МУТАХАССИСОН ДАР ҚАРШӢ ОМОДА ХОҲАНД ГАШТ

Донишгоҳи Эгейи Измири Туркия яке аз бонуфузтарин масканҳои таълими минтақа аст, ки интизор меравад дар Донишкадаи муҳандисӣ ва иқтисоди Қаршӣ бахши бофандагии саноатро ба роҳ монад.

Як гурӯҳ мутахассисони варзидаи Донишгоҳи Эгей бо роҳбарии проректорҳои он хонум Бону Юҷел ва Меҳмет Арслон бо ҳамтоёни худ дидору мулоқот намуданд. Онҳо ба тавофуқ расиданд, ки факултети бофандагии саноатро дар Донишкадаи муҳандисӣ ва иқтисоди Қаршӣ ифтитоҳ намоянд.
Ин дар ҳолест, ки солҳои охир дар шаҳру навоҳии вилоят фабрикаҳои бофандагиву дӯзандагии зиёде сохта шуда, соҳаи мазкур ба мутахассисони маҳаллӣ бештар ниёзманд гаштааст. Гуфта мешавад, ки хатмкунандагони бахши бофандагии Донишкадаи муҳандисӣ ва иқтисоди Қаршӣ  дар оянда талаботи рӯзафзуни бозори шуғлро дар минтақа қонеъ хоҳад кард. 
Ҳангоми дидору мулоқотҳо ба намояндагони вилоят лабораторияҳои бофандагии Донишгоҳи Эгей ва таҷҳизоти таълиму тадриси он намоиш дода шуд.
Таъкид гардид, солҳои баъдӣ дар факултети хоҷагии кишоварзии донишкада бахши муштараке ташкил карда хоҳад шуд, ки ба кори илмии олимон дар соҳаи кишоварзӣ мусоидат карда, табодули хониши донишҷӯёнро ба шаҳрҳои Измир ва Қаршӣ низ фаро хоҳад гирифт.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: