МУТАХАССИСОН ИБРОЗИ НАЗАР КАРДАНД

Дар Тошканд бо ташаббуси Институти байналхалқии Осиёи Марказӣ (ИБОМ) бино бар натиҷаи ташрифи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон анҷумани байналхалқии «Ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва шаффофият заминаи рушди минбаъдаи ҳамкории Ӯзбекистону Тоҷикистон» ба тарзи онлайн баргузор гардид.

Дар Тошканд бо ташаббуси Институти байналхалқии Осиёи Марказӣ (ИБОМ) бино бар натиҷаи ташрифи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон анҷумани байналхалқии «Ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва шаффофият заминаи рушди минбаъдаи ҳамкории Ӯзбекистону Тоҷикистон» ба тарзи онлайн баргузор гардид.
Дар аввали анҷуман директори ИБОМ Анвар Носиров бори дигар аз аҳамияти таърихии ин ташриф ёд карда, иброз дошт, ки байни ин ду ҷумҳурӣ бори аввал аст, ки чунин миқдори зиёди қарордодҳои фарогир ба имзо расиданд. Ин ҳуҷҷатҳо ончунон фарогиранд, ки дар бобати ҳар яки он ба хотири дарк кардани моҳияташон анҷумани мазкур созмон дода шуд.
Воқеан, дар қиёс ва дарки аслии моҳияту муҳтавои ҳуҷҷатҳо фаҳмида мешавад, ки домани ҳамкориҳо то куҷо ва кадом ҳад густурда мегардад. Аз ин боис аз суханони директори Маркази тадқиқотҳои стратегии назди Президенти Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ бармеояд, ки барои татбиқ ва ҷомаи амал пӯшондани тамоми ин қарордодҳо маъмурон ва мутасаддиёни тамоми ҷанбаҳои дахлдор – аз марказу муассисаҳои илмиву таълимӣ то воҳидҳои иқтисодиву соҳибкорӣ остин бар зада, кӯшиш намоянд.
Табиист, ки масъалаҳои сиёсиву иқтисодиву маданӣ дар меҳвари ин қарордодҳо ҷой дода шудаанд. Биноан, дар ин ҳаҷми кору вазифаҳое, ки муқаррар карда шуданд, сафоратхонаҳои ҷумҳуриҳо дар кишварҳои ҳамдигар саҳмгири асосии иҷрои онҳо аз лиҳози дипломатӣ ва сиёсӣ мебошанд. Ин нуктаҳо дар гузориши сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба забон гирифта шуданд.
Дар анҷуман гуфта шуд, ки ҷонибҳо аз истифодаи хатҳои коммуникатсионии ҳамдигар манфиатдор мебошанд, зеро онҳо ҳамдигарро пурра месозанд.
Муовини директори Маркази тадқиқотҳои стратегии назди Президенти Тоҷикистон Саодат Ҷӯрахонзода ба ин нуктаҳо ишора намуда гуфт, ки ҷумҳуриҳо кластерҳои байнидавлатӣ ташкил менамоянд, ки аз имконияти ҳамдигар босамартар истифода намоянд.
 Бино ба суханони ӯ ҳоло Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Афғонистон равобити коммуникатсионии мултимодал дорад ва Ӯзбекистон имконияти хубу муносибе дорад, ки аз он истифода кунад. Бунёди хати роҳи оҳани Самарқанд – Панҷакент низ дар бобати инфрасохтори ҷаҳонгардӣ айни муддао хоҳад гардид, ки сайёҳон на танҳо аз дидани Самарқанди бостонӣ, балки аз Панҷакенти 5500-сола низ баҳра мебаранд. Бо назардошти ҳамаи ин дар ҳар ҷумҳурӣ бартарияти худ мавҷуд аст, ки аз онҳо ҳамсояҳо бояд босамар истифода намоянд. Аз ҷумла, бо ҳамсояи ҷанубии худ – Афғонистон Тоҷикистон хеле дар масоҳати зиёд ҳамсарҳад мебошад ва аз тариқи дарёи Панҷ, ки чандин пул сохта шудааст, равобити гуногун аллакай ба амал ҷорӣ гаштааст. Барои Тоҷикистону Ӯзбекистон – чун ҳамсояи муҳим ва дар айни замон ҳассос – Афғонистон ҷойгоҳи муҳимро ишғол менамояд. Аз ин боис барои минтақа ба ҳамгароии иқтисодиву сиёсӣ ва бехатарии Осиёи Марказӣ ҷалб намудани ҳамсояи ҷанубӣ аз бисёр лиҳоз муҳим аст. Ин масъала дар партави аз ин кишвари ҷангзада хориҷ шудани қувваҳои НАТО боз ҳассостар ва муҳимтар мегардад.
Профессори Институти таърих, этнография ва археологияи Академияи миллии улуми Тоҷикистон ба номи Аҳмади Дониш Убайдуллои Насрулло ба ҷиҳатҳои равобити илмӣ ва мадании аҳли илму фарҳанги ҷонибҳо эътибор нигаронд ва аз ин алоқамандии аҳли илм ва ҳунар, хусусан солҳои охир изҳори қаноатмандӣ намуд. Аз он ёдовар шуд, ки солҳои шӯравӣ фолклоршиносони ӯзбекистонӣ зери сарпарастии профессор Файзулло Кароматов дар Бадахшони Тоҷикистон бо ҷамъоварии ганҷинаи ҳунари шифоҳии мардумӣ – фолклор машғул гаштааст. Ва номбурда ин ҳолро аз беҳтарин намунаи ҳамкориҳо зикр кард, ки ҳоло акнун чунин анъанаҳои беҳтарин бо иродаи тарафҳо дубора барқарор карда шавад.
Профессор инчунин аз ба вуҷуд овардани назари ягона ба таърих ва маданияти халқҳо аз ҷониби мутахассисон ва баъдан таълиф намудани онҳо сухан ба миён овард, ки ҳоло ин кор дар ҷараёни таҳия қарор дорад.
Дар байни ҳамаи ин корҳои дақиқу илму иқтисодиёту маданият, барои зебоии табиӣ низ дар равобит ҷой гузошта шудааст. Мушовири вазири хоҷагии қишлоқи Ӯзбекистон Алишер Шукуров аз бобати ҳамкорӣ дар ин соҳа ҳарф зада, аз он ёдовар шуд, ки ҷонибҳо барои бунёд намудани боғу хиёбонҳо ва ороишу пероиши онҳо дар ҳудудҳои ҳамсарҳад дар созмон додани парваришгоҳҳо ва маконҳои парвариши гулу бутаҳои ороишӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард, ки ин гулу бутаҳо баъдан на танҳо боғу хиёбонҳои ҳамдигарро зебо мегардонанд, балки дилу дидаи халқҳоямонро бо бетакрории ҳусн аз шодмонӣ ва хушҳолӣ лабрез менамоянд.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

 Сурати АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: