Яке аз муқаддасоте, ки тӯли ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, дар имтиҳонҳои зиндагӣ комилтар гаштааст, оила мебошад.
Яке аз муқаддасоте, ки тӯли ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, дар имтиҳонҳои зиндагӣ комилтар гаштааст, оила мебошад. Воқеан, оила шабеҳи давлати кучаке андар давлати бузург аст. Он ҳам марз дорад, дорои ору номус, нафсоният, муқаддасот аст. Орзую ҳавас, ғаму шодӣ, неку бад ҳам хоси оила мебошанд. Гоҳо мешавад, ки он ба ҳимоя муҳтоҷ аст. Мардуми шарафманди мо барои аз олудагиҳо пок доштани оилаи хеш, баҳри ҳифзи ору номуси хонадон ҷони худро дареғ намедоранд. Боз оила мактабест, ки дар он урфу одатҳои ҳамидаи ниёгон, аз бар кардани суннатҳои миллӣ, одобу ахлоқ, шарму ҳаё...ва касбу кори меросӣ омӯзонида мешавад. Бахусус дар се соли охир ба оила, беҳтар кардани шароити оилавии шаҳрвандон, ширину гуворо гузаштани зиндагии онҳо ғамхориҳои нав ба нав зоҳир мегардад. Аз рӯйи нишондоди «Ҳар як оила – тадбиркор» ҷудо кардани вомҳои камфоиз, имкониятҳо барои оилаҳои ҷавон, ғамхорӣ ба оилаҳои камтаъмин далели фикрҳои болоиянд. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин саъю кӯшиш дар оилаҳо ҳанӯз муаммоҳо кам нестанд.
Суҳбати мо бо муовини ҳокими ноҳияи Сайҳунобод оид ба корҳои занону духтарон Ӯғилой БУРҲОНОВА ва роҳбари «Маркази оила»-и ноҳия Иҷобат ҲОДИЁРОВА аз ҳамин хусус буд.
– Ӯғилой, ман азбаски сокини ҳамин ноҳия ҳастам, аз тамоми бурду бохти ҳокимияти ноҳия дар роҳи амалӣ гардонидани қарору фармонҳои сарвари кишвар доир ба оила огоҳӣ дорам. Аз ин рӯ, мехостам оид ба муаммоҳои мавҷудаи оилаҳо, сабабҳо ва роҳҳои бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта суҳбат кунем.
– Хурсандем, ки аз бурду бохту вазъи имрӯзаи кори мо огоҳ ҳастед. Аз ин рӯ, бе муқаддима дар бораи ин масъалаҳо ҳарф мезанам. Имрӯз муаммои риққатовар, ё худ ҷойи дарди мо номуросоӣ ва дар натиҷаи ин аз ҳам ҷудошавии навхонадорон аст. Соли сипаригашта дар ҳудуди ноҳияи мо аз ҳам ҷудо шудани 78 зану шавҳар ба қайд гирифта шудааст. 18 нафари онҳо чанд сол қабл ба таври норасмӣ аз ҳам ҷудо зиндагӣ карда, қарори судро оид ба ҷудошавӣ соли 2019 гирифтаанд. Аз ин лиҳоз нишондиҳандаи оилаҳои вайроншуда дар соли гузашта 18 нафар афзудааст. Аммо гап дар сари кадом сол барбод шудани оила нест. Аламовар он аст, ки арӯси бо як ҷаҳон орзуҳои ширин ба остонаи «хонаи бахт»-и худ қадамгузошта, бо дили пур аз нафрату адоват ва пушаймонӣ ин даргоҳро тарк мекунад...Кӣ гунаҳкор? Гоҳ гапи хушдоману арӯс аз як ҷо намебарояд, гоҳи дигар шавҳар майзада аст. Яке бекории шавҳару норасоии моддиро баҳона меораду дигаре рашки беасосро.Боз тоифае ҳастанд, ки «характер»-ашон бо ҳамдигар мувофиқ намеояд... Мо ҳангоми онҳоро ба муросо даъват кардан аз он дар ҳайрат меафтем, ки ҳеҷ кас айби худро ба гардан намегирад. Надидем, ки гуноҳи арӯсеро падару модари ӯ, ё худ бадхӯии писарашонро волидайни домод тан гирифта бошанд. Охир, дар мавриди номуросоӣ ақаллан падару модари ҳар ду тараф айбро бояд аввал аз худашон ҷӯянд...
– Ба ақидаи бархе аз падару модарон, гӯё ба вайроншавии оилаи фарзандонашон телефон сабаб мегардад, – мегӯяд роҳбари маркази тадқиқоти илмию амалии «Оила» Иҷобат Ҳодиёрова, – гӯё арӯсон тавассути телефон ба модаронашон хабаркашӣ мекунанд. Бигзор ҳамин тавр ҳам бошад, аммо телефон чӣ гуноҳ дорад? Агар арӯс дар муҳити маънавии солим ба воя расида бошад, аз хабаркашӣ ҳазар мекунад. Ё худ агар модари ӯ аз кӯчаи маънавият гузашта бошад, ба чунин рафтори духтараш роҳ намедиҳад, ӯро насиҳат мекунад. Ҳама гап дар сари он аст, ки на ҳамаи ҷавонони мо ба хонадоршавӣ тайёранд ва ин, албатта, гуноҳи мо – падару модарон аст. Ҷавон пас аз хатми мактаб ҳавас (кӯшиш не) мекунад, ки ба мактаби олӣ дохил шавад, аммо аз ӯҳдаи ин кор намебарояд. Пас аз ду-се сол падару модар тараддуди тӯй мекунанд. Тасаввур кунед, домодшаванда ягон касб надорад, дар ҷое кор намекунад. Арӯсшаванда низ бемаълумоту бекасбу кор аст, ба қавле, ҳар ду — гули як боғ. Ин аст як намунаи бемаънавиятии падару модарон. Охир, қудошавандагон пеш аз он ки тараддуди тӯй кунанд, бояд фарзандонашонро ба зиндагии мустақил омода созанд. Ба онҳо барои он, ки касбе омӯзанд, сари кореро доранд, кӯмак расонанд.
– Иҷобат рост мегӯяд, – меафзояд Ӯғилой Бурҳонова, – ҳангоми таҳлили сабабҳои ҷудошавии оилаҳо мо мебинем, ки бархе аз арӯсон аз бекории шавҳар ва норасоии рӯзгор шикоят мекунанд. Албатта, мо кӯшиш мекунем, ки тавассути бозори меҳнат онҳоро бо коре таъмин намоем, аммо на ҳамеша ба ин муваффақ мешавем. «Дили нохоҳам – узри бисёр» – ҷавонон кам будани моҳонаро баҳона меоранд. Боз ҳамон бемаънавиятӣ, охир дар ҷайб як тин надоранду 800-900 ҳазор сӯм барои эшон пул не... Албатта дар ҷое, ки кор ҳаст, норасоӣ ва муаммоҳо низ ҷой доранд. Хоҳишмандам ин гуфтаҳои моро заифнолӣ напиндоред, зеро мо ҳаргиз рӯҳафтодаву ночор нестем. Ҳоло 40 нафар занони рӯзгордидаву фаъоли ноҳия баҳри ҳалли чунин муаммоҳо ва пешгирӣ кардани вайроншавии оилаҳо ба мо ёрӣ мерасонанд. Тадбирҳо мегузаронем, дар ҳар як маҳалла бо оилаҳое, ки муҳити зисташон носолим аст, кор бурда истодаем... Воқеан, шумо иқрор шудед, ки аз комёбиҳои мо хабар доред.
– Бале, банда аз корҳои неки шумо, ки дар роҳи мустаҳкам кардани оила, баланд бардоштани дараҷаи маънавияти халқ, ҳимояи иҷтимоӣ ва васеътар кардани дониши ҳуқуқии шаҳрвандони ноҳия ба анҷом мерасонед хабар дорам. Дафъаи оянда аз ҳамин хусус суҳбат хоҳем кард. Ташаккур аз шумо.
– Саломат бошед.
Сӯҳбаторо
Тӯхтамиши БОҚӢ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Сирдарё.