Деҳқонони асили вилояти Бухоро дар шароити мураккаби зироатпарварии имсола шуҷоатмандона меҳнат карда, нақшаи шартномавии ба давлат супурдани ғалларо сарбаландона иҷро карданд.
Деҳқонони асили вилояти Бухоро дар шароити мураккаби зироатпарварии имсола шуҷоатмандона меҳнат карда, нақшаи шартномавии ба давлат супурдани ғалларо сарбаландона иҷро карданд.Онҳо фасли тирамоҳи соли гузашта дар 60600 гектар майдон ғалла корида буданд. Дар мавсими дарав 408,6 ҳазор тонна гандум истеҳсол гардид, ки ин нисбат ба ҳосили соли гузашта 19,6 ҳазор тонна зиёд аст. Ғаллапарварон имсол гандумҳои навъҳои «Старшина», «Первитса», «Гром», «Рапсодия» ва ғайра корида ҳосили фаровон фароҳам оварданд. Бояд таъкид намуд, ки 22827 гектар майдонҳои ғалла дар қитъаҳои аз пахта холигашта арзи вуҷуд кардааст. Дар комёбии ғаллакорони вилоят саҳми 2860 хоҷагии фермерии ба истеҳсоли ғалла ихтисосонидашуда муносиб гардид. Мувофиқи шартнома ба давлат 179683 тонна ғалла супорида шуд. 122 ҳазор тоннаи ҳосили супоридашударо тухмии хушсифат ташкил мекунад. Дар ҷараёни ҳосилғундорӣ 191-то комбайн аз қабили «Саse», «Class», «Class Dominator», «Nyu Holland», «Viktor», 955 техникаи ҳосилкашонӣ, 73 мошини таъминоти сӯзишворӣ, кормандони гвардияи миллӣ ва бехатарии сӯхтор фаъолият нишон доданд. Ҳоло дар вилоят дар 12 ҳазор гектар майдон 9 кластери ғаллакорӣ ташкил ёфта, ба онҳо бевосита 3,8 ҳазор гектар майдон дода шудааст. 8,1 ҳазор гектар ғаллазор ба 508 хоҷагии фермерӣ вобаста гардидааст. Дар комёбии вилоят ноҳияҳои Қаровулбозор, Вобканд, Рометан, Пешкӯ, Шофиркон ва дигарон саҳми арзанда гузоштанд. Бинобар ҳисобу китоби мутахассисон, ба ҳисоби миёна барои рӯёндани ҳосили гандуми имсола ба ҳар як гектар майдон 7 миллионсӯмӣ харҷ гардида бошад, фоидаи дастрасшаванда аз ҳар як гектар майдон ба 10 миллион сӯмӣ рост меояд. Ҳамин тариқ, даромади умумӣ аз ғалла дар вилоят ба 540 миллион сӯм , фоидаи соф бошад, ба 190 миллиард сӯм мерасад. Ҳоло дар 49 ҳазор гектар майдони аз ғалла холишуда кишти такрорӣ ба амал меояд.
Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.