Инак се сол мешавад, ки дар яке аз боргоҳҳои бонуфузи таълими олии кишвар – Донишгоҳи давлатии Самарқанд мехонам.
Инак се сол мешавад, ки дар яке аз боргоҳҳои бонуфузи таълими олии кишвар – Донишгоҳи давлатии Самарқанд мехонам. Бояд гуфт, ки давраи таҳсили ман ба замони бозсозӣ, дигаргунӣ ва тағйироти куллии кишвар рост омад. Тӯли ин солҳо дар сохтори таълими олӣ низ ислоҳоти зиёд амалӣ гардид.
Яке аз чорабиниҳои муҳимтарине, ки ин солҳо бобати баланд бардоштани сатҳи маънавияти мардум, бахусус, ҷавонон амалӣ гардид, бешубҳа, ин қарори Президент «Дар бораи барномаи маҷмӯи чорабиниҳо доир ба рушди низоми нашр ва паҳн кардани маҳсулоти китоб, баланд бардоштани сатҳи маданияти мутолиа» ва чанд ҳуҷҷати меъёрии дигар роҷеъ ба тарғиби мутолиаи китоб мебошад. Дуруст аст, ки ба мақсади тарғиби мутолиа, афзунсозии муҳаббати ҷавонон нисбат ба китоб озмунҳо гузаронида, чорабиниҳои зиёд иҷро мешаванд. Саволе ба миён меояд: дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар ин самт чӣ гуна корҳо амалӣ шуданд? Барои гурӯҳҳои тоҷикии донишгоҳ чӣ миқдор китобҳои дарсӣ ва адабиёти илмию бадеӣ ҳаст? Имконияти дастрасии донишҷӯёни ин гурӯҳҳо ба китоб дар чӣ сатҳ қарор дорад?
Бояд гуфт, ки имрӯз дар нӯҳ факултети Донишгоҳи давлатии Самарқанд гурӯҳҳои тоҷикӣ ҳастанд. Мутаассифона, ягон факултет бо адабиёти илмии зарурӣ, ки бо забони тоҷикӣ чоп гардидааст, комилан таъмин нашудааст. Вақте ки донишҷӯ аз пайи ҷустуҷӯйи адабиёт ба китобхонаҳои донишгоҳ сар мехалонад, ғайр аз чанд адабиёти фарсудаву дарида ва маводашон кӯҳнашуда, дигар китобе дарёб карда наметавонад.
Вақте хабареро роҷеъ ба имзо расонида шудани Созишнома дар байни Вазорати таълими халқи Ӯзбекистон ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва дар он баррасӣ гардидани масъалаҳои ба роҳ мондани чопи китобҳо ва маҷаллаю рӯзномаҳоро бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шунидем, бениҳоят хурсанд шудем. Моҳи марти соли 2018 ҳайати намояндагони Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ ба вилояти Суғди Тоҷикистон рафтанд, ки низ хабари фараҳбахш буд.
Умед доштем, ки дар асоси ин ҳамкориҳо тамоми гурӯҳҳои тоҷикӣ бо китоб ва адабиёти зарурӣ таъмин мегарданд. Афсӯс, ки аз байн ду сол мегузарад, аммо то ҳол ягон адабиётеро надидем, ки аз кишвари ҳамсоя оварда бошанд.
Ҳама баланд мегӯянд, ки китоб манбаи илм аст. Манбаи пайдоиши ҳамаи илмҳову фазлу камоли инсон, сарчашмаи дарёи ақл китоб мебошад ва роҳи ояндаи инсонро мунаввар месозад. Ин фикр сад дар сад дуруст аст. Аммо агар ҳамин манбаъ набошад, донишҷӯён аз куҷо илм омӯзанд? Роҳи ояндаи худро бо мутолиаи чӣ гуна китоб мунаввар созанд? Ояндаи дурахшони хешро чӣ тавр таъмин намоянд?
Фирӯз МИРЗОҶОНОВ,
донишҷӯйи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд.