани мавзӯъҳои саҳифаи васеъ ва параграф, аз миёни онҳо калимаҳо ва ибораҳои калидиеро, ки мумкин аст воситаи кушодани мавзӯъ гарданд, пайдо кунед.
Ҳангоми омӯзиш ба қадри имкон аз аъзои ҳисси гуногун зиёд истифода баред. Масалан, ҳам бо роҳи дидан, ҳам бо овози баланд хондан, ҳам  фикр кардан ва ҳам навиштан мавзӯи омӯхташаванда мутлақо дар хотира мемонад. 
Типи хотираи худро муайян намуда, вақти омӯзиш бештар ба он такя кунед. Хотира гуногун мешавад: баъзеҳоро хотираи чашм, баъзеҳоро хотираи гӯшаш пурқувват мешавад.
Ҳангоми аз ёд кардан порчаҳои калонро ба шуъбаҳои хурди мантиқӣ ҷудо намуда, ҳифз кунед.
Дар кор кардан аз вақт самаранок истифода баред. Ба ҷои як соатро  бо саросемагӣ сарф кардан, бодиққат ним соат кор карда, дар байн асабро каме истироҳат додан боз ҳам судманд ва самарабахш хоҳад буд.
Махсусан, ҳангоми омӯзиши истилоҳҳои техникӣ, санаҳо ва забони хориҷӣ аз карточкаҳои ҳифзкунӣ истифода баред. Ба як ҷониби карточка ба воситаи навиштани калима, сана ва формула боз ҳам барои осон ҳифз намудан имконият фароҳам овардан мумкин.
                                                  
Тарҷумаи Х.ҲАМИДОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: