МУТТАҲИДӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ МУҚТАДИРӢ

Ӯзбекистон мамлакати сермиллат аст.

Дар он намояндагони беш аз 130 миллату халқият аҳлона кору зиндагӣ мекунанд. Ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлолият роҳ кушодан ба кушодадилӣ ва ривоҷ додани маданияти инсонпарварӣ, таъмини  ҳамҷиҳатии байнимилливу конфессияҳои динӣ, мустаҳкамсозии муносибати байниякдигарии халқҳо дар ҷамъият, сарфи назар аз миллат ва эътиқод таъмини якхелагии ҳуқуқ ва имкониятҳои шаҳрвандон, тарбияи авлоди ҷавон дар рӯҳи муҳаббату садоқат ба Ватан ва арзишҳои миллию умумиинсонӣ яке аз самтҳои устувори сиёсати давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян гардидааст. 
Халқҳои гунонгунмиллате, ки дар ин сарзамин умр ба сар мебаранд, сиёсати Президентамонро оид ба соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ  дастгирӣ намуда, баҳри равнақи ин мамлакат аз таҳти дил меҳнат мекунанд, дар ривоҷи ҳарҷиҳатаи он саҳм мегузоранд.
Яке аз созмонҳое, ки сиёсати миллиро бевосита ба амал татбиқ менамояд, Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳисоб меёбад.
Кумитаи мазкур 19 майи соли 2017 бино ба фармони рақами 5046-уи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  дар заминаи Маркази байналмилали ҷумҳурӣ ва Шӯрои ҷамъиятҳои равобити дӯстона ва фарҳангию маърифатии Ӯзбекистон бо кишварҳои хориҷӣ арзи ҳастӣ намудааст.
12 майи соли равон дар Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯйи иҷрои Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав дар “Соли гиромидошти инсон ва маҳаллаи фаъол” бахшида ба фаъолияти муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ дар чаҳоряки аввали соли ҷорӣ анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва ходимони Кумита, намояндагони марказҳои мадании миллӣ, ки дар ҷумҳуриамон фаъолият пеш мебаранд, меҳмонон ва вакилони ВАО иштирок намуданд.
Тавре таъкид гардид, имрӯзҳо кумита бо ҷамъ 151-то марказҳои мадании миллӣ, 38-то ҷамъиятҳои дӯстӣ ва 38-то ҷамъиятҳои ҳамватанонамон дар хориҷ ҳамкорӣ менамояд.
Аз ҷониби кумита дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ бо мақсади таъмини иҷрои вазифаҳое, ки дар консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян шудаанд, корҳои сохторӣ пеш бурда мешаванд.
Аз рӯйи иҷрои нуктаҳои фармони Президенти мо аз 28 январи соли 2022 “Дар бораи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026” ва ба амал баровардани ғоя ва нишондодҳои он дар Барномаи давлатии “Соли гиромидошти инсон ва маҳаллаи фаъол”, ки бо фармони дар боло зикршуда тасдиқ ёфтааст, доир ба масъалаҳои боз ҳам мустаҳкамсозии дӯстию ҳамҷиҳатии халқу миллатҳое, ки дар сарзамини мо ҳаёт ба сар мебаранд, ба зиммаи кумита таҳти ҳамкорӣ бо як қатор вазорат ва идораҳо иҷрои бандҳои 269, 270, 271, 272, 273, 315, 316 ва 319-уми “Харитаи роҳ” гузошта шудааст.
Бо мақсади таъмини иҷрои бандҳое, ки дар Барномаи давлатӣ муайян шудаанд, таҳти сарпарастии кумита иборат аз вакилони вазорату идораҳои гуногун Гурӯҳи корӣ таъсис ёфт.
Ҷонишини раиси Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ Азамат Тошев оиди корҳое, ки баҳри таъмини вазифаҳои дар барнома муайяншуда ба иҷро расидаанд, маълумот дод. Хусусан, шароитҳои мусоиде, ки дар мамлакатамон оиди муносибатҳои байнимиллӣ офарида шудаанд, алоҳида таъкид гашт.
Мушовири раиси кумита Зафар Аҳмедов доир ба корҳое, ки вобаста ба муносибатҳо бо ҳамватанонамон дар хориҷ пеш бурда мешаванд, гуфта гузашт. Котиби матбуоти кумита Ғайрат Шукуров доир ба нашрҳое, ки бо забонҳои русӣ, англисӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғайраҳо, ки дар ҷумҳуриамон чоп мешаванд, сухан ба миён овард. Оиди корҳо вобаста ба дастгирии моддӣ ёфтани онҳо, ки аз ҷониби давлат ба иҷро мерасанд, маълумот дод.
Изҳор карда шуд ҳаракатҳо доир ба боз ҳам такмил додани сохтори дастгирии марказҳои мадании миллӣ аз ҷониби давлат самара мебахшанд. Дар ба вазифаҳои таҳияи “Харитаи роҳ” оиди ба амал баровардани консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ дар солҳои 2022-2024 ва андешидани чораҳои маҷмӯӣ оиди кор бо ҷавонони миллатҳои гуногун, боз ҳам мустаҳкамсозии робитаҳо бо ҳамватанонамон дар хориҷ гуфта шуд дар фуроварди чорабинӣ.

М. ШОДИЕВ,
 мухбири “Овози тоҷик”.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: