МУТОИБА

Халифаи гурусначашм

Халифа (ҷонишини Муҳаммад) рӯзе чошт мехӯрд ва барраи бирён пеши вай ниҳода буданд. Арабе аз бодия (биёбон) даррасид. Вайро пеш хонд. Араб бинишаст ва ба иштиҳои тамом дар хӯрдан истод, халифа гуфт:
– Чӣ бераҳмӣ! Ин барраро чунон аз ҳам медарӣ ва ба рағбат мехӯрӣ, ки гӯё модари ӯ туро ба сар задааст.
Араб гуфт:
– Ин хӯрданист. Аммо ту чунон ба чашми шафқат дар ӯ менигарӣ ва аз хӯрдани ӯ бад мебарӣ, ки гӯё модари туро шир додааст.

Чароғ ва нобино

Нобиное дар шаби торик чароғе ба даст ва сабӯе (кӯза) бар дӯш (китф) дар роҳе мерафт. Шахси пургӯе дар роҳ ба ӯ дучор шуд ва гуфт:
– Эй нодон, рӯзу шаб пеши ту як сон аст ва равшанӣ ва торикӣ дар чашми ту баробар. Ин чароғро фоида чист?
Нобино бихандид, ки ин чароғ аз баҳри худ нест, аз барои чун ту кӯрдили бехабар аст, то ба ман паҳлу назанӣ ва сабӯям нашиканӣ!
Қитъа:
Ҳоли нодонро беҳ аз нодон намедонад касе,
Гарчи дар дониш фузун  аз Бӯалӣ Сино бувад.
Таъни нобино мазан,  эй дам зи биноӣ зада,
З-он ки нобино ба кори  хештан бино бувад.

Мӯй дар луқма

Халифа бо арабе дар саҳро таом мехӯрд. Дар аснои он назараш ба луқмаи вай афтод, мӯе дар он дид.
Гуфт:
– Эй аъробӣ (араб), он мӯй аз луқма дур кун.
Араб гуфт:
– Аз дастархони касе, ки чандон дар луқмаи хӯранда нигарад, ки мӯйро бинад, таом натвон хӯрд!
Даст боз кашида савганд хӯрд, ки дигар аз дастархони вай таом нахӯрад.

Аз мурдагони гӯр шарм медорам

Табиберо диданд, ки ҳар гоҳ ба гӯристон мерасид, ридо (матои чоргӯшаи рӯмолмонанд) ба рӯ мекашид. Сабаби онро суол карданд.
Гуфт:
– Аз мурдагони ин гӯристон шарм медорам, ки ба ҳар кӣ мегузарам, зарбати ман хӯрдааст ва дар ҳар кӣ менигарам, аз шарбати ман мурдааст.

Мураттиб С.РӮЗИЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: